ХАБАРИ ДОҒ

 Дар арафаи 8 март-Рӯзи Модарон мо 7 зани муваффақи Тоҷикро бо ин ҷашн табрик кардем. Бархе аз ин занҳо имрӯз раисони шаҳру ноҳияанду қисмати дигаре аз баҳори гузашта то баҳори нав бо диду нигоҳи нав барои худ ва дигарон инқилобе карданд. Рррааафффттееммм, ки гуфтаанд:
Мушк он аст, ки худ бибӯяд,
На он, ки аттор гӯяд!!!!!!!

№1. Раъно Ҳошимзода-раиси ш.Бӯстон
   Раъно Ҳошимзода аз 9 февали соли 2018 дар вазифаи  раиси ш.Бӯстон кор мекунад. Ӯ 29.10.1969 дар ш.Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ хатм намудааст. Раъно Ҳошимзода номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент низ мебошад.
   Шогирдонаш мегӯянд, ки инсони хоксор, хушмуомила, мардсифат ва самимӣ аст. Дар ҳалли муаммои пешомада масъулиятона рафтор намуда, кӯшиш менамояд, ки онро фавран ҳал созад. Бовар надошт, ки раиси яке аз шаҳрҳои саноатии мамлакат интихоб мешавад. Дар вазифаҳои масъулитноки донишгоҳӣ кор кардааст. Замони муовини раиси ш.Хуҷанд буданаш чун ташкилотчии моҳир, нотиқ, самимӣ ва сарсупурдаи сиёсати Ҳукумати марказӣ ном бароварда, худро ҳамчун сиёсатмадори оянда муаррифӣ карда тавонист. Офарин!

№2. Зоирзода Маърифат- раиси н.Балҷувон
   Зоирзода Маърифат Оймаҳмад 10.03.2015 раиси н.Балҷувон таъин шуд. То инҷониб курсии мудири шӯъбаи занони МИҲД дар вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт. Маърифтбону ҳамчу яке аз занони пуркортарину хоксори вилояти Хатлон мешиносанд, ӯ дар ғаму шодии тамоми мардуми Балҷувон шарик аст.
    Раҷабова Бегимоҳ сокини деҳаи «Солмолидашт»-и ҷамоати деҳои Тоҷикистони ин ноҳия иброз медорад, ки Зоирзода Маърифтаро аз солҳои 1996 мешиносад, ки он замон мавсуф дар муассисаи таълими №1 ҳамчун муаллима фаъолият мекарду рафтору гуфтор ва хислати хоксоронааш ҳам то ба имрӯз дигар нашудааст. Бояд гуфт, ки ҳар 1 раиси ноҳия хислат ва муоширати вежа дорад, аммо Зоирзода Маърифат умуман хислати 1 зани оддии деҳотиро доросту ҳамеша самимиву хоксор боқӣ мондааст. Беҳтарин!

№3. Санавбар Самизода-раиси ш.Левакант
   Воқеан раиси ш.Левакант (собиқ Сарбанд) Санавбар Самизода яке аз занҳои фаъоли вилояти Хатлон ба шумор рафта, солҳои тӯлонӣ дар бахши идеологӣ кор кардааст. Шаҳри Сарбанд яке аз шаҳрҳои саноатии кишвар ба ҳисоб меравад ва гоҳо мардон аз ӯҳдаи раисии ин шаҳр худро канор мегиранд. Санавбар Самизода гарчанде, ки Зан-Модар ҳам бошад, аммо тавонист мақому манзалати занҳоро боло бардошта, тамоми нерӯву донишу малакаи хешро баҳри ободии ин гӯшаи диёр сарф кунад.
   Бояд қайд кард, ки Санавбар Самизода то раиси ш. Левакант фаъолият карданаш дар Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД дар вилояти Хатлон ба ҳайси роҳбари ин ниҳод кору фаъолият мекард. Ҳамсӯҳбати мо Азиза Маҳмадалиева сокини ш.Левакант гуфт, 50 сол боз сокини ин шаҳр асту аз Зан будани раиси шаҳр меболад. Зан-Модар ҳамеша дилсӯзу ғамхор асту дар роҳбарӣ маҳз ҳамин хислатҳо бештар аз ҳама ба кор меоянд. Офарин!

№4. Лидия Исамова-хабарнигори АБИ «РИА-НОВОСТИ»
  Лидия Исамоваро имрӯз бархе аз журналистон барои худ намуна меҳисобанд, зеро ӯ тайи солҳои зиёди фаъолияташ барои рушди журналистикаи Тоҷик, хосса хабаргузориҳо, пайвандиву дӯстии 2 халқу миллат-Тоҷикистону Россия саҳми беандоза гузоштааст.  Ин аст, ки 30.08.2018 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Лидия Исамоваро бо ордени «Дӯстӣ»-«барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанг, дӯстӣ ва хамкорӣ байни халқҳо» сарфароз гардонид. Мавсуф мегӯяд, ки Галина Гриднева, журналисти дигари Тоҷик низ бо чунин орден сарфароз шудааст ва ин боиси ифтихори ӯст. Худи Лидия Исамова бошад таъкид медорад, ки беҳтарин падидаи сол барояш ин иштирок дар оғози расмии ба кор андохтани чархаи 1-уми НБО Роғун буд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Аҳсант!

№5. Шоираи Раҳимҷон-журналист, шоир, оҳангсоз
  Шоираи Раҳимҷон айни замон муваффақтарин шоира, оҳангсоз ва журналист-Зани Тоҷик аст, ки шабҳои шеъру базмҳои фарҳангиаш дар Аврупову Амрико пайваста баргузор мегарданд. Ҳамин ҳоло ҳам Шоира дар қазоқистон аст-дар пайи омода кардани чанд суруди нав. Моҳи декабри соли гузашта дар Амстердам ва чанд шаҳри дигари Аврупо шабии эҷодии Шоирабону бо чанд тан аз фарҳангиёни баргузор шуд, ки барои адибони Тоҷикистон бори нахуст дар таърих ба ҳисоб мерафт. Шоирабону дар соли пор 3 консерти хайрия баргузор намуда, садҳо ҳазор сомонии аз фурӯши билет ба даст овардаашро куллан ба атфоли мариз бахшид.  Ва аммо беҳтарин амал-эътирозаш, албатта, аз узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон довталабона истеъфо доданаш буд, ки кард! Чунин ғуруру далерӣ, ба қавле дилу гурдаро, на ҳар марди Тоҷик дорад, чӣ расад бар бонувон! Брависсимооо!

№6. Дилноза Каримова, сароянда
   Дилноза Каримов, сарояндаи шинохтаи Тоҷик пас аз 1 соли дур будан, боз ба саҳна баргашт-баргашти Дилноза хеле бошукӯҳ буд, зеро 2 барномаи калони консертӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе баргузор намуд. Мухлисон ёд доранд, ки соли гузашта Дамирбек, писари калонии Дилноза Каримова, пас аз бемории тӯлонӣ дар Деҳлӣ аз олам чашм пӯшид. Барои наҷоти Дамирбек Газетаи мардумии СССР ва Маркази продюссерии «Шоира» дар ш.Душанбе консерти калони хайрия низ баргузор карданд, вале умр вафо накарду Дамирбек бо ин олам падруд гуфт…Баргашти Дилноза Каримова, баъди фоҷеаи бузург, ба саҳнаи Тоҷик, воқеан амали ҷавонмардист! Муборак бод!

№7. Гавҳар Мирҷумаева-Тара Чандраи Тоҷик
   Бо Гавҳар Мирҷумаева, устоди рақси Тоҷик ҳафтаи гузашта мову сардабири газета устод Сайёфи Мизроб дар ш.Исфара вохӯрдем. Гавҳарбону Мирҷумаева ба сину сол нигоҳ накарда (77 сол!!!), имрӯз низ дар саҳна асту барои ансамбли рақсии «Зумрад»-и Қасри фарҳанги Исфара барномаҳои нав мегузорад, дар баробарашон мерақсаду пой мекубад-нозукиҳои рақси тоҷикиро барои гулдухтарон меомӯзонад.
    Гавҳар Мирҷумаева соли 2011 бо дастгирии МИҲД дар ш.Исфара ансамбли рақсии "Зумрад"-ро таъсис дода, аз он замон то инҷониб роҳбари он буда, тӯли 8-сол ба даҳҳо нафар асрори рақсро омӯзонидааст. Бояд гуфт, ки Гавҳарбону Мирҷумаева соли 1967 сазовори унвони Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва соли 1977 сазвори унвони Артисти халқии РСС Тоҷикистон  гаштаанд.
   Гавҳар Мирҷумаева дар синамо низ нақш офаридаасту мухлисон то ҳанӯз нақши эшонро дар силсилафилми «Ҳеҷбудагон», ки соли 1974 ба навор гирифта шуда буд, дар ёд доранд. Инчунин, рақси Гавҳарбону зери суруди «Дили модар»-и Ҷӯрабек Муродов, нобиғаи дигари санъати Тоҷик низ яке аз беҳтарин композитсияҳои рақсӣ ба шумор меравад. Дидор бо Гавҳарбону Мирҷумаева барои мо ғайричашмдошт, аммо хеле хурсандиовар буд. Зиҳӣ, Гавҳари саҳнаи Тоҷик!
   Рӯзи Модарон муборак, миллати Тоҷик! Мо Метавонем!!!

Омодасози саҳифа Ҷамила Ҳусейнова, Баҳодур Уроқов, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter