ХАБАРИ ДОҒ

Абдуллоҷонов-сарпарасти қатли Сангаку Файзалӣ!!!

  • Чоршанбе, Апр 03 2019

(идомаи нақли Амиралӣ Шамаев-«телех»-и хонадони Сангак Сафаров)

Дар тӯй-даъват ба майдоннишинӣ!
Дар шумораҳои гузаштаи газетаи мардумии СССР Владимир Василевич Квачкови 71-сола, полковники ГРУ, собиқ фармондеҳи бригадаи 15-уми нерӯҳои таъиноти махсус (спецназ)-и ГРУи округи ҳарбии Туркистон, иддао кардааст, ки «ташкилу таъсиси Фронти Халқӣ идеяи ман буд!». Ҳоло, дидаву шунидаҳоямро дар ин боб гуфтаниям:
26.04.1992. Шом. Дар участкаи «Қизил Юлдуз»-и маркази ш.Қурғонтеппа (ҳоло ш.Бохтар), дар хонаи Ҳайдар Шариф (бародари Валӣ Сироҷ-собиқ раҳбари Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ) тӯйи хатнасур ҷараён дошт. Рости гап, ҳамон ҷо (дар Бешкаппа) дар ҳаётам бори аввал бузкаширо дидам, ки соҳибтӯй ташкил карда буд! Ёдам ҳаст, дар ҳамон тӯй Давлатманди Хол ва Афзалшоҳи Шодӣ месароиданду мардум-аз хурд бо бузург арғушт мерафт. Ана дар ҳамон ҷо, барандаи тӯй-Акбаралӣ ном журналисти хуҷандии айнакдор дар даст баландгӯяк бо муроҷиат сӯи мо-ҷавонони хунгарм гуфт:
-Пагоҳ дар маҳаллаи Ломоносов ҷамъ шавед, касе, ки дилу гурдаи шерона дорад, автобус ташкил мекунему пойтахт-майдони Озодӣ меравем!!! Ин ихтиёрӣ аст! Касеро маҷбур намекунем!

Аввалин «палатка»-и Озодӣ!!!
Шахсан ман фардояш ҳамроҳи Нурхон-ҷавонмарди дӯстам хестем барои рафтан ба Озодӣ! Ман дар хонаамон 1 палатка доштам ва онро бо худ гирифтам. Хуллас, рӯзи 27.04.1992 рафтем ба майдони Озодӣ ва аввалин палаткаро аз минтақаи Қурғонтеппа дар Озодӣ ман задам!!! Палаткаи ман майдаҳаке буд, ки 3 касро ҷо мекард. Он вақт мо фақат дар бораи Сафаралӣ Кенҷаев-раиси Шӯрои Олӣ иттилоъи дурусту комил доштему ҳадаф дар Озодӣ низ дастгириву пуштибонӣ ва ҳаводорӣ аз Кенҷаев будӣ (Акбаралӣ худ ҳамшаҳрии Кенҷаев буд ва барои ҳамин мардумро даъват кардааст-ред). Бовар кунед, ҳич кас намедонист, ояндаву тақдири майдоннишинӣ ба хунрезӣ кашида мешавад. Вагарна, наход барои ҷанг аз Қурғонтеппа ба Душанбе равӣ???
2 рӯз гузашт аз байн. Яке буд, ки кӯлобиҳо аз ҷониби Кӯлоб бо мошинҳои боркашону автобус вориди майдон шуданд. Бовар мекунед, дар майдон ҳар 1 буққа-барзагову гӯсфандро сар буррида, мардумро зиёфат медоданд, ё товба!!! Ман дар умрам, бори аввал нони осиёи обиро дар Озодӣ дидам ва якумин бор дар табоқи калони чӯбин шакароб хӯрдем. Вақте пурсидам, ин чист, ки рангаш сиёҳ аст? Ана ҳамон дӯстам-Нурхон гуфт, ки наход надонӣ? Ин нони гандумии осиёӣ аст. Гуфтам, ки ман ягон вақт ин хел нонро нахӯрдаам ва ҳам намехӯрам! Чун он вақт 2 навъи нонро медонистам: Хонагӣ ва бозорӣ! Аммо вақте сахт таклифу таъриф карданд, хӯрдам, ки хело бомаззаву ширадор будааст. Дар ҳоле, ки сари табоқи чӯбин 1 гурӯҳ мешинанд, дилхоҳ таъом ширину лазиз менамояд, ки аз хӯрданаш сер намешавӣ!

Нахустин қадами Сангак дар Озодӣ
Яке буд, ки дар майдон аз ҷониби ҷавонони Озодӣ садову шиорҳо баланд шудан гирифтанд. Ба мисли: Нест бод, Растохез!!! Зинда бод, Кенҷаев!!! Ва ғайра…
Инаш ҳич дар ёдам нест, ки 1 май, ё 2-увуму 3-уми май буд, дар майдон хабари нав пайдо шуд, ки аз Кӯлоб 1 лидери навро овардаанд, номаш Сангак Сафаров. Иттифоқан, 1 марди сарсафедро даст ба даст, дар болои сарашон бардошта, рост бурда дар минбари майдон гузоштанд. Яъне мавҷи бузург ӯро даст ба даст «передават» карда, байни ҳам мегуфтанд:
-Маҳкам бқапш, ки по-ш дар замин нараса!
Додарам Саттор, ки ҳамроҳам буд, гуфт:
-Рӯи вай мардро дидӣ, ки «шрам» дорад? Мисле ки «тюремчик» аст!
Яъне, бобои Сангакро дар назар дошт ва дар посух гуфтам:
-Ҳар касе бошад-набошад, ҳоло мебинему мефаҳмем, ки кисту чӣ ният дорад…
Баъд мӯсафед микрофонро гирифту гуфт:
-Ҳадаф аз ҷамъ шудани мо дар ин ҷо ҷангу хунрезӣ ва ниқорталабӣ нест! Мақсади мову шумо тинҷии ҳамин давлату диёр аст!!!

Қатли Шерализода-пояи хунрезӣ
Хуллас, бобои Сангак чанд сухане дар бораи роҳу андешаи дурусти давлатдорӣ гуфту мардумро ба сулҳу салоҳ даъват намуда, микрофонро ба дасти хоҳишмандон дароз кард…
Ёдам ҳаст, чӣ қадар пули калон дар сандуқи хайрия ҷамъ шуд, қариб 1000 автомат бо либос-комуфуляжҳо ба мо тибқи рӯйхату имзо дода шуд. Шахсан барои худам 1 формаи ҳарбӣ гирифтам. Ҳамон ҷо шунидем, ки либосу силоҳро Раҳмон-полвон, телехи Раҳмон Набиев-президенти вақти Тоҷикистон аз Дивизияи 201-и Русия оварда будааст.
Баъде, ки 5 май журналист Муродулло Шерализодаро дар назди бинои Шӯрои Олӣ паронданд, вазъият хело бадтар аз чанд рӯзи қаблӣ шуд! Яъне ин аввалин садои тир ва нахустин хунрезии ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон буд! Ва бо ҳамин мо тадриҷан майдони Озодиро тавассути автобусу Камазу Зил тарк кардем ва омадем ба Қурғонтеппа. Ростӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Норак (тариқи роҳи Ёвон-ноҳияи Рӯдакӣ) то ҳол ҳамон рӯзҳоро пеши назар меорам, ҳуш аз сарам мепарад: Дар ҳар 100-200 метр 1 пост мондаву ҳич кас кафолати зинда монда, ба хона рафтанашро намедонист! Имрӯз дар ин синну соле, ки ҳастем, ваҳму ҳарос маро фаро мегирад, ки чӣ хел ва барои чӣ майдони Озодӣ рафтему чӣ тавр баргаштем???

Таъсиси Фронти Халқӣ дар Ломонос
Ана акнун, баргардем сари мавзӯи аслӣ: Дар масҷиди маркази (имрӯз ин масҷид ба номи Маҳмадулло Соҳибов аст)-и маҳаллаи Ломоносови шаҳри Қурғонтеппа бобои Сангак, Файзалӣ Саид, Лангарӣ Лангарӣ, Маҳмуд Худойбердиев, Сафармади Кабуд, Рустами Абдураҳим, Маҳкамбой Шарофов (лидери ургутиҳои Қурғонтеппа), Раҳмон Мӯрчаев, Худойқул (мулаққаб бо «Апу» дар н.Шаҳритус), Бахтиёр Алимардонов ва Хӯҷамурод Хаспаллаев (командирҳои қубодиёнӣ), Муҳаррама, Кӯлобӣ Ашӯров ва даҳҳо тан мардуми ғайюру далер ҷамъ шуданд. Бори нахуст таъсиси Фронти Халқии Тоҷикистон аз забони бобои Сангак дар ҳамин ҷо садо дод. Ман шоҳиди зиндаям!!! Мумкин таъсиси чунин 1 Фронт идеяи Квачков бошад, аммо ибораи Фронти Халқӣ ва ҳадафу миссияи онро то он замон ман на шунидаву на медонистам. Дуруст, ки ҳар маҳалла штабу гуруҳ дошт, аммо мисли 1 сутуни асосӣ чизе набуд, ки ҳамаро дар атрофаш ҷамъ орад. Ва ана ҳамин Фронти Халқӣ баъдан устуни асосие гардид, ки новобаста мардум дар кадом қавму қабила буданд, ҳамагӣ воридаш шуданд: Барои барқарории Ҳокимияти конститутсионӣ!!!
Инро низ бояд зикр кунам, воқеан дар ҳамон масҷид аз пеш дидам, ки Файзалӣ Саидовро бо мошине оварданду бо чигас фароварданд. Зеро шунида будам, ки соли 1991 ӯ дар Қурғонтеппа, дар 1 садамае бо мошинаш (Жигули) ҷароҳати хело вазнини ҷисмонӣ бардошта буд!

Давом дорад


Мусанниф Шаҳрзоди Амин,
СССР, Душанбе-Қурғонтеппа


Аз СССР: Ҳини суҳбати бидуни диктофон бо сарбозони собиқи Фронти Халқии Тоҷикистон, ки муассисаш бе ҳеҷ шакку тардид бобои Сангак аст, аён гардид, ки дар пушти «план-Барбаросса»-«ликвидатсия»-қатли Сангаку Файзалӣ Абдумалик Абдуллоҷонов-собиқ вазир, собиқ сарвазир ва собиқ сафир, собиқ «Наҳанги Ҷумҳурӣ» бо «шогирдаш», сарҳанги хоину фирорӣ, собиқ сардори Таъиноти махсус («спецназ»)-и ВКД ҶТ Маҳмуд Худойбердиев меистад!!! Ин версияе, ки ягон ҷои шубҳа, андеша ва нобоварӣ надорад!!! Инчунин, то кунун ин ҳарф дар ягон ҷо гуфтаву қайду сабту дарҷу нашр нашудааст, ки мо гуфтем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter