ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Деҳқонӣ кун!

  • Чоршанбе, Март 27 2019

Аз к\зи советӣ то фермери Истиқлолият
Имрӯз аксариятро ҳамин 1 фикр ором намегузорад, ки чаро замони шӯравӣ соҳаи кишоварзӣ метавонист манбаи ризқу рӯзӣ ва обрӯю нуфузи тоҷику тоҷикистониён бошаду ҳатто бозорҳои истеъмолии Маскаву Ленинградро бо пахта, табак, меваҷот, гӯшту пӯсти “петровӣ” таъмин намояду имрӯз не? Ҳамон замин, ҳамон 1 обу ҳаво ва ҳамон деҳқону каландаш. Деҳқонони собиқи мо чун деҳқонони замони СССР соҳибқадру обрӯманд буданд ва аз ин фахр низ доштанд. Пас чаро деҳқони имрӯз ин қадар заиф аст? Чаро дили мардум аз кишоварзӣ сард гардидаву баъди синфи 11 фарзандонро фавҷ-фавҷ Русия равон мекунанд? Сабаби аз 40 сентнери замони шӯравӣ то 10-12 сентнер поин фуромадани ҳосилнокии пахтаи тоҷик дар чист? Барои чӣ деҳқони имрӯза ҳатто музди меҳнати хуб гирифта наметавонад? Чаро даҳҳо ҳазорон га замини кишт аз ҳосил мондаанд? Ин “чаро?”-ҳо маро чун 1 мухбир водор сохт, қаламро бо каланд иваз кунам. Мо Метавонем!

Деҳқон ва %-и баланди бонкҳо
Бо расидани фасли баҳор деҳқон ба кишту кори замин шуруъ мекунад. Дар ин шабу рӯз деҳқонони асил ба кишти картошка ва пахта (тиллои сафед) омодагии ҷиддӣ мебинанд. Бояд гуфт, аксарияти деҳқонон дар ташвишанд, ки барои киштукори баҳорӣ аз куҷо қарзи бе... ё кам...фоиз ёбанд? Мутаассуф, бархе маҷбуранд, кишту корро канор гузоштаву пушти дари бонкҳо навбат бипоянд.
80%-и тоҷирон ба қадри меҳнати деҳқонон умуман намерасанд. Медонед чаро? Чунки онҳо боре ҳам дар даст каланд гирифта меҳнат накардаанд!!! Аслан меҳнати деҳқон мисли қиморбозист. Тақдир баландӣ кунад бурд мекунӣ! Сари вақт маблағ пайдо кунӣ, об дастрас бошад, ҳавои мусоид, заҳрохимикат ва ҳини харидории тухмӣ фиреб нахурӣ! Рӯз то рӯз заминҳои обӣ аз ҳосилдиҳӣ мемонад, чунки заҳбурҳо аз даврони шуравӣ то имрӯз тоза нашудаанд. Агар заҳбурҳоро бо вақти муайян тоза кунанд, ҳосили пахта то 35-40 сентнер меафзояд! Ин фикри ман нест-ин андешаи деҳқонони асил аст.
Ва аз ҳама муҳим, аксарият шикоят доранд, ки маҳз фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ соҳаи кишоварзиро дар кишвар фалаҷ кардан дорад. Имрӯз бештар хориҷиҳо, ба вежа Хитойи Бузург (!!!) бо кишту парвариши ҳосили стротегии №1-Ҳазрати Пахта сару кор дорад. Зеро онҳо пуштибонии давлатӣ доранду аз қарзу фоизҳои бонкӣ наметарсанд. Аммо касе фикр мекунад, ки ин соҳаи муҳимтарини саноати кишоварзии мо имрӯз ё фардо пурра хитоӣ шавад, ҳоли кишвари аграрӣ чӣ хоҳад шуд?

Нонхӯрӣ осон нест
Аксарияти деҳқононе, ки ба кишти пахта машғуланд, солҳои пеш барои гирифтани маблағ дар пушти бонкҳо навбат меистоданд. Ҳоло бошад бо заводҳои пахта ҳамкорӣ доранд. Чӣ хел? Масъулини заводҳо ҳини кишти баҳорӣ бо фоизи камтар дар нисбат ба бонкҳо қарз медиҳанд. Яке аз роҳбарони заводи пахта дар минтақаи ш.Бохтар дар суҳбат бо СССР гуфт, мо ба чандин хоҷагиҳои деҳқоние, ки бо кишти пахта машғуланд, ҳамкории зич дорем, пеш аз кишти баҳорӣ ба онҳо қарз медиҳем ва дар ивази қарз онҳо ба мо пахта медиҳанд. Агар сари вақт пахтаро барнагардонанд, дар болои қарзаш % замм мешавад. Кишоварзон дар мавриде, ки сол хушкӣ омаду камҳосилӣ расад, дар бархе маврид танҳо бо...ғӯзапая иктифо мекунанд. Зеро дигар чизе нест!!! Паяро мефурӯшанду кӯлвори зиндагониро то соли дигар мекашанд...

Трактор дорему патент на!
Ба ҳама аён аст, ки аксарияти деҳқонон трактори шахсӣ доранду патент на! Дар баҳорон баъзе кормандони андоз мисли нозири роҳ аз дур дар даст “радар” мегиранд. Барои кишт омода кардани 1 га замин тракторист то 1000 сомонӣ ҳаққмузд мегирад. Дар ин ҳол ӯ агар ба корманди андоз ҳуҷҷат (патент) пешниҳод накунад, бало мезанад боз деҳқонро!!! Яъне тракторист мисли кирокаш ҳуҷҷати тасдиқкунанда (патент) бояд бо худ дошта бошад. Акнун: Тоҷир дар кабинет мешинаду бо деҳқон савдо мекунад!!! 1 литр сӯзишвории дизелӣ 5 сол пеш 4 сомонӣ буду ҳоло 7,50 сомонӣ, 50 кг нуриҳои минералӣ 130-150 сомонӣ буду ҳоло 200-240 сомонӣ, ҳаққи кори тракторист то ҷамъоварии пахта...
Нархи пахта бошад феълан 5,50 сомонӣ!
Аҳсан ба деҳқони асиле, ки заҳмат мекашад! Нонаш ҳалол бод!!!

Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон


Аз муаллиф:Рости гап чанд рӯзаке, ки ин мавзуъро пайгирӣ кардаву деҳқонӣ намудам, 1001 офарини колхозчӣ, бубахшед-фермер кардам. Ин субҳ каландро 1 сӯ гузоштаву қаламро бӯса задам ва шукри СССР намудам, газетае, ки дар он “деҳқонӣ” дорам... Вагарна чун ҳазорон тани дигар, ғӯзапаяамро фурӯхтаву билети “Сомон-эйр” дар ҷайб ва ҷомаи муздурӣ ба бар Русия мерафтам. Мо Метавонем!

 Дар ҳамин маврид: Раис зиёд, ё деҳқон?
Рӯзе 1 раиси собиқадори даврони шӯравӣ ба СССР қисса кард, ки ҳазорон га замин доштаму ҳазорон колхозчӣ ва 1 раис будам. Баъди ислоҳоти замин, танҳо дар колхози ман ҳудуди 300-400 РАИС пайдо шуд ва ҳамин қадари дигар РАИСАҳоооо. Зеро ҳар нафаре 1-2 га замин дошта бошаду хоҷагии деҳқонӣ РАСМАН РАИС асту занаш раиса ва буруташро табар намебуррад...
...Шояд соате фаро расидааст, ки бархе аз колхозу совхозҳои шӯравиро барқарор кунем? Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter