ХАБАРИ ДОҒ

Нақлиёт: Чаро ба ҷойи салла ҳамеша калла мебарем?

  • Чоршанбе, Фев 06 2019

 

 

Сар аз 16.01.2019 ҳаракати хатсайри №33, ки бозори «Корвон»-ро бо кӯч.Фучик мепайваст, тавассути кӯч.Н.Қаробоев ба пуррагӣ манъ карда шуд. Ин иқдоми шаҳрдорӣ чанд рӯз пеш тавассути сомонаи расмии Ҳукумати ш.Душанбе ва хабаргузориҳо эълон гашта, мусофирон пештар аз ин амал огоҳ карда шуданд. Қаблан низ дар бархе аз хатсайрҳо, амсоли №11 тағйирот ба амал оварда шуда, теъдоди микроавтобусҳо кам ва шумораи автобусҳо дар ин масир афзун шуд. Нақлиёти асосии ҳар шаҳри дунё ин автобусу троллейбус аст ва дар шаҳри мо низ бояд ҳамин тавр бошад-мо тарафдори ин иқдомем ва хоҳем буд. Аммо 1 паҳлӯи дигари ин иқдом низ ҳаст, ки мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро нигарон кардааст: Ин ҳам ба пуррагӣ аз байн бардоштани 1 хатсайр аз яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт аст.

Чаро бо навбат кам накунем?

Зангҳои бешумори хонандагони газета дар мавриди ин тағйирот дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт далели онанд, ки мусофирон аз якбора ба пуррагӣ бардошта шудани 1 хатсайри серодам аз яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр хеле нигарон буда, мегӯянд, масъулони соҳаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳрдорӣ бояд ин корро батадриҷ анҷом медоданд. Масалан, лозим набуд тамоми микроавтобусҳоро, ки шояд шумораашон дар ин хатсайр аз 100 адад зиёд аст, дар 1 вақту 1 соат аз байн бардошт. Мумкин буд дар рӯзи 1-ум 20 адад кам кард, пас аз 2 рӯз боз 20 адад ва ҳамин тариқ дар муддати 1 ҳафта бо навбат онҳоро ба пуррагӣ аз масир бардошт. Субҳи рӯзи 16.01.2019 дар истгоҳи назди бозори «Саховат» ба автобусу троллейбус нишастан амри маҳол буду ягон терминали наздик дар худ корти нақлиётӣ надошт-мардум аз ночорӣ ва бо тарси дер кардан ба кору донишгоҳ маҷбур ба таксиҳои шахсии 5 сомонӣ мешиштанд.

Нон ба «нелегал»-ҳо додем?

Аз рӯзе, ки микроавтобусҳои хатсайри №33-ро аз ин кӯча бардоштанд, ба ҷояшон шумораи таксиҳои шахсии 5 сомонӣ ва микроавтобусҳои «Старекс»-у «Мерседес»-и рақамҳои сафед дошта ба маротиб афзуд. Микроавтобусҳои «нелегал» тибқи қонунгузории ҷории кишвар барои мусофиркашонӣ бояд рақамҳои зарди силсилаи ТТ ва иҷозатнома дошта бошанд, вале инҳо надоранд(!), дар масири худсарона интихобкардаи худ амсоли «Саховат»-«Қараболо», «Саховат»-«Сирк» аз субҳ то шом равуо доранду мардумро мекашонанд. Ман намедонам ин идеяи кӣ буд, вале масъулони мо, ки ҳамеша одат кардаанд ба ҷои салла калла бубаранд, бо ин кору амал барои ронандагоне, ки ғайриқонунӣ ба мусофиркашӣ машғуланд, «нон» доданду мардум дар кӯча монд! БДА куҷост? Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт куҷост? Офарин, ба чунин ғамхорони мардум!

Корт нест, ки нест!

Дар шумораи гузаштаи газета мо дар бораи мушкилоти корти нақлиётӣ «City Card» ва проблемаҳое, ки мардум, хосса меҳмонон зимни сафар бо он дучор мешаванд, навишта будем. То ҳол касе аз ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ки масъули ин корт ва роҳандозии системаи мазкур дар ш.Душанбе аст, бо редаксия дар алоқа нашуда, дар бораи ба истифода баровардани кортҳои якдафъаина барои нақлиёт, кортҳои имтиёзнок, фаъолияти терминалҳо ва маблағи зуд масрафшавандаи он ҷавоб надодааст. Дар ҳамин ҳол Зафар Бурҳонзода, директори ин ширкат дар гурӯҳи «Мо Тоҷикистониён»-и Фейсбук рақамҳои телефони мобилии худро гузошта, эълон кардааст, ки барои посух додан ба суолҳои мусофирон ва сокинон омода аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ имконияти хуб аст, вале ӯ бояд донад, ки на ҳамаи сокинон, хосса мардуми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки гоҳ-гоҳе ба пойтахт меҳмонӣ меоянд, аз Интернет хабар доранду ба он дастрасӣ. Ба ҳар ҳол, умедворем, ки тибқи Фармони №622 эшон ба хонандагони газетаи СССР ҷавоб хоҳад гуфт. Мо метавонем!

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Дар ҳамин маврид: 

«Ту маъюб нестӣ! Кортро бидеҳ!»

Субҳи рӯзи 17.01.2019 писари 1 корманди редаксияро, ки маъюб буда, солҳои тӯлонӣ дар рӯйхати идораҳои назоратӣ номаш сабт шудаву шаҳодатномаи тасдиқкунандаи маъюбӣ ва корти имтиёзноки нақлиётӣ дорад, чанд нафар аз кормандони шӯъбаи нақлиёти шаҳрдорӣ аз троллейбуси №10 дар истгоҳи назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо зӯрӣ аз дохили троллейбус мефароранд. Онҳо бовар намекунанд, ки ин ҷавони 25-сола маъюби гурӯҳи 2 буда, шаҳрдорӣ барояш корти ройгони нақлиётӣ додааст. Мушкил боз дар он буд, ки ҳамон рӯз ҷавон шаҳодатномаи тасдиқкунандаи шахсият ва маъюбияташро дар даст надошт . Пас аз шикояти оҷилии мо ба МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ки назорати фаъолияти тамоми хатсайрҳои ҷамъиятии пойтахтро бар ӯҳда дорад, масъулини ККВД «Троллейбус» бо ронандаи троллейбуси №10 ба редаксия ҳозир шуда, ҳолати рухдодаро шарҳ доданд. Аён шуд, ки ҷавони маъюбро намояндагони ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ки дар дохили троллейбус доштану надоштани корти нақлиётиро дар байни мусофирон месанҷидаанд, «Ту ҷавонӣ, ту чӣ хел маъюб аз нақлиёт мефароранд… Ин аст воқеият ва муносибати кормандони ширкати «Авесто Гурӯҳ» ба мусофиронашон, ҳол он, ки дар рӯи корт ному насаби ҷавон навишта шуду буду рақами корт баръало намоён. Агар бо 1 ҷавони маъюб чунин рафтор кунанд, пас мардум, дурусттараш қишри дигари камбизоати ҷомеаро минбаъд чӣ интизор аст!?

М.Аминова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter