ХАБАРИ ДОҒ

Ғасби ҳукумат-ҳадафи Гуруҳи 24!

  • Чоршанбе, Фев 13 2019

 

 

Чанд шумора қабл Файзуллоҷон Сафаров-яке аз собиқ аъзои Гурӯҳи 24 ба редаксияи мо омадаву дар бораи нақшаҳои ниҳонии ин гурӯҳ сӯҳбат кард. Имрӯз яке аз дигар фаолони Гурӯҳи 24 дари моро кӯфт ва дар бораи аҳдофи аслии гурӯҳ сухан кард. Хотиррас мешавем, ки ин 2 тан бо даъвати Раёсати Кофтукови Ҷиноятии ВКД ҶТ, маъруфтар бар УУР (РКҶ) ба ватан баргаштаанд ва озоду роҳат дар Тоҷикистон кору фаолият доранд ва касе онҳоро фишору тазйиқ намедиҳад. Мо Метавонем!

2 бор, солҳои 2012-2013 дар назди Ташкилоти «Отпор»-(“Otpor”)и давлати Сербияи Аврупо ва бори дигар дар яке аз кишварҳои ҳамсоя курсии якмоҳаи «госпереворот» гузаштем...

Ман зодаи н.Конибодом ҳастам. Гимназияи №1-и ноҳияро ҳам он ҷо хондаам. Дар синфи 6 буданам ба Литсейи туркии ш.Хуҷанд ҳуҷҷат супурдаму бо сабаби бепулӣ ҳамагӣ 3 моҳ таҳсил карда, боз ба мактаби миёнаам баргаштам. Бояд гуфт, ки ҳадафи литсейҳои туркӣ он замон барои мо-ҷавонон аён набуд, лек баъдтар фаҳмидем, ки онҳо чӣ ғаразҳое доштаанд.
Аз с.2006 дар Федератсияи Русия будам, бо мақсади таҳсил. Ва с.2012 факултаи равобити байналмилалии Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Русияро бо ихтисоси “ҳуқуқи байналхалқӣ” хатм кардам. Аз с.2006 узви якчанд ҷунбишу ҳаракатҳои ғайриқонунии зиддиҳукуматии Тоҷикистон будам, ба мисли “БАС!!!”, “Тоҷикистон бародари адолатсоз”, “Ватандор”... Аз моҳи сентябри с.2012 ба “Гуруҳи 24” шомил шудам! Бо худи Умаралӣ Қувватов-роҳбари гуруҳ шиносоӣ доштам. Он замон дар бораи Тоҷикистони азиз тафаккури комилу дурусти сиёсӣ надоштам. Ҳамин нодониям буд, ки ба ин гуруҳ пайвастам. Баъдан дарк кардам, ки ҳадафи аслии Гуруҳ аз рузи таъсис ғасби Ҳукумати Тоҷикистон тариқи инқилоб буд... Дар Гуруҳи 24 ба ҳайси кибернетик фаъолият мекардам.

Мубаллиғи 24
То с.2014 тариқи радиои интернетии “Zello” ва дар фейсбук баромад карда, хостаҳои худу Гуруҳро бо номҳои мустаори «Меҳрубони Меҳрубон» мегуфтам. Баъд аз с.2014 ошкор бо ному насаби аслии худ зидди ҳукумати қонунии Тоҷикистон ҳарф мезадам, ки имрӯз фикр мекунам, ин ҳама баромадҳои мо берун аз ҳаққу ҳуқуқи байналмилалӣ буду он замон дарк намекардем!!!
3.12.2014 дар СИЗОи №4-и ФР ахир аз ҷониби мақомот, бо моддаи 307 «ташкил ва ширкат кардан дар ҳаракатҳои экстремистӣ» ва «ташкили табаддулот дар Тоҷикистон» боздошт шудам. 1 соли расо дар СИЗОи ш.Маскав маҳкам будам, барои истирдод кардан ба Тоҷикистон. Дар «лагери депортатсионӣ» 6 моҳ истодам. Он ҷо паноҳандагӣ хостам ва маймоҳи с.2016 озод шудам. Ҳамон сол Суҳроби Зафар-яке аз роҳбарони бонуфузи Гуруҳ маро муовини худ эълон намуд ва то с.2018 ҳаракатҳои ғайриқонунии худро идома додам. Бояд гуфт, ки Суҳроб ҷияни собиқ генерали маҳбусӣ Ғаффор Мирзоев (Седой) асту аз шаҳри Кӯлоб! Ва тибқи шунидаам, дар ГРУи Русия низ кор кардааст…
Бояд гӯям, ки бо Муҳиддин Кабирӣ-раҳбари ҲНИТ зиёд вохӯрдаему сари 1 пиёла чой суҳбат намудаем. Ӯ бисёр даъво дорад, ки «мо кардем, ман кардам! Ин ҳукумати ғайриқонунӣ асту бидуни интихобот сари қудрат омадааст...». Ва бо чунин ҳарфҳо худтаърифкуниро дӯст медошт! Яъне ба назари онҳо тамоми ободии Тоҷикистон аз дасти онҳо будааст, ки комилан хатост. Ман он ҷо ҳам ҳарфи худро мезадам ва мегуфтам, ки «биё, мешуморем, ки дар Тоҷикистон чӣ кардӣ?» Хап мекард ва чизе намегуфт! Ҳол он ки аз с.1997 то с.2015, тақрибан дар ин 20 сол дар Тоҷикистон нону намаки Ватанро хӯрда, дар Парлумон курсиҳоро банд карда, чизе насохтанд, ғайр аз «кудато»-и сентябрии с.2015 бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода. Яъне ин худ маълум буд, ки мехостанд Ҳокимиятро зӯран ғасб кунанд.

Курсҳои омӯзишӣ ё лагерҳои террористӣ???
Дар бораи «такмили кор» ё курси омӯзишӣ гуфтаниям. Дар солҳои 2012-2013, яъне 2 бор шахсан ман, барои омодагӣ ба «госпереворот» дар Ташкилоти «Отпор» («Otpor»)-и давлати Сербияи Аврупо курси 1-моҳа гузаштам. Дар ин «мактаб» ба мо ғасби Ҳокимиятро тариқи зӯрӣ меомӯзониданд. Ёдатон бошад, ҳукумати Слободан Милошевич (собиқ президенти Сербия)-ро дар солҳои 1997-98 ғасб карда буданд, ки ин маҳз дасти кадрҳои ҳамин Ҳаракате буд, ки болотар гуфтам. «Отпор» бошад аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад. Роҳкиро, хӯрду хӯрок ва ҷои хоб дар гостинитса (дар шароити люкс) аз ҳисоби «Отпор» аст. Хуллас, дар «Отпор» аз ҳамаи давлатҳо «донишҷӯён» барои омӯзиш меомаданд. Баъдан, дар яке аз давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ чанд муддат омӯзиш ё тамрини низомӣ гирифтем…

Дидор бо роҳбарияти Эрон
Хуб, дар солҳои 2013 дар Теҳрон-пойтахти Эрон низ будам ва бо роҳбарони инқилобии Эрон вохӯрдаам. Ҳадафи сафар ба Эрон, ин донистани андешаи Ҳукумати Эрони ҳамзабон нисбати Тоҷикистон буд. Он ҷо нишастҳои махфӣ доштем, бо намояндагони Ҳаракати инқилобии Эрон. Ман дар ҳамон ҷо дақиқ дарк кардам, ки ҳадафи аслии Эрон дар Тоҷикистон барпо кардани инқилоб асту мусоидат намудан ба сари қудрат омадани мухолифони Тоҷикистон-гуруҳҳои мутаассиби динӣ! Яъне Эрон «заинтересованный» аст, ки дар Тоҷикистон табаддулот шавад!... Ростӣ, то ҳол аз рафтаву аз кардаҳоям сахт ва амиқан пушаймонам.
С.2018 бо яке аз ҳамраҳонам-Файзуллоҷон Сафаров дар барномаи «Взгляд»-и Гуруҳи 24 дар шабакаи ютуби интернет баромад мекардем. Ман ровии барнома будам бо ҳамроҳии вай. Баъди он ӯ ба Ватан баргашт ва дидам, воқеан онҳое, ки ихтиёран ба Ватан бармегарданду афв мешаванд, ман ҳам дар орзуи бозгашт ба Тоҷикистони азиз шудам. Ва бо ҳамин 27.06.2018, дар Рӯзи Ваҳдат аз ш.Маскав ба Ватан баргаштам. Дар Прокуратураи генералии ҶТ аризаи пушаймонӣ навишта, иқрор шудам, ки чунин гуноҳҳоро кардаам. Ин ниҳод эзоҳи моддаи 307-ро нисбати ман қабул намуд. Бо ҳамин, аз ҷониби Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистони гиромӣ бахшида шудам ва шукри худо, насиб карда бошад дар яке аз идораҳои давлатӣ ба кор медароям. Ҳазорон шукри Худо, ки обу ҳавои Тоҷикистонро нафас мекашам, назди падару модарам қарор дорам.

Муроҷиат: Баргардед, касе шуморо ҳабс намекунад!
Ман 1 чӣ гуфтаниям: Аксарияти шахсиятҳое, ки дар гуруҳҳои ғайриқонунии хориҷа ҳастанд, аслан дарк намекунанд, ки ғасби ҳукумат тариқи инқилоб тибқи ҳуқуқҳои байналмилалӣ номумкин аст, аммо он гуруҳҳо дар барномаи худ расман эълон медоранд, ки “ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистонро бояд чаппа кунем!” Ин берун аз ақлу қонун аст. Ҳоло бисёре аз аъзои Гуруҳ дар хориҷа мехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд, лек ҳазар ё тарс доранд. Аммо ман ҳамаи онҳоро 100% мутмаин мекунам, ки нисбати шумо ягон хел рафтори бад дар Тоҷикистон амалӣ намешавад ва мисли ману Файзуллоҷон озоду шукуфон мегардед, соҳиби касбу кори гуногун мешавед. Ман ба ин 100% кафолат медиҳам: баргардед!!! Он гапе, ки “дар Тоҷикистон кор нест!” мегӯянд, комилан дуруғ аст, зеро соҳибкасб ҳаргиз бекор ва дар кӯча намемонад. Ҳоло бинед, ки Файзуллоҷон Сафаров дар яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон садҳо шогирд дораду дар фикри ободии Ватан аст. Мақсад аз бозгашти ман ба Ватан низ ин буд, ки барои ободии диёр саҳм гузорам. Ростӣ, дар хориҷа вақте қарор доштем, ҳамагӣ мепиндоштем, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар дасти 1 кас аст, аммо ҳоло мебинам, ки ин андеша комилан ғалат буда, Ҳукумат дар дасти халқ аст! Афсӯс, дар хориҷа афроде низ ҳаст, ки одамони пушаймоншударо аз роҳ зада, метарсонанд, ки “нараваед, шуморо дар Тоҷикистон маҳкам мекунанд!”
Ҳоло бо яке аз узви садорати Гуруҳи 24 дар тамосу суҳбат ҳастем ва ӯро итминон додан дорем, ки ба Ватан баргардад. Худи ӯ ҳам сахт моил ба бозгашт аст!
Дар охир миннатдории худро ба Пешвои Миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан мерасонам, ки мо-ҷавонони раҳгумзадаро фаҳмида, имконият доду бахшид, ки ба Ватан, назди зану фарзанду волидайни хеш баргардему нафаси осуда бикашем ва нақши худро дар қатори ҳама барои сарсабзиву ободии Тоҷикистон бигузорем! Мо Метавонем!

Меҳрубон Ҳасанович Сатторови 28-сола,
собиқ узви Гуруҳи 24, ш.Душанбе, тел: 907 06 08 28

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter