ХАБАРИ ДОҒ

Падари кинокомедияи советӣ даргузашт…

  • Ҷумъа, Апр 05 2019



04.04.2019. Георгий Данелия, яке аз шоҳсутунҳои кинои советӣ, мэтри синамо, падари кино-комедияи советӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷояш ҷаннату хонаи ахираташ обод бод, ки тӯли 60 сол ба 280 млн сокини 15 республикаи СССР шодиву нишот ва хандаву табассум ҳадя менамуд.
Хонандагони Тоҷик бештар ӯро аз рӯи шоҳасараш «Мимино» (дар нақшҳо Фрунзек Мкртчян ва Вахтанг Кикабидзе) мешиносанд. Аммо ӯ дар тӯли умри пурбаракот 18 филм-шедевр офаридааст, ки 5 намунаи он «Я шагаю по Москве», «Не горюй!», «Афоня», «Мимино» ва «Осенний марафон» ба фонди тилоии кинои советӣ шомил шудаанд!



Грузини Маскав
Данелия худро «грузини маскавӣ» мехонд. Зеро дар соли 1930 дар Гурҷистон таваллуд шудаву баъди 1-солагиш оилаашон ба Маскав кӯч баст ва то охири умр ин ҷо ба сар бурд. Аммо аз решаҳои таърихии худ ҳаргиз наканд. Ин тоҷикаконанд, ки баъди гузашти 2-3 сол ва 4 танга ёфтан, аз тоҷикият ор мекунанд, ки ҳаромашон бод ному нону шири Тоҷик!!!
Георгий бо ҳама меҳру муҳаббат ба сарзамини бобоӣ, забони гурҷиро намедонист. Зимнан, бо хатои Данелия, Валико Мизандари (Вахтанг Кикабидзе) вожаи «Мимино»-ро Ӯқоб тарҷума мекунад, ҳарчанд тарҷумаи аслаш «Шоҳин» аст!
 Аммо бо ин ҳама, ӯ мунодии Гурҷистон ва фарҳанги волои гурҷӣ дар СССР буд! Филмҳое, ки ӯ рӯи навор меовард, шарафи ҳар русу табааи СССР буданду ҳастанд.
Георгий баъди хатми Институти архитекторӣ ва 1 сол кор дар ин соҳа ба курсҳои режиссерии «Мосфилм»  шомил шуда, амплуаи хешро дармеёбад. Соли 1964 филми «Я шагаю по Москве» (Дар Маскав қадам мезанам), дар нақши асосӣ Никита Михалкови ҷавон ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ меорад!


Сипас «Афоня» (дар нақшҳои асосӣ Леонов ва Куравлёв), «Марафони тирмаҳӣ» (дар нақши асосӣ Басиашвилӣ) Данелияро маҳбубтарин кинорежиссери советӣ дар баробари Гайдай (муаллифи силсилафилм бо нақшҳои Витсин, Никулин, Моргунов ва «Шурик») карданд. Сенарияи «Джентльмени удачи»-и Александр Серийро низ Данелия навиштааст!!!
Дар маҷмуъ бо  Элдар Рязанов, Леонид Гайдай, Петр Тодоровский…Георгий Данелия аз шоҳсутунҳои муҳимтарин санъати советӣ-Синематограф маҳсуб мерафт!!!

М. Мубориз
Махсус барои СССР


Ва аз ҳама муҳим: Соати марги Георгий Данелия тамомии васоити ахбори оммаи русӣ, ба вежа шабакаҳои телевизионии ин кишвар барномаҳои иттилоотии худро аз ҳамин хабар шуруъ ва даҳҳо канали ҳукуматӣ репортажу гузоришҳои тӯлонӣ бахшида ба фаолияти ин эҷодкор пахш карданд. Русҳо бо тамомии ҳунармандони хеш, фарҳангиёни худ, санъаткоронашон чунин бархурд доранд. Ин дар ҳолест, ки агар нисфи ҳунармандону режиссерони тоҷик фавтанд ҳам, ягон шабака, ҳатто  1 хабар низ пахш намесозад: фарзи мисол, аз фавти Мушаррафа Қосимоваи беҳамто, ки 100 соли умрашро харҷи фарҳанги синамо карда буд, ҳатто  1 ҳарф нагуфтанд! Наход дар ҳамин маворид низ амр аз болоро мунтазиранд?! Профессионализм ё холабеғамист ин амал, худатон қазоват кунед. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter