ХАБАРИ ДОҒ

 

Ҳушдори СММ перомуни ҳуқуқпоймолшавии 13.000 ҷӯгӣ дар ҶТ бори дигар ба мо исбот кард, ки бояд дар паспорти ин миллат мӯҳри Ҷӯгӣ ё Лӯлӣ гузошта шавад…

Ҳафтаи гузашта, Созмони Милали Муттаҳид аз он изҳори таассуф кард, ки Тоҷикистон қабули барномаи махсус барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷӯгӣ ва ё лӯлиёнро зарур намешуморад ва аз ҳукумат хост, ин мавқеашро бознигарӣ кунад.
Нуриддин Амир-раиси Кумитаи маҳви табъизи нажодии СММ бо ирсоли номае ба унвони Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар идораҳои ин созмон дар Женева навишт: “Боиси таассуф аст, ки давлат қабули барномаи мушаххас ва ё стратегия барои мубориза бо табъизи мустақим ва ғайримустақим ва бадномкунии ҷӯгиҳоро зарур намешуморад.”
Лӯлӣ, ҷӯгӣ, аммо на тоҷик!
Бинед, СММ ҷӯгиро миллат ва ё қавм мешуморад, вале мо бошем то ҳанӯз ба ин бечораҳо статуси лӯлӣ надодаем. Ин дар ҳолест, ки сиганҳои Руминия ва Молдова аллакай соҳиби штампи «миллаташ сиган» шудаанд! Хонандагони СССР борҳо бонги изтироб зада буданд, ки дар паспорти чӯгиҳо бояд штампи миллати Тоҷик набошад. Зеро таври маълум, ин қавм бо талбандагӣ, яъне пешаи бобоӣ банданду ҳаргиз кору борро бар дӯш намегиранд. Мо зидди бо касби бобоӣ банд шудани ин қавм нестем. Мо низ мехоҳем, танҳо барои ҷудо кардани лӯлӣ аз Тоҷик ва зимнан, ана баъдаҳу, ҳуқуқи ишонро дифоъ кардан, ба онҳо паспорти ҷӯгӣ ё лӯлӣ диҳем. Зеро то ин қавм паспорти алоҳида надошта бошад, мо наметавонем ҳуқуқи онҳоро ҳифз кунем. Ва агар ин корро карда наметавонем, пас Кумитаи маҳви табъизи нажодии СММ моро ба табъизи нажодии ин қавм муттаҳам хоҳад кард…
Фотима-пешвои лӯлӣ
Ин дар ҳолест, ки воқеан ҳам худи ҷӯгӣ ҳаргиз худро тоҷик намегирад. Чанд сол пеш бо Хоҷа Назрӣ-журналисти фарҳехтаи ТВ Восеъ, аз деҳаи лӯлинишини ин ноҳия гузорише таҳия мекардем. Фотима ном зани солдидае, ки умраш он замон аз 90 гузашта буд (Худо ҳифзаш карда бошад!) он замон ба мо-хабарнигорон гуфт:
-Мо ҷӯгием! Тоҷиконро Худо чун ризқрасони мо офаридааст, ки меравем, металбем ва бурдаи нон меёбем!
Полвон-пешвои ин қабила низ ҳамин нуктаро таъкид дошт, ки қавми онҳо лӯлиянд ва ҳаргиз худро Тоҷик намешуморанд, ҳарчанд дину мазҳаби моро қабул кардаву бо ҳамин забон гап мезананд…
Мактаб ва ҷӯгӣ
Ҷаноби Нуриддин Амир дар мавриди табъизи қавми ҷӯгӣ Давлати нави Тоҷиконро ба он муттаҳам мекунад, ки барои лӯлӣ мактаб намесозанд. Ҳммммм, чӣ гӯям? Шахсан ман Нуриддин-амакро ба деҳоти лӯлинишини Тоҷикистон даъват мекунам, ки чашмашро калонтарак кушодаву сипас ҳарф занад. Зеро қавми ҷӯгӣ ҳаргиз на-ме-хо-наддд!!! Дар н.Восеъ, дар аввалҳои с.2000 мактаб сохтанд барои ҷӯгиҳо, муаллим карданду дафтару қаламу доскаву парта низ. Ва чӣ фикр мекунед? Ҳамагӣ чанд ҳафта ба баъд, худи ҷӯгиҳо ин мактабро вайрон карданд, зеро дар фарҳанги ин қавм саводомӯзӣ ба ҷиноят баробар аст! Инро бояд Нуриддин Амир донад! Ҳамон бибии Фотима, ки аввали ифтитоҳи мактаб мо-журналистон низ ширкат доштем, дар сӯҳбат бо ман гуфта буд:
-Хайр хондан гиранд, ақлашон, ки даромад ба гадоӣ мебароянд!!!
Ин маҳди фарҳанги ин қавм аст, ки бояд дар паспорт исмаш шарафмандона Лӯлӣ ё Ҷӯгӣ навишта шавад, на Тоҷик!!!
Ва аммо лӯлӣ аз куҷо омадааст?
Бархе аз уламои этнограф ва мардумшинос бар ақидаанд, ки ҷӯгӣ ё худ лӯлиҳо аз Кашмири Ҳинд ба Бухоро ва сипас хиттаи Бухорои Шарқӣ, Тоҷикистони имрӯза омадаанд. Онҳо мегӯянд, қавми лӯлӣ ҳазорсолаҳо бо усули кӯчманчӣ ба сар мебаранд ва аз шаҳр ба шаҳру кишвар ба кишвар дар талаби ризқ мегардидаанд. Беҳтарин бозгӯи шарҳи ҳоли ин қавм ишқи Шоҳи Кашмир Зафархон ва лӯлидухтарест, ки ахиран бо шоири шаҳиру зирак-Фонии Кашмирӣ фирор мекунад. Таърих ёд дорад, ки Зафархон аз ин фирори маҳбубаи ҷӯгияш ранҷидаву амри қатли 2 дилдодаи гурезаро медиҳад. Фонӣ бо лӯлидухтари хоси Шоҳ ба Аллоҳобод фирор карда, аз он ҷо ғазале бо ин мақтаъ мефиристад:
Гӯ, Зафархон об шав, имшаб, ки Фонӣ ин ғазал,
Дар Алаҳобод пеши қадрдоне гуфтааст!!!
Ҳатто Сталин ҷӯгиро кор фармуда натавонист!
Ва аммо дар бораи хондану кору фаолияти ҷӯгӣ ин нуктаро бояд таъкид кард, ки ҳатто Сталини тавонманд натавонист ин қавмро ба кор андозад. Худобиомурз, модари раҳматиям, Ҷавҳарбӣ Раҷабова, қисса карда буд, ки дар он овон қавми ҷӯгиро ба даштҳои Данғара овардаву маҷбур кардаанд, ки гандум коранд. Онҳо-ҷӯгиҳои зирак, шаб гандумро бирён карда, субҳ ба саҳро баромада, 1 каф ба замин ва 2 каф ба даҳан мезадаанд. Табиист, ки гандуми пухта самар намеорад ва ибораи бехтаи “дасти ҷӯгӣ ҳосил надорад!” ҳатто болшевиконро мутмаин месозад ва онҳо лӯлиҳоро аз кор меронанду аз ҳамон замон то ин дам корашон дарбадариву талбандагист... Мехостам, фикри хонандаро низ дар ин самт шунавам. СССР чоп мекунад. Мо Метавонем.

М.Мубориз
хос барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter