ХАБАРИ ДОҒ

Хатсайри №54 ғорат мекунад!!!

  • Чоршанбе, Апр 10 2019


Донишҷӯ Шерзоди Муҳаммадназар, аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт (93 801 17 74) ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки рӯзи 31.03.2019 ба микроавтобуси мусофиркаши «Мерседес-спринтер» (рақами қайди давлатиаш 3008 ТТ 05) аз назди бозори «Саховат» нишастаму 2 сомонӣ дароз кардам. То назди бинои НФС «Сим-Сим» омадам, аммо кондуктор бақияи маро надод ва бо баҳона гуфт, ки «дафъаи дигар мегирӣ!». Яъне аз бозори Саховат то «Сим-Сим» дар 2 сомонӣ омадам! Надоштани бақия-пули майда мушкили онҳост! Чаро дар вақти холигӣ пули калони худро дар бонкҳо рафта, майда-танга намекунанд??? Яъне ин ҳам 1 роҳи ғорат аз ҷониби хатсайри 54 аст! Вагарна бо чӣ маънӣ инро метавон фаҳмид? Болои ин, курсиҳои ҳамин «Мерседес-Спринтер» хело ифлосу ҷазиранд ва кондуктор бо мардум дар сатҳу сифати курсиҳояш «чақ-чақ» мекунад! Кондуктор ва ҳам ронандааш либоси тозаву озода дар бар надоранд!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter