ХАБАРИ ДОҒ

Гузашти Тоҷикон, ё фиребгарии қирғизҳо?

  • Чоршанбе, Апр 03 2019

Тоҷикистон дар марзи қирғиз роҳи худро месозад
Бар асоси мувофиқаи дуҷониба, қарор шуд, ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи ҷанҷолбарангези Ботканд-Оқсой-Тамдиқ "ба хотири убури чорво" идома дода, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бунёд намоянд. Ёдовар мешавем, дар натиҷаи муноқиша байни тоҷикону қирғизҳо, ки рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ дар марзи 2 кишвар, байни деҳаҳои наздимарзии Хоҷаи Аъло ва Оқсой сар зад, 2 кушта ва 25 захмӣ бор оварда, 30 нафар аҳолии мулкии тоҷик аз тарафи қирғизон гаравгон гирифта шуданд. Сабаби асосии муноқиша ин оғози бунёди роҳи Оқсой-Тамдиқ аст, ки ҷониби кишвари ҳамсоя бе огоҳӣ ва иҷозат сар кардааст.

Сабабгорони моҷаро ба ҷавобгарӣ кашида шаванд!
Ин мувофиқа пас аз 5 рӯзи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон 18.03.2019 дар Исфара ба даст омада, дар пайи музокирот раҳбарони ҳайатҳо-Азим Иброҳим, муовини сарвазири ҶТ ва ҳамтои қирғизи ӯ Ҷениш Раззоқов ҳамон рӯз дар хатти марзи байни деҳаҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Оқсои Қирғизистон нишасти матбуотӣ баргузор карданд. А.Иброҳим-раиси Комиссияи аломатгузории марзи ҶТ, ки худ геолог аст, баъди анҷоми музокирот ва имзои протокол дар сӯҳбати кӯтоҳ бо намояндагони матбуот гуфт, мавзӯи марз масъалаи ҳассос аст ва афзуд, 1 мувофиқаи муҳим, ки дар протокол ҳам инъикос шудааст, ин аст, ки бояд омилони сар задани ин моҷаро ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бар асоси мувофиқаи дигари ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳои полиси якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони 2 кишварро таъмин мекунанд.
Вале шоҳидон мегӯянд, гумон аст, барои қатли 2 тоҷик ҳатто 1 нафар муҷозот шавад. Зеро таври маълум, дар кишвари ҳамсоя вандализм, хаос, анархия ва беҳукуматӣ ҳукмрон асту қирғиз Тоҷикистони солҳои 90-ро ба хотир меорад…

Марзе, ки аломатгузорӣ нашудааст…
Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз с.2014 суръат бахшанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 км марз доранд, ки қариб нисфи он ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.
Мушкил дар ин ҷост, ки Тоҷикон не, қирғизҳое, ки замоне дар сарзамини мо «иҷорашин» буданд (ниг. ба расм!!!), даъвои бештари марзу буми моро кардаву ваҷаб ба ваҷаб, оҳиста-оҳиста замини моро мегиранду мо «гуфтушунуфт» мебарем…
Тибқи созишномаи с.2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лек он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бе убури қаламрави Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Фиреби навбатии қирғизҳо?
Тибқи иттилое, ки ҳафтаи гузашта хабаргузориҳои қирғиз пахш намуданд, вакилони парлумони қирғиз қарор карданд, масъалаи марзиро байни Тоҷикистону Қирғизистон 3.04.2019 бо иштироки Ҷенеш Раззоқов-муовини сарвазири кишварашон баррасӣ намоянд. Худи Ҷенеш бошад дар 1 мусоҳибаи ахири телевизионии худ гуфт, роҳе, ки берун аз деҳаи Оқсой аз Исфара ба Ворух сохта мешавад, ҳеҷ мақоми махсус ва ё мустақилият нахоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ сӯҳбате дар бораи он, ки ин роҳ, ё долон ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад, нест ва ин қаламрави Қирғизистон хоҳад монду аз он шаҳрвандони 2 кишвар метавонанд баробар истифода намоянд…
Ин гуфтаҳои мавсуф баръакси гуфтаҳои чанд рӯз пешаш дар нишасти матбуотӣ дар Ворух буд. Яъне ин чиновник дар Ворух дигар гап гуфтаву боз рафта кори қирғизияшро кардан дорад. Пас, оё мешавад ба онҳо бовар кард? Мабодо қатлу куштори Тоҷикони Воруху Хоҷаи Аъло давом кунад, кӣ ҷавобгӯ мешавад?...

Гузашти таърихӣ, ё бурди навбатӣ?
Дар тӯли 5 рӯзе, ки ҳайати ҳукуматии 2 кишвар дар марз гуфтушунид анҷом медоданд, ҷомеаи қирғиз сар аз намояндаҳои парлумону вазиру кабиру фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳатто ҳамон Роза Усарова-раиси ҷамоати Оқсой, саркардаи тамоми ҷангу даъвову муноқишаҳо дар марзи Ворух низ ба 4 тараф мусоҳиба дода, санги таънаву танқиду маломат сӯи Тоҷикон зада, пайи ҳам таъкид мекарданд, ки маҳз Тоҷикон сабабгори муноқишаанду аллакай садҳо нафарро куштаанд. Ин дар ҳолест, ки радиову ТВи давлатии мо 1000% хомӯш буданд. Яъне ҷанги иттилоотиро мо пурра бохтем!!! О, Радиову ТВ дар ҳамин лаҳзаи ҳассос корбаст нашавад, барои чӣ дигар лозим аст? Нафаре ҳаст, ки дар ин бора фикр кунад?!
Дар ин муддат аҳли зиёи Тоҷик, бархе аз шоирону нависандагону аҳли ҳунар ва бештар аз ҳама журналистон ва боз ҳам журналистони нашрияҳои хусусӣ дар бораи ҳимояи марзу буму кишвару миллат беш аз ҳама гуфтанду садо баланд карданд. Маҳз ҳамин садои журналистон буд, ки баъдан парлумони кишвару сомонаҳои давлатӣ маҷбур шуданд бо нашри чанд матлабу чанд гуфтае нишон диҳанд, ки вазъ дар марз зери назораташон аст. Яъне «Бағдод ором аст!», ҳарчанд мо-ку медонем, Бағдод оромммм нест!!!
Дар тӯли ин ҳама рӯзҳо, ки Тоҷикистон меҷӯшид, 1 нафаре пайдо нашуд, ки тавассути ТВ 1 гузориш аз марз пахш кунад. Ҳол он ки қирғизҳо тамомии барномаҳояшонро ба ҳамин моҷаро бахшидаву моро мазаммат мекарданд. Мо бошем, мегуфтем, ҳама таҳти назорат аст…
Чӣ гуна назорат, вақте дар таги биниамон омада гуфтанду моро фиреб доданду рафтанд? Яъне, мо боз гузашт кардем, гузашт мисли солҳои 1921, 1924, 1958 ва 1989! Ин гузашт гузашти таърихӣ шуд ва ҳамакнун ин қирғизҳо минбаъд ҳарчӣ хоҳанд мекунанд, санг меандозанд, тир мекушоянд, порча-порча хоки моро ба хотири обу регу қуму пул забт карда мегиранд...

Мину Аминзода
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter