ХАБАРИ ДОҒ

Исфара: 2 кушта, 25 захмӣ ва 30 гаравгон!

  • Чоршанбе, Март 27 2019

 

 

Бар зулмати аҷнабӣ чароям имрӯз?
Дар хонаи худ зи худ ҷудоям имрӯз,
Лаънат ба аду, айши маро заҳр намуд!
Ворух, ба ғами ту мубталоям, имрӯз!!!

Шоира Раҳимҷон
14.03.2019


Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 13-14 март ба вуқуъ пайваст, 2 сокини ш.Исфара - Ҳусейн Ҳакимови 43-сола, сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ва Расоиддин Тешаеви 37-сола, сокини деҳаи Ворух ба ҳалокат расида, беш аз 25 тани дигар дар натиҷаи сангзанӣ ва тиркушоӣ захмӣ ва 30 нафар гаравгон гирифта шуданд. Дар пайи муноқиша, 13.03.2019  муаллим Ҳусейн, ки аз қафаси синааш тир хӯрд, дар натиҷаи хунравии зиёд дар бемористон ҷон дод. Вазъи сиҳатии 3 сокини дигари Хоҷаи Аъло, ки бештар аз ҳама захмӣ шудаанд, мӯътадил арзёбӣ шуда, айни замон дар бемористон бистарианд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки Тоҷикистон шаҳри бедарвоза аст, ки ҳар қирғизи авбош даромадаву дар ҳудуди марзу бумамон моро тирборон мекунад?

Шикасти зардолузор оғози ҳуҷуми бузургтар
13.03.2019. Тавре ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз Ҳукумати ш.Исфара хабар дод, худи ҳамин рӯз боз 1 муноқишаи дигар дар ҷамоати Ворухи Исфара, ки бо деҳаи Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон ҳаммарз аст, беш аз 20 тан аз сангзанӣ маҷрӯҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд. Байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух тақрибан 10 км роҳ буда, сокинони Қирғизистон роҳи Ворухро бастаанду намегузоранд касе аз масъулин бигзаранд, ҳатто ҳайати ҳукуматӣ ва мошинҳои раиси ш.Исфара ва раиси вил.Суғдро манъ кардаанд.
 Бино ба иттилои ба даст расида, ҳафтаи гузашта чанд нафар аз шаҳрвандони қирғиз, ҳадафмандона, ба хотири иғво-провокатсия, шабона ба боғоти деҳаи Чоркуҳ дарафтода, дарахтони зардолуро шикаста буданду дар ин бора масъулин хомӯширо пеша карданд, ҳол он, ки ин гоме буд аз ҳуҷуми бузургтар…

КДАМ ҶТ: Қирғиз хилофи қарордод ба роҳсозӣ шурӯъ кард!
Субҳи 14.03.2019 Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ин бора изҳорот пахш намуд, ки дар он омадааст:
-13.03.2019 дар минтақаи Ворухи ш.Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи ш.Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. 

Вақте раис сангандозӣ мекунад…
Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, ки дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти «Оқсой»-и н.Боткен-Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар ҳудуди деҳаи «Хоҷа Аъло»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, с.тав.1976, сокини маҳаллаи «Сомониён»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ, лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Аҳтамов Мақсадҷон, с.тав.1973, сокини маҳаллаи «Таги-сада» аз қисмати сар ва Аюбов Раҳим, с.тав.1973, сокини деҳаи «Хоҷаи Аъло»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи «Муминобод»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, с.тав.1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи «Хоҷаи аъло» ва осиёби маҳаллаи «Сомониён»-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Мама-Роза саркардаи моҷарои марзӣ!!!
Гуфта мешавад, саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи «Оқсой»-и н.Боткен, шаҳрванди ҶҚ, 1 кампири фартут, ки ӯро Мама ҳам мегӯянд, яъне мама-Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи «Хоҷаи Аъло» ба роҳ мондааст. Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, маҳз ин зан тайи 10 соли охир барои муташанниҷ кардани вазъият дар марзи 2 кишвар кӯшишҳои зиёд карда, бо барангехтани шурӯ ғавғо ва даъвоҳои беасос сабабгори сар задани муноқишаҳо шудааст. Мақсади ин зан ба даст гирифтани чанд «карйер» дар дарёи Исфара аст, ки ба Тоҷикистон дахл дошта, мардуми маҳаллӣ аз он хоку рег мегиранд. Яъне, аз ин макон бӯи пул меояд!

Пас аз 1 рӯз: 1 кушта, 1 захмӣ ва латукӯби 1 оила!
14.03.2019. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ боз 1 изҳороти дигар пахш кард, ки дар он гуфта мешуд, новобаста аз чораҳои андешидашуда вазъият дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад. Бино ба иттилои ин ниҳод, 14.03.2019 шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи н.Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи ш.Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд. Тахмин соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсой, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони ҶТ маҷбур шуданд, аз худ дифоъ карда, ба сокинони вил.Ботканд ҷавоб гардонанд. Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расоиддин Имомбоевич, с.тав.1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок шуд. Расоиддин-писарамаки Иқбол Тешаев, котиби матбуотии раиси ш.Исфара ва яке аз журналистони собиқадори ҶТ аст, ки ба ӯ шарикғамем. Худи Иқбол дар сайти иҷтимоӣ навишт, ки мутаассуф қирғизҳои беспредел роҳи деҳаро бастаанд ва ӯ натавонист дар ҷанозаи бародараш иштирок кунад…
Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, с.тав.2003, сокини маҳаллаи Тидон аз дасти чап ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарист. Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, с.тав.1970 ва Воҳидов Абдуманон, с.тав.1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд. Аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, барало ба назар мерасад.

Дар ҳамин маврид:
Дар байни шаҳрвандони мулкӣ «спецназ» мушоҳида шуд!
Бино ба иттилои 1 манбаи мӯътамади СССР дар мақомоти қудратии кишвар, дар байни «шаҳрвандони мулкии қирғиз», ки ба сӯи Тоҷикон санг меандохтанду аз туфанг тир мезаданд, ҳарбиёни «спецназ»-и ин кишвари ҳамсоя мушоҳида карда шуд. Ин афсарони либоси оддӣ ва мулкӣ ба тан карда, дар байни издиҳоми мардум худро «гум» карданду сипас сӯи Тоҷикон тир андохтанд. Манбаъ меафзод, 25 нафар ҳарбиёни дастаи таъиноти махсус, ки либоси худро иваз карда буданд, 1 ҳафта пеш аз ин қазия ба Оқсой омада, дар хонаи раиси ҷамоат Роза Усарова (ҳамон мама-розаи қирғиз) зиста, бо мардуми маҳал корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Хоса, шаби 13.03.2019 онҳо мардумро ҷамъ карда, ба таҷаммуъ ташвиқ намуданд. Манбаъ иброз медорад, ки қурбонии нахустин Ҳусейн Ҳакимов рост аз қалбаш тир хӯрдааст, яъне нафаре, ки тир мезанад, қалби ӯро нишон гирифта, хеле моҳирона ва бо снайпер тир задааст. Ӯро бераҳмона барои тарс додани Тоҷикони дигар куштаанд. Гап сари он аст, ки Ҳусейн-собиқ омӯзгор, яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар деҳа буду хадамоти махсуси Қирғизистон кайҳо боз дар пайи несту нобуд кардани ӯ…
Зимнан бе ягон шакку шубҳа қатли ин ва дигар нафарон аз сӯи спецнази қирғиз ҷинояти низомист ва бояд дар сатҳи байнулмилалӣ ҳаллу фасл гардад!!!
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter