ХАБАРИ ДОҒ

Ҳадафи Гуруҳи 24 инқилоб аст!!!

  • Чоршанбе, Янв 30 2019

 

Сипос ба Сарраёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ҶТ, ки мо-Тоҷиконро оҳиста-оҳиста ба Ватан бармегардонад…

Мани 32-сола аслан зодаи шаҳраки Ёвонам ва ҳоло дар ш.Душанбе истиқомат дорам. Хатмкунандаи Донишгоҳи Русия оид ба фанноварӣ (техника ва технология) ҳастам. Дар бораи Гуруҳи 24 ва аҳдофи он гуфтаниям:
-Ин гурӯҳ аз рӯзи таъсисёбиаш то имрӯз 1 нақша дорад: Барҳам задани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ва албатта бо роҳи инқилобу табаддулот! Дар оғоз, солҳои 2012 фаъолияти гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет-Фейсбуку Однаклассники озод буд. Фақат дар ОК 127.000 обуна (аъзо, пайрав), ки баробари 3 армияи Тоҷикистон буд, беш аз 50.000 аъзо дар ФБ ва зиёда аз 80.000 дар шабакаи Зелло (радиои ин гурӯҳ) сомеъ доштанд. Мардум инҳоро шунидаву хонда, бо роҳбарият суолу ҷавоб мекарданд. Хуллас, то замоне ки рӯзи инқилоб-табаддулотро дар Тоҷикистон эълон накарданд, яъне 14.10.2014…ман низ ба онҳо бовар доштам. Баъди он рӯз ҳар нафаре узви ин гурӯҳ буд, мавриди пайгард қарор гирифт, аз ҷумла, камина!

Чаро ман ба Гурӯҳи 24 пайвастам?
Ман аввали с.2014 ба ин гуруҳ пайвастам. Он замон дар ш.Маскав дар 1 ширкат программист будам. Вазифаи ман дар Гурӯҳи 24 сотсиолог ва барномасоз буд ва аз тариқи Зеллову ФБ ва ОК Гуруҳро таблиғ карда, кор мебурдем. Ҳадафи аслии роҳбарияти гуруҳ-Умаралӣ Қувват низ ҳамин буд ва ошкор бо ҳама шабакаҳо қасдашро баён мекард. Мегуфт, ки «мо вақте инқилоби куллӣ мекунем, президенти нави худро интихоб мекунем ва вақте давлату Ҳукуматро гирифтем, сарқонуни худро аз нав месозем»…Воқеан, яке аз хатоҳои асосии ҷавононе, ки шомили ин ва дигар гурӯҳҳо мешаванд, беилмиву бемаърифатист. Соҳибилму оқил ҳаргиз гумроҳ намешавад! Ин буд, ки зумрае аз 1 миллион муҳоҷири беилму бесаводи мо дар Русия ба ин роҳ мерафтанд ва дигар ояндаи он роҳро фикр намекунанд. Хуллас, ман 4-5 сол дар он гуруҳ 1 чеҳраи хело бонуфуз будам ва дигар дар фикри бозгашт ба Ватан шудам. Дар ғарибӣ-дур аз падару модар хело азобу машаққат кашидам. Дар ин муддат баъзе аз ҷавонмардон аз ҳамсарашон ҷудо, яъне хонавайрон шуданд. Дар ҷанозаи волидони худ натавонистанд, ки ширкат кунанд. Хуллас, баъдҳо фаҳмидам, ки оқибати роҳи ман чист ва барои тақдири ояндаи ин миллату давлат чи кореро карданием. Дарк кардам, ки агар инқилоб кунем, мисли солҳои 1992 боз хуни ҳазорон нафари дигар мерезад ва даҳсолаҳо кишвари мо аз ҳама ҷиҳат қафо мезанад. Зеро худи Пешвои Миллат, президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қариб дар ҳар баромадаш таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ қариб 100-200 сол қафо монд. Хуллас, мисли ман садҳо нафар дар хориҷа аз роҳи рафтаю иштибоҳҳои худ сахт пушаймонанд ва дигар намедонанд, чӣ тавр ба Ватан баргарданд. Онҳо низ тариқи ёру рафиқону наздикон роҳи бозгаштро меҷӯянд.

Мо оппозитсия будему ҲНИТ парлумонӣ
Вақте мо солҳои 2012 дар хориҷа будему зидди сохти конститутсионӣ гап мезадему шоир мепартофтем, ҲНИТ озод дар дохили ҳукумат кор мекард ва зидди мо шиор дармедоду ҳадафи моро ҳамчун ифротӣ рад мекард. Аммо имрӯз бинед, ки худи ҲНИТ (баъди табаддулоти зиддидавлатии моҳи сентябри с.2015 бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим) дар чӣ ҳолу аҳвол асту чӣ мехоҳад ва имрӯз маълум аст, ки худи онҳо ифротӣ будаанд. Дар бораи ин, ки Гурӯҳи 24 аз хориҷа сарпараст-спонсор дорад ё не, намедонам. Аммо ҳар нафаре, ки узви ин гурӯҳ буд, аъзоҳаққӣ месупурд. Инаш аниқ аст! Шахсан худам ҳар моҳ аъзопулӣ (400, 500, 1000 рубли русӣ) мусупоридам ва ин ҳама ба хотири пешрафти Тоҷикистон буд, на барои шикасти 1 давлат…
Разведчик раҳбари Гурӯҳи 24
Шарофиддин Гадоев яке аз тарафдорон ё муовини хело пурқуввати Умаралӣ Қувватов буд, ки дертар Анҷуман ё ташкилоти худро таъсис дод. Имрӯз раҳбарии Гурӯҳи 24-ро Сӯҳроби Зафар бар зимма дорад, ки яке аз афсарони собиқадору бонуфуз дар бахши разведкаи Тоҷикистон дар замони ҷанги гражданӣ будааст.
Бори охир, моҳи сентябри соли 2017 бо Муҳиддин Кабирӣ-раҳбари ҲНИТ дар 1 мизи мудаввар суҳбат кардам, ки аз роҳи рафтааш хело сахт пушаймон аст, аммо метарсад аз баргаштан. Ҳини суҳбат бо Кабирӣ гуфтам, ки «ту вақте дар парлумони Тоҷикистон соҳиби курсӣ ва ҷои кор будӣ, барои ободии кишвар чӣ кор кардӣ? Ягон мактабу завод, фабрикае сохтӣ, ки ақаллан 1000 нафар соҳиби ҷои кор шаванд? Ту, ки дар Ватанат ягон кори савобе накардӣ, пас ба мардум чӣ ваъдаи сохтусозу ободиро медиҳӣ?» Ба суолам ягон посух надод ва хап кард! Хуллас, на танҳо Кабирӣ, атрофаш, ки ҳамагӣ ҷавонанд, сахт пушаймонанд аз гумроҳӣ!!! Ва роҳи бозгашт меҷӯянд! Аммо аз бозгашти ихтиёрӣ метарсанд, хело сахт!...

Шодам, ки дар Ватанам!!!
Имрӯз баъди бозгашт ба Ватани азизам дар яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳайси барномарез кор мекунам ва роҳи илмро пеш гирифтаам. Зиёда аз 4000 толибилм дорам. Кунун ба ҳамаи онҳое, ки бо иштибоҳ бероҳа шудаанд, муроҷиат мекунам, ки ба Ватан баргарданду барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд. Бояд гуфт, ки дар гурӯҳи 24 беҳтарин ва бузургтарин химику физик, математик ва програмистҳо шомил шудаанд, ки агар пушаймон шудаву ба Ватан баргарданд, илму маорифи Тоҷикистон рушд мекунад, мешукуфад, Тоҷикистон гул мекунад! Афсӯс, ки ҳамаи онҳо бо фиреб ба он гурӯҳ пайвастаанд. Фиреби худро вақте дарк карданд, ки миссияи аслии Гурӯҳ барои мо аён шуд, ки чӣ мехоҳанд! Ва замоне ки мавриди пайгарду ҷустуҷӯ қарор гирифтем, дигар ягон корхона ва ширкат дар Русия моро ба кор нагирифт ва роҳи зиндагии мо пурра баста шуд! То ҳатто вақте бо додарам, хешу таборам телефонӣ суҳбат мекардам, аз ман ҳазар мекарданд, метарсиданд ва зуд телефони худро хомӯш менамуданд. Хуллас, ҳама дӯстону наздикон аз мо рӯ гардонида буданд!
Баъдан бо кӯмаки раҳбарияти кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ ба Ватан баргаштам. Онҳо вақте дар хориҷа будам, ба ман ваъдаву кафолат доданд, ки амнияти ту дар Ватанат таъмин аст ва ҳатто роҳпулии маро низ пардохт карданд. Ва соқу саломат маро назди падару модар, зану фарзандонам оварданд. Шукри Худо ва шукри раҳбарияти Тоҷикистони азиз, Пешвои Миллат-Эмомалӣ Раҳмонро мекунам, ки аз ғарибӣ ба Ватанам баргаштам!!! Мақомот ҳатто аз ман пурсиданд, ки чӣ касбу ҳунаре дорӣ, марҳамат, барои ободии Ватан сарф кун ва агар лозим бошад, кӯмаку мусоидат мекунем! Лиҳозо, миннатдорӣ ва сипоси вежаи худро ба садри кулли мақомоти қудратӣ ва Ҳукумати кишвар мерасонам! Ҳар 1 банда хатокор аст ва даъват мекунам аз ҳамаи онҳое, ки ба роҳи хато рафтаанд, ба Ватан баргарданд. Озодӣ, кору фаъолият ва зиндагии шумо дар кафолат аст. Касе ба шумо кор надорад!
Имрӯз аз он сахт пушаймонам, ки агар дар ин 4-5 сол дар самти ободӣ ва рушди маорифи Ватани худ заҳмат мекардам, чи қадар пешравӣ мешуд! Зеро фундаменти рушди Туркия аз муҳоҷирони дирӯзест, ки дар Аврупо соҳиби илму амалу касб шуда, ба Ватан баргашта, корхонаҳо, заводҳо ташкил карданд. Имрӯз, дили ман сахт ба мактабу маорифи кишвар месӯзад. Мехоҳам дар  пешрафти ин соҳа, ки сутуни миллату давлат аст, саҳми худро гузорам! Мо Метавонем!!!

Файзуллоҷон Сафаров,
собиқ узви Гуруҳи 24, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter