ХАБАРИ ДОҒ

«Роҳат»-у «Лола»-кал додари кӯр?

  • Чоршанбе, Март 06 2019

Чанде пеш ман дар газетаи СССР дар бораи зарфҳои шикаставу ифлоси тарабхонаи «Роҳат» (рӯбарӯи Иттиҳодияи «Нассоҷии тоҷик») навишта будам. Бо гузашти беш аз 1 моҳ вокунише аз тарафи маъмурияти ин тарабхона ба идора нашуд ва манзури мо низ аз навиштани камбудиҳо-ин ислоҳ шуданашон буд. Шояд он камбудиҳо ислоҳ шуда бошанд ва агар ҳамин тавр аст, пас хуб аст, зеро мизоҷ бояд сари мизи тозаву озода бишинаду аз зарфҳои тоза хӯрок бихӯрад, зеро барои ин пул медиҳад!!!
Хуб, ҳафтаи гузашта бо ҷамъи ҳамкорон барои тановули хӯроки нисфирӯзӣ маҳз ба ҳамин тараф рафта, ин дафъа тарабхонаи рӯбарӯи «Роҳат»-«Лола»-ро интихоб кардем, ки он ҳам мисли мақоли хуби тоҷикии мо «Кал додари кӯр», аз «Роҳат»-и рӯбарӯяш ҳеҷ фарқе надоштааст…

Зарфҳои шикаставу лабпаридаву ношуста
18.02.2019. Соат бо вақти Душанбе 12:30 дақиқа. Шояд ба хотири он, ки дар ин кӯча паси ҳам якчанд тарабхонаву ошхона боз аст, дар «Лола» мизоҷон кам ба назар мерасиданд. Ба қавле яке аз кабинаҳоро интихоб карда нишастем, садои баланди сӯҳбати гарму ханда аз 2 тарафамон садо медод-ин кабинаҳо бо гипсокардон ҷудо карда шуда, фазои болоияш кушода буду мардум баҳузур гапи ҳамсояҳоро мешуниданд.
Хӯрокро интихоб кардему сари 1 пиёла чой дар интизори овардани он нишастем. Пешхизмат бо навбат фармоишҳои моро овард, дидам, ки ин ҷо ҳам ба мизоҷ чойро дар чойники шикаставу пиёлаҳои лабпарида ва аз ҳама бадтар хӯришу хӯрокро дар табақчаҳои хуб нашуставу доғдошта меоранд. Ҳатто арақ-шаробро дар зарфи шишагине оварданд, ки лабаш парида буду агар даст кунед, имкон дошт шишапораҳо ба ангуштатон дароянд… Кӣ медонад, Худо накарда ин шишапораҳо бо арақ ба меъдаи одам нарафта бошад? Вагарна он меъдаву рӯдаро пора карда, гурдаро аз кор мемононад…

Мизоҷ саг нест…
1 амали дигари пешхизмат, ки маро хеле асабӣ кард, ин нон овардани вай буд. Дурусттараш пораҳои аз ҳад зиёди нони булка-хлеби сиёҳу сафед ва кулчаву фатирро рӯи ҳам гузошта ба 1 лаъличаи пластмаси беҷон гузошта овард, ки зери бори гарони нон миёни лаълича қатъ мешуд. Нонро ба 1 тараф гузоштаму чашмам ба лаълича афтод-ман Амрикову Аврупо намегӯям ва дур намеравем, ҳамин ҳоло сагдӯстдорони Тоҷик ба сагони худ маҳз дар чунин лаъличаҳои бофтаи пластмасӣ хӯроки хушк, амсоли «Педигри»-ро андохта медиҳанд, дар «Лола» бошад нонро, ки азизтарин неъмат аст, рӯи он гузошта ба мардум пешниҳод мекунанд!!!
Баъдан ман чунин лаъличаҳоро дар чойхонаи дигари машҳури «Амонҷон», ки дар кӯч.А.Қаҳҳоров ҷойгир аст, дидам, ки он ҷо ҳам рӯи ин лаъличаҳои бесифат фатирҳои калони равғанинро гузошта ба меҳмонон муроот менамуданд…

Номи калону деги вайрон?
Сатҳу сифати хизматрасонӣ имрӯз дар аксарияти тарабхонаву қаҳвахонаҳои пойтахт агар гӯем бо 2 по сахт мелангад, хато намешавад. «Роҳат»-у «Лола» дар ҳақиқат аз лиҳози камбудиҳо аз ҳамдигар ҳеҷ фарқияту бартарият надоранд: зарфҳои шикаставу лабпаридаву ношуста, хӯроки гоҳе бемазза, хӯришҳои оддӣ ва нархҳои гарон. Дар чанд соли охир дар ин 2 тарабхона ман на дизайни нави диққатҷалбкунандаро дидаму на зарфҳои зеборо-касе барои мизоҷ аз таҳти дил кор намекунад ва дар талоши беҳтару хубтар ва муосиртар кардани хизматрасонӣ нест…
Ва аз ҳама охир: Душанбе барои «Лола»-ву «Роҳат» магар шаҳри бедарвоза аст? Чаро додситонӣ, милиса, хадамоти дахлдори ин ноҳия умуман ба эродҳои журналистон таваҷҷӯҳ намекунанду ин тарабхонаҳоро назорат намебаранд? Шояд ин ҷо таки коса нимкосаест? Муайян мекунем!!! Мо Метавонем!

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter