ХАБАРИ ДОҒ

Мэрилин: Омадам, то робитаҳоро густариш диҳам!

  • Чоршанбе, Март 06 2019

Мэрилин Йосефсон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурусттараш сафири ин иттиҳод дар кишвари мо, меҳмони ин шумораи идонаи Газетаи мардумии СССР гашт. Аниқтараш пешопеши Рӯзи Модарон ва Иди байналмилалии занон ман ба меҳмонии хонум Мэрилин рафта, сари 1 пиёла чой бо эшон сӯҳбати хос ва бидуни сиёсат анҷом додем. Бояд гуфт, ки ин мусоҳибаи нахустини хонум сафир дар матбуоти даврии Тоҷикистон буда, интихоби редаксия низ хато нашуд: хонум Мэрилинро дар ҳақиқат 1 бонуи озодандешу оқил ва зебову боиффат дарёфтам. Мо Метавонем!

 1 фарди ҷаҳонӣ
4.03.2019. Соат бо вақти Душанбе 16:00 дақиқа.
Нахуст сӯҳбати мо бо хонум аз овони кӯдакиву хонаводаи эшон шурӯъ гашт.
-Модарам аз кишвари Кения асту падарам аз Шведсия. Онҳо бо ҳам ошно гашта, оила барпо намуданд. Аз ин пайванд соли 1977 ман ба дунё омадам. Кӯдакии ман дар Кенияву Уганда гузаштааст-падару модарам дар ин кишварҳо кор мекарданд. Баъдан оилаи мо ба Шведсия кӯч басту дар ин кишвари скандинавӣ ба воя расидам. Беҳтарин дӯстам турк асту дӯстони дигарам швед, бародарам бо бонуи ироқӣ издивоҷ кардааст. Тӯли солҳои гуногун дар Брюсселу Украина, Ҳолланд, Конго, Шведсия ва Эфиопия кор кардаам, забони португалиро ҳангоми кор дар Ангола ва Мозамбик ёд гирифтааму дар ин кишварҳо дӯстони хуби самимӣ дорам ва метавонам бигӯям, ки ман ҳам кӯдаки ҷаҳонӣ будам ва ҳоло ҳам 1 фарди ҷаҳонӣ ҳастам, - иброз дошт хонум Мэрилин дар оғози сӯҳбат.



Аввал журналист, баъд дипломат
Йосефсон соли 2000 Донишгоҳи Карлстадро аз рӯи ихтисоси ҷамъиятшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ хатм намуда, фаъолияти кори хешро дар Хадамоти муҳоҷирати давлати Шведсия сар кардааст. Чун донандаи хуби забони фаронсавӣ буд, бештар бо муҳоҷироне сарукор дошт, ки ба ҷуз забони фаронсавӣ дигар забонро намедонистанд.
-Ба шумо 1 сирро ифшо месозам-ман ба журналистика низ алоқамандам ва дар ин ҷода кор кардаам! Барои бархе аз рӯзномаҳо тадқиқотҳои сотсиологӣ омода мекардаму гоҳе худам мақолаҳо дар бораи дардҳои ҷомеа менавиштам, ин корро хеле дӯст медоштам. Вале баъдан роҳи ман бо дипломатия пайваст,- қайд менамояд хонум сафир.
Бояд гуфт, ки то омадан ба Тоҷикистон хонум Мэрилин ба ҳайси муовини сафир дар гурӯҳи «Николаидис»-и Кумитаи оид ба масоили сиёсӣ ва амнияти Намояндагии доимии Шведсия дар Иттиҳоди Аврупо кор кардааст.

Тоҷикистон-интихоби ман!
Мэрилин мегӯяд, ки кор дар Тоҷикистонро шахсан худаш интихоб ва барои ин яке аз аввалинҳо шуда дархост низ ирсол кардааст.
-Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ман кишвари бегона нест, зеро ҳангоми кор дар Брюссел низ бештар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ доштам. Тавассути барномаҳои СММ низ таҷрибаи кор бо бархе аз кишварҳои ин минтақаро доштам, хосса, дар самти захираҳои обу энергетика ба баъзе аз натиҷаҳо расидему муваффақ ҳам шудем. Вақте шунидам, ки барои кор дар Тоҷикистон озмун эълон кардаанд, зуд дархостамро фиристодам ва ҳоло тавре, ки шумо мебинед, инҷоям. Бо камоли мамнуният ба ин кишвар омадам, - таъкид медорад хонум сафир.



Сарвати Тоҷикистон мардуми ӯст!
Дар робита ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф афзуд, ки байни ин кишвар ва ин иттиҳод мушорикати дерина вуҷуд дораду мақсад ҳамеша якест-рушду равнақу тақвияти ҳамкориҳо дар оянда.
-Тоҷикистон кишвари ҷавон асту ҷанги шаҳрвандиро таҷриба карда. Аз ин лиҳоз, ба рушди соҳаҳои гуногуни ин кишвар бояд таваҷҷӯҳи хос дошт. Тоҷикон фарҳангу ҳунар ва маданияти фавқуллода доранд ва нерӯи бузург. Алалхусус, насли нави ҷавонони Тоҷик хеле боистеъдоданд ва самти афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Лиҳоза, саъю талоши хешро барои рушди ин истеъдодҳо ва иқтидори инсонӣ равона хоҳам кард, зеро сарвати ин кишвар ин мардуми бузургаш аст. Умуман, фикр мекунам, барои боз ҳам бештар густариш додани ҳамкориҳо омадаам ва барои ин бояд бикӯшам, - гуфт сафир.

Ошиқи Тоҷикистон шудаам!!!
Хонум Мэрилин меафзояд, ки бо омадан ба Тоҷикистон ошиқи ин диёри кӯҳсор гаштааст.
-Ман наздики 5 моҳ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунам ва ҳафтае нест, ки рӯзҳои истироҳат ба сайри кӯҳсор наравам-ман ошиқи ин диёри кӯҳсор шудаам. Мавзеи Сафед-дара ҳоло ҷои дӯстдоштании ман шудааст. Ҳанӯз фурсат нашуд, ки аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон дидан намоям, лек Роғуну Ҳисору Искандаркӯлро аллакай дидам ва хеле хушам омад. Душанберо дӯст доштам, дар фасли тирамоҳ омадам, зимистонро ҳам аз сар гузаронидам ва ҳоло фасли баҳор мерасад ва ин ҷо дар ин фасл табиати нотакрор дорад, - мегӯяд ӯ.

Меҳмону меҳнатдӯстиатон интиҳо надорад!
Хонум бо 1 меҳри вежа дар бораи меҳмондӯстӣ ва меҳнатдӯстии мардуми Тоҷик ҳарф зада, таъкид медорад, ки одобу рафтори Тоҷикон аз анъанаҳои миллии қадима, фарҳангу тамаддун, ҳунару истеъдоди гузаштагон сарчашма мегирад ва ин боиси эҳтиром аст.
-Ман ҳамеша мардуми Тоҷикро сари коре мебинам-ё нон мепазанд, ё ниҳол мешинонанд, ё заминро шудгор доранд. Ҳамеша дар ҷунбишанд ва ҳалолашон бод. Дар бораи меҳмондӯстиатон бошад метавон соатҳои зиёд гуфт, воқеан самимианд, - иброз медорад хонум.

Шириниҳои хушмаззаи сафир
Сафир мегӯяд, нону шӯрбои Тоҷикӣ хеле писандаш омадаанд, вале худ фурсати омода кардани хӯрокро надорад-кор хеле зиёд аст.
-Ман шириниҳо ва кулчақандҳои хеле бомазза мепазам, метавонед аз ҳамкоронам дар дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе бипурсед-онҳо ҳам чашидаанд. Аммо афсӯс, ки вақти бештар барои ошпазхона надорам ва гоҳо агар ёди ошхонаи шведиро кунам, чизе мепазам ва ин ҳам гоҳ-гоҳе, - бо ханда меафзояд ӯ.
Аз редаксия: Шунидан кай бувад монанди дидан? То хонум сафир кулчақанд пухтаву ба СССР наоранду мо начашем, бовар намекунем. Мо метавонем!

Муҳаббату эҳтиром-беҳтарин тӯҳфа барои зан!
Соат бо вақти Душанбе 17:15 дақиқа.
Дар фарҷоми сӯҳбат аз хонум Мэрилин пурсидам, ки беҳтарин тӯҳфа барояш дар Рӯзи Модарон чист? Ӯ гуфт, беҳтарин тӯҳфа на танҳо барои ӯ, балки барои тамоми занҳои дунё муҳаббат ва эҳтиром аст, ки бояд ҳамеша бошад.
Рӯзи Модарон ва Иди байналмилалии занон муборак бошад, хонум сафир Мэрилин Йосефсон!
Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
4.03.2019

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter