ХАБАРИ ДОҒ

Мақсуди журналистикаи тоҷик

  • Чоршанбе, Март 20 2019

Серҳаракат…
Ин ҷониб зиндаёд Мақсуди Ҳусайнро яке аз устодони хеш дар маслаки журналистӣ меҳисобам. Аз нахустин қадамҳо дар арсаи матбуоти кишвар матлаби нахустинам бо супориш, маслиҳат ва таҳрири ин журналисти нотакрор ба табъ расида буд…
С.1983 дар УДТ (ДМТ) таҳсил мекардам. Он айём дар ДМТ на шуъбаи журналистӣ буду на факулта. Гурӯҳи кӯчаке дар замина (база)-и факултети филологияи тоҷик амал мекарду халос. Тақсимот ба гурӯҳҳо аз курси 3 оғоз меёфт. Хушбахтона, орзуи дерин шомил шудан ба гурӯҳи журналистӣ насибам гашт. Пас аз итмоми курси 3, гурӯҳи 7-нафараи мо барои андӯхтани таҷриба ба идораи маҷаллаву рӯзномаҳо ва радиои кишвар тақсим шуд. Ман бо хоҳиши худ ва ризоияти устодон рӯзномаи бонуфузи кишвар «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»)-ро ихтиёр кардам. Пас аз дидору гуфтугӯ муовини муҳаррир Мамадвафо Мамадризоев маро ба шуъбаи ахбор ва спорт раҳнамун сохт. Мудири шуъба-журналист ва нависандаи ҳаҷвнигор Имомназар Холназар (шодравон) маро бо чеҳраи боз пазироӣ намуда, баъди ҳолпурсӣ гуфт: «Ана, ин бародар Мақсуди Ҳусайн, репортёри асили тоҷик. 1 моҳ аз чунин журналист дарси маҳорату таҷриба андӯхтан барои ту нафъи зиёде хоҳад бахшид…».
Мақсуд ҷавонмарди миёнақади ҷингиламӯи хандон, муаддабона маро ба шогирдӣ пазируфт. Он овон дар ҳуҷраи васеи дарозрӯя кормандони 2 шуъба заҳмат ба бор доштанд. Дар 2 кунҷи болоии ҳуҷра, бари дар бар 2 мудир-Мирзомаҳмуд Мирбобоев ва Имомназари Холназар, поёнтар М.Ҳусайн ва Хурсанд Ҷумъаев рӯёрӯи якдигар менишастанд. Пушти мизи поёнӣ Оқилхӯҷа Фахриев ва мизи пешорӯи эшон холӣ буд. Мақсуд ҳамон мизро ба ихтиёри ин ҷониб супурд. Орому ҳайрон нишаста, ба кори «кит»-ҳои матбуоти тоҷик аз наздик менигаристам. Мирбобоев ба ҷуз вазифаи мудирӣ боз котиби ибтидоии ҳизбии идора будааст. Ӯ қариб аз ғарами коғазҳо сар намебардошт. Гоҳ-гоҳ ғарқи хаёл ба шифт дида медӯхт. Х.Ҷумъаев низ гоҳ-гоҳ аз навиштан бозмонда, як отим нос ба даҳон партофта, боз хишир-хишири коғазро мебаровард. Имомназару Оқилхӯҷа низ оромона пайи сиёҳ кардани коғази сафед андармон буданд. Мақсудҷон нисбати дигарон серҳаракат, тез-тез даробаро мекард… Он рӯз ӯ аввал суроҳиро бардошта бадар рафт. Дар чойники барқӣ чой монд. Пас дари вазнини сейфи малларанги рангкостаи кунҷи ҳуҷра қарордоштаро кушода, аз он қуттии чойи кабуди 200-гиромиро берун баровард. Чой дам кард: Ту додар, имрӯз меҳмонӣ, -гуфта пиёларо ба ман дароз кард…

Универсал…
Лаҳзае сипарӣ шуд. Ӯ табассуми малеҳе намуда, гӯшаки телефонро ба даст гирифт. Рақам чид. Аз ҷайб рӯймолчаи хокистаррангашро бароварда, ба даҳони гӯшӣ монд. Сипас бо овози ғиррӣ чизе гуфт. Аз ҳазли худ кайфият бурда, ҳӣ-ҳӣ хандид. Фурсате пас ҳамин амал такрор ёфт. Баъди чидани рақам ӯ гӯширо ба ман дода гуфт: «Ин Ёфа, мошинисткаи идора аст, гӯй?» Чи посух гуфтанамро надониста, даступо хӯрдам, сипас намедонам чизе бо телефон гуфтам. Мақсуд аз гуфтаи ин ҷониб завқ бурда, кӯдаквор хуб хандид…
Субҳи рӯзи дигар ӯ 5-6 мактубро ба ман дода, супориш дод: «Мулло Умар, ба ин мактубҳо ҷавоб навис. Аз байн 1 номаи 30-саҳифагиро ҷудо карда, - ана аз инаш як хабар омода соз!». Мактуб аз 30 саҳифаи дарозрӯяи дафтари мактабӣ иборат буд. Дар ҳайрат афтодам. Воаҷаб, аз 30 варақ 1 хабар? Ӯ шарақ-шарақ дастгоҳи аккосиашро санҷида, ба халтачаи сиёҳи латагие печонда, даруни сандуқчаи 4-кунҷаи сиёҳи барпаҳни аккосӣ боэҳтиёт гузошт. Кифро ба даст гирифта, ғайб зад. Баъди соате арақшор баргашта, хост ташнагӣ шиканад. Аммо чойники чинии яклитраи гулдор кайҳо холӣ гашта.
-Гӯё аз дарав омада бошанд, - гуфта, сӯроҳиро бардошта берун рафт…
Мани таҷрибаомӯз ба ҳар ҳаракату амали «ҳамкорон» диққат медодам. Яке ба шифт назар афканда, сари ибора ё ҷумлаи сарае дар фикр буд. Дигарӣ тез-тез барои ҳалли масоиле ба Универмаги марказии пойтахт занг зада, пайи ҳам аз носи Калинин хумор мешикаст. Қисмате дигар ҳамоно қалам медавонданд. Мақсуд блокноташро аз ғаладони миз дарёфта, «Ман дар ҳуҷраи мошинисткаҳо», - гӯён дар тоз шуд. Баъди 10 дақиқа бозгашта, пушти миз нишаст. Аз ғаладон ҷадвали 20-сантиметраи чӯбиро берун овард. Аввал маводи мошинкашударо бодиққат хонд, пасон зери сарлавҳа 2 хат, аз бари пешгуфтор 2 хат ва аз зери саволҳо якхатӣ кашид. Ин ҳамаро устокорона анҷом дод. Ниҳоят, маводро дуқат карда, болои ғарами коғазҳои болои мизи мудир гузошта, оҳи сабук кашид. Лаҳзае осуда, пиёлаи чойи сардшударо ба як дам нӯшида, ором гирифт.
Аз озодакориҳо ҳавасам омад. Баъдтар, огаҳӣ ёфтам, ки сарфи назар аз шумораи зарурии мошинисткаҳо ӯ аксари маводҳояшро худ мошинка мекардааст. Шукрона, имрӯз ман низ баъзе ҳунарҳои ӯ, аз қабили мошинка кардан, мусоҳиба навиштан, тозакорӣ бо талаби омодашударо ба роҳ мондам. Рӯзи сеюм ё чорум буд. Вай гӯширо бардошта, бо касе маслиҳатро пазонда, сипас, ба ман рӯ овард: Мулло Умар, назди раиси Ҷамъияти спортии «Меҳнат» Алифбеков рав. Бо ӯ мусоҳиба кун. Имрӯзааш ба ту ҷавоб.

Маҳбуб…
1 рӯз пас мусоҳибаро ба ӯ супурдам. Чизе нагуфта бодвор берун баромад. Рӯзи дигар ҳини ба «кор» омадан, рӯзномаи тозае дар даст ворид шуда, хурсандона бонг бардошт: «Мулло Умар, табрик, мусоҳибаатон чоп шудааст. Аз шумо як питти…». «Мусоҳиба»-амро хонда ба қавле кайфият бурдам. Вай он матлабро худ мошинка намуда, имзои мудир ва муовини муҳаррирро гирифта, ба шумора ҷо карда будааст. Аз навиштаи банда ба ҷуз фактҳо боқӣ қариб чизе намонда! Ана ҳамин аст, маводи аввалини ёдмонам ҳини донишҷӯӣ… Ҳарчанд то он дам (1972-1983) кам-кам дар нашрияҳои «Навобод» (ҳоло «Симои Данғара»), «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва «Бофанда» менавиштам, лек чопи якумин мусоҳибаамро дар «Тоҷикистони советӣ» ба ҳич ваҷҳ фаромӯш намесозам. Он айём чопи маводе барои донишҷӯён дар чунин рӯзномаи муътабари кишвар мояи фахр буд. Инак, бо гузашти 35 сол ҳоло ҳам бар он назарам, ки гомҳои устувори ин ҷониб дар журналистика маҳз аз ҳамин мусоҳиба ибтидо мегирад. С.1986 бори дувум, қабл аз хатми ДМТ дар ҳамон шуъба таҷриба андӯхтам.
Мақсуд ҳунарманд буд. Аккосӣ мекарду маводи тайёрро бо аксҳояш ба идора меовард. Мудом аз боби табиат, варзиш, аҷоиботи олам, фарҳанг… менавишт. Матлабҳояш дар дигар рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Вокруг света» (Москва) чоп мешуд. Бар замми ин боз ҳунарҳои зиёде дошт. Борҳо шунидаам, ки мегуфт: «Бо ман шӯхӣ накунед. Ман шогирди Ҳошим Гадоям». Боре шоҳиди ҳунари актёриаш шудем. Дар тӯйи хонадоршавии ҳамкурсамон Зикруллои Сайфулло-мусаҳҳеҳи «Тоҷикистони Советӣ» ба деҳаи зебоманзари Хӯҷачилдёри Болои н.Ҳисор рафтем. Ҳамкурсон ва аҳли кормандони рӯзнома меҳмони асосии маърака буданд. Кулминатсияи тӯй ҳунарнамоии «шогирди Ҳошим Гадо» буд. Ӯ назди меҳмонон ва деҳотиён порае аз нақши «Девона»-и устодашро бозид. Чунон ҳунарнамоӣ кард, ки ҳама моту мабҳут монданд. Ӯро бемуҳобот бузургони адабиёту фарҳанги тоҷик ва раёсати кормандони ташкилоту идораҳои хориҷӣ эҳтиром мекарданд. Ӯ низ ба ҳурмати онҳо иззат мегузошт.
Ҳамчу оруи асал мавод гирд меовард, журналистони фавтида ё шаҳидгаштаро доимо дар лавҳи хотир дошт. Ба хонадони эшон аз созмонҳои гуногун ёрӣ мегирифт. Шоҳид будам, маблағи муайян дар лифофае «Мулло Умар, танҳо ҳамин қадараш монд, онро ба Кӯлоб, ба аҳли хонаводаи шодравон Давлаталӣ Раҳмоналӣ фиристодан даркор»-гуфта буд. Пас аз солҳои нобасомони 1990 Мақсуд ба аёдати шоирону адибон, ҳунарпешаҳову донишмандони хонашин мерафт, суҳбат меорост, хотирашонро болида медошт ва муҳтавои муколамаҳои хешро дар матбуот чоп мекард. Ҳини аёдат ӯ, ҳатман, бо худ 4 дона нони нонво савғо мебурд. Дастовези он овони нобасомон…

Профӣ
Нахуст, ӯ дар рӯзномаи «Садои мардум», баъдтар дар ҳафтавори «Чархи гардун» зери сарпарастии равоншод Акбари Саттор фаъолият дошт. 11.11.2000 қалби ҳассоси Мақсуди Ҳусайн аз тапидан бозмонд. Журналист, аккос, табиатшинос ва инсони соҳибном, зиндадилу шӯхтабиат, нармдилу серҳаракат беш аз 7 моҳ беморӣ кашид. Ҳангоме ки хабари бемориашро шунидам, боварам наомад. Зеро ӯ ягон бор аз саломатиаш шиква намекард. Баъдан, бовар ҳам надоштем, ки ӯ ҳам бемор мешавад. Чанд дафъа ҳамроҳи «шеф»-аш Акбар ба аёдат рафтем. Ҳамоно ба дарду фишори хун тан намедод. Ва мегуфт: «Охир, ман то ҳол барои халқу Ватанам коре накардаам, нақшаҳои зиёди ҳалнашуда дорам…». Худи ӯ то рӯзҳои вопасин бовар надошт, ки бемор аст. Пайвандон, дӯстону наздикон умед доштем, ки ӯ боз мисли пешин дар давутоз мешавад. Баҳри пайдои хабар ё пайғоме мешитобад. Боз аз аёдати пирони барнодили миллат, чеҳраҳои шинохта бо кӯлбори пур баргашта, маҳсули суҳбатҳояшро ба самъи муштариён мерасонад… Лаҳзае ӯро аз шуъбаи эҳёгарии Маркази амрози қалб (Қарияи Боло) ба хона ҷавоб доданд. То дами вопасин дар ҳалқаи ҷигарбандонаш буд. Ва Мақсудҷони доимо дар такопӯ дар сарманзили Сариосиёи пойтахт ором гирифт. Ҳамагӣ 46 сол умр дид. Дар ин миён, барои матбуоти тоҷик хидмати шоиста анҷом дод. Дар матбуоти асри ХХ номи ӯ ҳамчун журналисти варзида, репортёри нотакрор сабт хоҳад шуд. Мавсуф тӯли фаъолияти меҳнатӣ дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Садои мардум» ва «Чархи гардун» бар нафъи ҷомеа бурдборона заҳмат кашид. Узви ИЖТ, дорандаи ҷоизаҳои ба номи А.Лоҳутӣ ва Созмони байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон… буд. Имрӯз бойгонии ғании зиндаёд аз маводу аксҳои зиёди нодир соҳиби шоистае дорад. Ҷамилахон-фарзанди хомабадасташ, соҳиби ин махзани роз аст. Умед мебандем, ҷигарбандаш бойгонии падарро бар нафъи ҷомеа истифода бурда, бо ин васила, хотири падари хешро зинда медорад.

Умари Шерхон,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter