ХАБАРИ ДОҒ

Қатли Сангаку Файзалӣ аз дурбини шоҳидон

  • Чоршанбе, Март 27 2019

 

 

30.03.1993 дар шаҳри Қурғонтеппа (имрӯз Бохтар) 2 лидери бонуфузи Фронти Халқӣ «падару писар» - Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ба таври мармуз аз тири афроду силоҳи номаълум кушта шуд. Он шабу рӯз овозаи асосӣ дар фазои беиттилоотӣ ин буд, ки онҳо ҳамдигарро сари кадом баҳсе гӯё парронидаанд. Дар бораи қатли пуровозаву пур аз муаммои ин 2 абармарди Ҷабҳаи Халқӣ то кунун садҳо матлаб дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ чоп шудааст… Ҳар кас дидаву шунидаи худро сари ин асрори таърих мегӯяд. Газетаи мардумии СССР ҳафтае пеш дар суҳбати Амиралӣ Шамаев нишаст. Шамаев, ки он замон сардори муҳофизони хона-ҳавлии бобои Сангак дар шаҳри Қӯрғонтеппа буд, андешаву мушоҳидаҳои худро ба СССР муфассал гуфт. Ва нахуст аз мизбони суҳбат-Шамаев пурсидам, ки то лаҳзаи куштор «падару писар» чӣ «настроение» доштанду чӣ нақшаву ниятҳо…:

Интихоби бобои Сангак
-Ростӣ, ман аз рӯи вазифае, ки назди бобои Сангак доштам, аслан ҳамроҳаш намегаштам. Банда аз тарафи милитсия сардори «охрана»-и хонаводаи ӯ дар кӯч.Островский, хонаи №7-и ш.Қурғонтеппа будам. Агар рӯшантар бигӯям, моҳи феврали 1993 вақте Ғулом Бобоев комменданти вилоят буд, ман фаъолиятро дар синни 25-солагӣ, дар сохтори милитсияи «горотдел»-и Қурғонтеппа оғоз намудам ва сарнозири минтақавии маҳаллаи «Ломоносов» будам. Вақте бобои Сангак аз Бобоев маслиҳат ва кӯмак мепурсад, то бо 1 нафар «муҳофиз»-и зираку кордида таъминаш кунад, маро пешниҳод намудааст. Ва каминаро аввалҳои моҳи феврали с.1993 ба идораи КГБи вилоят даъват карданд. Рафтам ва дар ошёнаи 2-ум, дари Ғулом Бобоевро кушодам. Сӯи Сангак гуфт, ки «шахси тавсиядодаи ман ҳамин кас аст!» Сангак гуфт, ки «ҳамин бошад, майлаш, ман розӣ! Фиристед!» Ва баъди ҳамин ман рафтам ба хонаи бобои Сангак.

Бозгашти Сангак аз Панҷ
Бегоҳии рӯзи 29 марти соли 1993 мо тибқи вазифа дар хона-ҳавлии Бобои Сангак будем. Ёдам ҳаст, ӯ бо табъи болида аз самти ноҳияи Панҷ омад ва мо тибқи одат ба пешвозаш баромадему дарвозаро калон кушодем. Моро гуфт, ки ош бардоред! Ва якҷоя дар ҳавлӣ, рӯи кати калон, ки болояш «навес» дошт, сари дастурхон нишаста, «ужин» ҳам кардем. Ӯ бо хушнудӣ гуфт, ки «насиб карда бошад, аз пагоҳ сар карда гурезаҳоро аз тариқи Панҷу Шаҳритус, аз Афғонистон овардан мегирем». Пагоҳ бояд наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар ш.Кӯлоб барпо мегардид… Ва мӯсафед гуфт, ки «насиб бошад, фардо наврӯзии Кӯлобро мебинему аз он ҷо боз Афғонистон рафта, бахши аввали гурезаҳоро меорем»… Дар ҳамин гапу суҳбат будем, ки комменданти вилоят Ғулом Бобоев ва баъд Маҳкамбой Шарофов (лидери қавми ургутиҳои Қӯрғонтеппа) ва чанд лаҳза пас Маҳмуд Худойбердиев вориди ҳавлӣ шуданд. Бо онҳо хело суҳбатҳо кардем. Маҳмуд рафт аз пушти кораш... Баъди чанд лаҳза маззаи Маҳкамбой гурехт, ба «скорый» занг задем. Омаданду ӯро «укол» карда, ба фикрам беморхона бурдандаш. Бобоев низ аз қафояш баромада рафту соатҳои 10-11-и шаб боз гашта омаду бобои Сангакро чизе гуфт. Ҳар 2 кӯча баромаданд.

Шаби қатли Сангак
Он замон мошини хизматии бобои Сангак «ВАЗ-2108»-и «гоставтоинспексия»-и Вазорати Корҳои Дохилӣ буд, ки барояш дар хизмати шабонарӯзӣ гузошта буданд. 2 нафар ҷиянаш-Давлат ва Мурод доимо дар лаҳлӯяш ҳамчун «телех»-и доимӣ қарор доштанд. Ҳоло дар ёд надорам, ки он шаб (соатҳои қариб 12-и санаи 30.03.1993) кадом ҷиянаш дар паҳлӯяш буд, лекин 1 нафари онҳо ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ёдатон бошад, «ВАЗ-2108» 2 дар дошт ва бобои Сангак дар курсии қафо гузашта нишаст. Ман бошам дар курсии пеш нишастам. Аммо «дед» аз дастам дошта гуфт, ки «Ту аз мошин фарову хона-ҳавлиро нигоҳ кун, то дилам тинҷу осуда бошад…». Хуллас, маро аз мошин фароварда, гуфт: «Мо ҳоло Қарияи Боло (ҳоло ба номи Бӯрӣ Воҳидов)-и шаҳр меравем, падари Ғулом Бобоевро, ки бемор аст, аёдат мекунему ним соат пас гашта меоем…». Ва бобо дар ҷои ман Саидмӯминро гирифт. Саидмӯмин аз мардуми лақайи ноҳияи Восеъ буду 1 бачаи сабзинаи кулӯла. Дар мошини дигарӣ Ғулом Бобоев ҳамроҳи Афзал ном марде менишаст, ки ҳамин хел мошинро ронданду рафтанд… Афзал имрӯз дар қайди ҳаёт нест.
Онҳо рафтанду ман бо гуруҳам дар хона мондам. Дар «подвал»-и хона ҷои кинотамошокунӣ доштем ва он ҷо ҳамроҳи ҳамраҳони худ кино медидем. Аз байн 2 соат гузашта буд, ки иттифоқан, соатҳои наздик ба 1-и шаб Абдулазиз Гулов (ҳоло ин нафар зинда аст!) ном муҳофизи ман вориди таҳхона шудаву гуфт, ки «Гулҷаҳон (духтари калонии бобои Сангак) мегӯяд, ки «акаам» (яъне маро) фарёд кун!»

Гулҷаҳон: Акаҷон, отаамро парронданд!!!
Баромадам, ки назди фонтани байни ҳавлӣ Гулҷаҳон танҳо нишаста. Чун наздаш рафтам, бо садои баланду гиря гуфт, ки «отаамро паронданд!!!» Рангу рӯям аз ин хабари шум париду бо ҳайрат пурсидам, «Паронданд? Чӣ хел???» Боз такрор кард: «Отаамро парондаанд! Аммо намедонам кӣ!!!». Хонаводаи мӯсафед одат доштанд, ки ҳар гапе доранд, шахсан ба ман муроҷиат мекарданд. Хуллас, зуд «тревога» бардошта, қариб 20 нафар муҳофизе, ки дар ихтиёри ман буд, дар ҳолати омодабош қарор додам. Хона-ҳавлиро аз 2 тараф печонида, интизор истодем, ки «паника» нашавад. Қариб 10-15 дақиқа пас аз «управления»-и шаҳр ба телефони ҳавлӣ занг зада гуфтанд, ки «усилить охрану!» ва 20-30 нафар «охрана»-и дигарро низ фиристоданд… Онҳо низ барои пурзӯр кардани тартибот омаданд ва дигар касе то ҳол дарак надошт, ки дар ин ними шаб чӣ гап гузаштааст.
Қарибии дамидани субҳ Ғулом Бобоев ба хона занг зада гуфт, ки «ҳушёр бошед, кор ҳамин хел шудааст. Авзоъи хонаро нигоҳ доред, ки ягон кори дигар нашавад».

Бачаҳои Файзалӣ қасосгирӣ меоянд
Ҳамин вақт бачаҳои Файзалӣ дар 2 БТР омаданду назди дарвозаи бобои Сангак истода, аммо аз БТР нафаромада, дар сари эҳсосоту ғазаб гапҳои пасту баланд задан гирифтанд. Мо ҳам худро сахт нигоҳ доштем ва кӯшидем, кор ба тиркушоӣ наравад. Зеро аз рафтору суханони онҳо аён буд, ба ҳамон овозае, ки гӯё «Сангаку Файзалӣ ҳамдигарро парондаанд…» бовар карда, назди мо давида омадаанд, яъне барои қасосгирӣ!!! Ва «момент»-ро интизор доштанд, ки мо ҳам бо дашному ҳақорат мехезем. Вале хушбахтона чунин рафтор накардем. Вагарна вазъият комилан батар мешуду хунрезии калон! Аҷибаш ин буд, ки формаи ҳарбии танаи ман «русӣ» ва болои форма «эмблема»-ҳои русӣ дӯхта шуда буд. Ва онҳо маро аз «дивизияи 201» пиндоштанд ва барои ҳамин зуд рафтанд. Воқеан, баъди рафтани бачаҳои Файзалӣ ҳис кардам, ки онҳо маҳз барои куштани мо омада буданд! Ин воқеият аст! Ва аз байни онҳо кадом «баақлак» формаи русии маро диду гуфт, ки «ин рус аст, нарасед!»
Яке буд, ки ин лаҳза боз Бобоев занг зада гуфт: «Бачаҳои худатро бигиру «горотдел» биёр, ки вазъият то рафт вазнин шудан дорад!» Ҳамраҳонам-охраникҳоро «отдел» оварда мондаму дар шаҳр «казарменное положение» эълон шуд. Боз ба хона баргаштам ва аз он ҷо маро ба беморхонаи Қарияи Боло роҳӣ карданд. Дар беморхона ягон кас нест ва падари Ғулом Бобоев, ёдам ҳаст, дар палатаи ҳукуматӣ бистарӣ буд ва ӯро додараш нигоҳубин мекард. Беморхона ба ҳадде ором буд, ки агар пашша парад, мешунавидӣ. Ҷасади Файзалиро аллакай ба хонааш бурда буданд.

Олим-желез ҷасади Сангакро Кӯлоб бурд
31.03.1993. Соат ба вақти Қурғонтеппа 12:00. Худам тани танҳо будам, ки яке сардори хадамоти тиббии УВДи шаҳр, подполковник Дудник (ӯ хохол буд) омад, ки  бечора дар ин вазъият сахт метарсид. Маро, ки аз пеш мешинохт, гуфт: «Чӣ кор мекунем?» Гуфтам: «Каме интизор мешавем, ки чӣ гап мешавад…». Ҳамин вақт бобои Сангакро дар «носилка» бор карда оварданду дар байн гузоштанд. Ҷасадро ману Дудник «морг» бурдему гузоштем. Дудник ҷасадро аввал пурра шуст ва пас ҷои захми тирро маҳкам дӯхт. Ман болои сараш рост меистодам. Баъде, ки шусту дӯхт, боз дар «носилка» бор кардем. Яке буд, ки «санавиация»-и вертолети худамон дар осмон пайдо шуд. Азбаски ҷои нишаст набуд, Олим-желез (командири баталион) бо БТР «забор»-и беморхонаро бо «трос» чаппа кард, барои нишондани вертолет. «Носилка»-ро бошад дар вертолет бор кардем. Ёдам ҳаст, ки Расул Самадов низ дар бари Олим-желез қарор дошт. Расул сардори «охрана»-и бобои Сангак, дар берун, дар сафарҳо «дед»-ро муҳофизат мекард. Расул имрӯз зинда аст ва метавонед, бо ӯ ҳам суҳбат кунед.
Хулласи калом, ҷасадро Олиму Расул бо вертолет бардошта ба ш.Кӯлоб бурданд. Ман, ки баъдан 2 рӯзи дигар дар беморхона мондам, дар шаҳр овоза шудааст, ки гӯё маро низ ҳамроҳи бобои Сангак паронидаанд. Ман, ки дар ҷайб «пропуск»-и СНГро доштам, дар ҳама ҳолат метавонистам, ки озод дар берун бигардам. 1 рӯз пас вазъи падари Бобоев низ вазнин шуду ӯро аз беморхона бароварданд. Ва ман ҳам дигар хонаи худам омадам, ки аллакай 3-4 апрел буд.

Сангаку Файзалӣ ҳамдигарро накуштаанд!!!
Акнун дар бораи қотилони Сангаку Файзалӣ мегӯям. Ин версияҳо, ки мегӯянд, гӯё ҳамдигарро парондаанд, комилан дуруғ аст! Тавре медонистам, бобои Сангак дар бараш ҳамеша 1 пистолети «АПМ»-и 20-тираро мегардонид. Тибқи ташхису тафтишот, дар вақти тирпаронӣ ягон тир аз силоҳи ҳар 2 берун ҷаҳидагӣ нест. Ва ин гап низ то ҳол дар байни мардум ҳаст, ки аввал касе аз дур Файзалиро ҳадаф қарор медиҳад. Чун мепиндоранд, ки ӯро Сангак паронидааст, телехҳои Файзалӣ Сангакро мепаронанд. Аммо ин версия ҳам ноаниқ! Яъне тибқи назари касбии ман, онҳоро аз масофаи хеле дур ва аз снайпер зада куштаанд…
Баъди ин ҳодиса Саидмумини лақайро бачаҳои Файзалӣ маҳкам карданд, ки гӯё қотили онҳо маҳз ӯ бошад. Баъде, ки озод шуд, дигар куҷо рафт, намедонем. Тибқи иттилои ман, Саидмумин дар ҳамон ҳолати тирпаронӣ дар дохили мошин будаасту аз қазо зинда мондааст. Аммо аҷиб аст, ки ҳамон шаби наҳс Расул Самадов низ дар паҳлӯи бобои Сангак набудааст.

Давом дорад


Мусанниф Шаҳрзоди Амин,
СССР, Душанбе-Қурғонтеппа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter