ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷик дар Русия манзалати ИНСОНӣ дорад???

  • Чоршанбе, Апр 03 2019

 

Оё шаҳрвандони Тоҷикистон дар мамолики беруна ягон ҳаққу ҳуқуқи башарӣ доранд? Чаро ҳуқуқи тоҷикистониён поймол мешаваду касе ба ҳимоя намехезад? Чаро органҳои дахлдори дигар мамолик ба даъвои шаҳрвандони Тоҷик эътибор намедиҳанд? Чаро худро берун аз марзи Тоҷикистон ҳақиру залил мепиндорем?


Латукӯби Бахтиева аз пушти 1 йогурт!
3.03.2019. Бахтиева Ҳафизахон-шаҳрванди Тоҷикистон, муқими Русия, ба мағозаи “Магнит”, воқеъ дар минтақаи Шёлковои вил.Маскав барои харид даромаданӣ буд. Фурушанда бо баҳонае ҷанҷол бардошта, ӯро то чанде метавонад, латукӯб мекунад. Бахтиева бо илоҷе худро ба даст мегираду ёрии таъҷилиро занг мезанад. “Скорый” ҳам пайдо мешавад. Дере нагузашта аз ақиб гурӯҳи фаврии патрули полис расида меояд. Кормандони полис табибонро танҳо ба расонидани ёрии аввалия иҷозат медиҳанду дигар бо баҳонаи “қайди ту аз муҳлаташ гузаштааст” Ҳафизаро ба шӯъбаи маҳаллии полис бурда маҳкам мекунанд. Дар ҳоле, ки сару рӯяш кафидаву дарида ва ҳар замон аз ҳуш мерафт!!! Дар шӯъба бошад, 11 соат гуруснаву ташна “нигоҳ” дошта (албатта то ба ҳуш омадан), бо ҳар роҳ маҷбураш мекунанд, ки ба ягон мақомот ариза пешниҳод накунад (бо пистолет метарсонанд, ба ҷангал бурда кушта, паноҳ кардан ва ҳатто то хавфи фарзандонашро ба сағирахона фиристоданро пеш меоранд). Азбаски фарзанди хурдиаш дар боғчаи бачагона буду вақти бозпас гирифтанаш фаро расида, ӯ маҷбур ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи кормандони полис мадҳушона имзо мегузорад, то боиси боз 1 хархашаи дигар нашаваду тезтар фарзандашро аз боғча гирад.
Вақте Бахтиева ба Прокуратураи Шёлково муроҷиат мекунад, то ин ки барои гузаштан аз экспертизаи тиббӣ роҳхат гирад, кормандони полис ӯро аз назди Прокуратура медузданд! Кормандони полис медонистанд; модоме ки ба Прокуратура ариза пешниҳод карда бошад, барои аризанависӣ ба Шӯъбаи полис ҳам омаданаш мумкин! Онҳо роҳи фиребро пеш гирифта, ӯро бо пешниҳоди навиштани ариза ба Шӯъба меоранд ва кор ранги дигар мегирад;
-Ҳамаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, роҳхати прокурор, хулосаи экспертиза, расмҳои аёния, сабти рентгенӣ, шиноснома, хуллас, ҳар он чи дар дасти Ҳафизахон буд, мегиранду маҷбур 9 соати дигар боз гуруснаву ташна (ин ҷо таҳқиру дашномҳои кормандони мақомотро мадди назар мекунем) бо ранҷҳояш танҳо мегузоранд, то аз навиштани ариза даст кашад. Ҳатто пистолетро пешонияш монда сахт зер мекунанд, ки нақши он дар расми гирифташуда баръало аён аст! Боз ҳам тақрибан, соати 7-и бегоҳ ба шартҳои зерин ӯро раҳо мекунанд: 1.Азбаски санаи мавлуди Ҳафизахон аст, бояд 2 шиша коняк ва торт харида орад; 2.Аз ин ҳодисот касе огоҳӣ наёбад; 3.Аз ҳудуди Шёлково баромада равад; 4.Ва аз ҳама асос: Ба Прокуратура ва ё ягон мақомоти Русия даъво пешниҳод накунад!!! Вагарна ҳуҷҷатҳояшро намегирад. Бечора духтар маҷбур ҳам 5000 рубли русӣ ҷарима месупорад, ҳам ин лаинонро ба муносибати зодрӯзаш “сер” мекунад ва ҳам азияту таҳкир мебинад. Дар санад агарчи дуздида оварда буданд, бешармона навиштаанд, ки гӯё ӯро аз сари роҳи боғи маданӣ-истироҳатии Шёлково “қапидаанд”.

“Магазинчӣ”-и зани полис
5 март, вақте Ҳафизахон барои гирифтани ҳуҷҷатҳояш бо торту коняк ва шириниҳои фармудаи ҳаромхӯрон меояд, шиносномаашро ба даст гирифта, ҳуш аз сараш мепарад; ғоибона (!) бе ягон қарори суд ва огоҳӣ ӯро “депортатсия” кардаанд! Баъди пурсуҷуҳои зиёд Валентина Чупик-ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав исбот кардааст, ки ин фурӯшандаи мағоза ҳамсари сардори зершӯъбаи кофтукоби ҷиноии ҳамин шӯъбаи полис будааст! Ана гап сари чист!!! Асли саршавии кинаҳоро Чупик чунин шарҳ дод:
-1 март Ҳафизахон аз ин мағоза йогурт харида, баъди берун баромадан мебинад, ки мӯҳлати истифодааш гузаштааст. Гашта ба мағоза медарояду ба зан муҳлати истеъмоли йогуртро нишон дода, маблағашро талаб мекунад. Фурӯшанда дар ҷавоб мегӯяд, “ту инро аз дигар ҷо овардаӣ!” Ҳафизахон боқӣ йогуртҳои дар рафи мағозабударо нишон дода, исбот мекунад, “ин сметана аз ҳамин ҷо харида шудааст” ва маблағашро меситонад. Аз байн 1 рӯз нагузашта, духтари ӯ ба мағоза медарояд ва фурӯшанда ҷанҷол бардошта, огоҳ мекунад, ки боз ба ин мағоза қадамашро монад, дасту пояшро мешиканад!
Феълан, тибқи ахбори расонаҳои хабарӣ, консулгарии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ш.Маскав қазияи латукӯби Бахтиеваро дар мағозаи хӯроквории "Магнит” таҳқиқ доранд. Хуллас, тибқи экспертизаҳои судӣ ӯро фурӯшандаи мағоза шоми 3 март чунон задааст, ки косахонаи сараш шикастааст. Ва ин зан ба додситонии Шёлково шикоят бурдааст, вале кормандони пулис барои пешгирӣ аз ин шикоят ӯро аз додситонӣ бардошта, рост ба суд бурдаанд ва суд ҳам зуд ҳукми ихроҷи ӯро аз Русия баровардааст.

Ҳаким Исмоил,
ш.Исфара

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter