ХАБАРИ ДОҒ

Кӣ аз авлоди Мир Сайид Алии Ҳамадонист?

  • Чоршанбе, Апр 10 2019

 

Ҳоло дар Тоҷикистони азиз мӯди нав шудааст, ки ҳар кас худро аз табори ин ё он бузургвор мегираду бо санаду васиқаву шаҷараи саҳеҳу носаҳеҳ даъвои авлоди пайғамбар мекунад. Ноаён аст, ки ин давову дағо дар асри 21, қарни нанотехноложӣ ва сармоя ба ин мардум чӣ медиҳад? Вале чун хатои ишонро исбот кардӣ, ба таъбири Бобои Ғулом, мурдӣ… Матлаби зер дар бораи ҳамин мавзуъ баҳс мекунад. Мо метавонем!

Тибқи гуфтаи баъзе кормандони собиқ осорхонаи аллома ва хулосаи ғалати экспертизаи Вазорати фарҳанг (с.2003) ва нодида гирифтани ҷузъиёти муҳими шаҷара кори мо ва оилаи Ҳошимовҳоро мушкилу сарбаста кардааст, зеро ҳам ҳукми хулосаҳои «экспертҳо»-и Вазорат ва ҳам гуфтаи кормандони осорхона ғалат аст. Хушбахтона, бо дахолати Ҳукумати ҶТ с.2010 ин баҳс роҳи ҳалли худро ёфт ва хулосаи экспертизаи с.2004-и додаи Вазорати фарҳанг мансух гардид.
   
Шаҷара чист?
Онро, ки бувад нури Набӣ дар башара,
Ҳоҷат набувад ба аслу наслу шаҷара.
Онро, ки зи рух натобад он нури сара,
Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.

А.Ҷомӣ

Шаҷара, насабнома ва силсилабандӣ маҷмӯи номҳоеро гӯянд, ки ба воситаи он аслу насаби авлодӣ муайян карда мешавад. Шаҷаранависӣ анъанаи дерин дорад ва бештар дар асрҳои миёна машҳур буд. Меъёри аввалини шаҷаранависӣ зикри саҳеҳи аҷдод ва авлод аст. Баъдан, риояи пай дар пайи санаҳои гуногуни шаҷара, хоса, номи ашхоси зикршуда бояд дуруст бошад. Сеюм, эътибори шаҷара ба муҳри он аст, ки дар қисмати охир бо мақсади тасдиқи ҳуҷҷат аз ҷониби муфтӣ ё шахси расмӣ ва масъули ҳукумат гузошта мешуд. Солҳои Ҳукумати Шӯравӣ шаҷараҳои шахсони алоҳида эътибори ҳуқуқӣ надоштанд ва онҳо фақат моли илм дониста шуда, дар дасти муаррихон буданд. Акнун халқи мо ба истиқлолияти комили сиёсӣ соҳиб шуд ва назари мардум ба гузашта, ба аҷдоду авлод тағйир ёфт. Ҳеҷ айб нест, ки касе бо шаҷара гузаштагони худро шиносад ва ба таври сазовор фахр кунад. Дар ин маврид ҳам, чуноне дар боло зикр намудем, меъёрҳо ё худ шартҳои асосии шаҷараро бояд донем ва эҳтиром намоем.
28 соли ҳаёти ман дар Осорхонаи вилоятии таъриху кишваромӯзии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (ҳоло Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба омӯхтан ва тадқиқи аҳвол ва осори аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузашт. Аз рӯи зарурати истеҳсолӣ бо масъалаи шаҷара ва шаҷарашиносӣ низ зиёд сару кор гирифтаам. Ин ҷо бо таассуф бояд зикр кард, ки солҳои охир шаҷараҳо барои баъзе аз ашхос мояи тафохури бемаврид ва ҳатто сабаби ба даст даровардани сармоя гардидааст.

Авлоди Ҳазрат ё «фарзандони лейтенант Шмидт»
Баъди таҷлили ҷашни 680-умин солгарди зодрӯзи аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ якбора нафарони зиёде хешро аз табори ин марди шариф дониста, шаҷараҳояшонро ба Осорхонаи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади тақвияти фикр ва дар намоиш гузоштани шаҷара ва аксҳояшон супориданд. Аснои таҷлили 700-солагӣ дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ ин фазлфурушӣ донистаю нодониста аз тарафи чунин ашхос ривоҷ ёфта, ҳатто боиси дастгирии бемавриди бархе аз кормандони АУ Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ шуд. Тибқи иттилои ахири сомонаи Радиои Озодӣ, ҳатто Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ китобе дар ин бора рӯи чоп оварда, ба осиёби чунин шахсоне, ки ба авлоду аҷдоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ робитае надошта, аз номи мартабаи ин шахсияти шариф суистифода мекунанд, об рехтанд.
Омӯзиши шаҷараҳои дар фонди Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҳфузбуда нишон дод, ки то кунун дар мамолики гуногуни дунё, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ, касоне ҳастанд, ки аз хонадони муттаҳари алломаанд. Масалан, тибқи нишондоди шаҷараи сокини ш.Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Тиллои Сафед, Баҳодуров Сайдамир Маҳмудович ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мо аз хонадони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бини Шаҳобуддин бини Муҳаммад бини Алӣ будани ишонро тақвият медиҳад. Дар ҷумлаи боло баъди овардани номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номи падару бобо ва бобокалони аллома аз тарафи ман бесабаб нест.
Дар байни шаҷараҳое, ки дар фонди осорхона маҳфузанд, нусхаҳое ёфт шудаанд, ки бо вуҷуди дар онҳо зикр ёфтани номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номи падар, бобо ва бобокалон ба тариқи дигар номбар шудаанд. Таваҷҷӯҳ фармоед ба шаҷараи истиқоматкунандагони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, собиқ хоҷагии ба номи Киров, Ҳошимовҳо: «…ва писари Мир Сайид Маҳмуди Валӣ Мир Сайид Алии Валӣ ва писари Мир Сайид Алии Валӣ Мир Сайид Шоҳ Нуриддин ва писари эшон Мир Сайид Исматуллоҳи Валӣ ва писари эшон Мир Сайид Иброҳими Валӣ (лақаби вай Шаҳобиддин) ва писари эшон Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва писари ҳазрати Амири Ҳамадонӣ Мир Сайид Ҳотами Валӣ ва писари эшон Мир Сайид Солеҳ…».
Таборнома ё худ шаҷараи Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар ҳама сарчашмаҳои мӯътамади таърихӣ, аз ҷумла, «Хулосат-ул-маноқиб», ки 1 сол баъди вафоти аллома аз ҷониби Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ навишта шуда, дар ҳамадонишиносии олам «модари» кулли сарчашмаҳо маҳсуб мегарданд, ба таври возеҳу равшан овардаанд. Шаҷараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рисолаи «Мастурот»-и Ҳайдари Бадахшӣ, яке аз шогирдони Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ тахминан 35-40 сол баъд низ айнан такрор омадааст. Олимони варзидаи Ҳинду Покистон ва Эрон, аз ҷумла, Ғулом Сарвари Лоҳурӣ, Шамсиддин Аҳмад, Сайида Ашрафи Зафар, Парвизи Азкоӣ, Муҳаммад Риёз, Сайид Абдураҳмони Ҳамадонӣ ва дигарон такя ба «Хулосат-ул-маноқиб» ва рисолаи «Мастурот» карда, шаҷараи мутафаккирро ба тариқи  зайл нишон додаанд:
«Амири Кабир Сайид Алии Ҳамадонӣ бини Шаҳобуддин бини Муҳаммад бини Алӣ бини Юсуф бини Муҳибуллоҳ бини Муҳаммади Сонӣ бини Ҷаъфар бини Абдуллоҳ бини Муҳаммад бини Ҳасан бини Ҳусайн бини Ҷаъфар бини Ҷаҳим бини Абдуллоҳи Зоҳид бини Ҳусайнуласғар бини имом Зайнулобиддини Алӣ бини Ҳусайн бини Алии Муртазо ризвонуллоҳи таъолло алайҳим аҷмаъин».

Шаҷараи Ҳошимовҳо хатост!
...Амирулмӯъминин Ҳусайн, имом Зайнулобидин, Ҷаъфар ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳусайн ва Зайд ва Умар ва Ҳусайни асғар ва Абдурраҳим ва Салмон, Муҳаммади асғар, Абӯҷаъфар ва лақаби ӯ  Боқир, Ҷаъфари содиқ ва Абдуллоҳ ва Убайдуллоҳ ва Алӣ ва Зайнаб ва Умми Салама ва Зубайда, Сайидмуҳаммади бузург, Сайидараб, Имом Ҷаъфари Содиқро куният Абӯабдуллоҳ ва лақаби ӯ Муҳаммадсодиқ Мӯсо ва Исмоил, Абдуллоҳ ва Муҳаммад ва Аббос ва Алӣ ва Хадиҷа, имом Мӯсо – Козим буд, Алӣ ибни Мӯсо Ризо, Абдуллоҳ ва Иброҳим ва Ҳошим ном буд ва Абӯбакр ва Амир Тоҳир, ва имом Иброҳим ба сӯи Кӯлоб рафта буд ва Шоҳи Хомӯш аз насли эшонанд…….. ва Бараҳна ва Ҳабиба ва Оиша ва Умми Салама ва Маймуна ва Умми Кулсум ……. Ибнаш Мир Сайидҷаъфар, писари Мир Сайидҷаъфар Мир Сайидаҳмад ва сайидони Кулдара аз насли эшонанд ………ва писари Мир Сайид Абдуллоҳи валӣ Мир Сайид Исмоил ва ӯ Мир Сайид Исмоил …….. ва писари Мир Шоҳбек ва Мир Сайидқосим. Ва аз Мир Шоҳбек монда мирони Бадахшон. Ва писари Мир Сайидмаҳмуди валӣ Мир Сайидалии валӣ ва писари Сайидалӣ Мир Сайид Шоҳалӣ Нуруддин ва писари эшон Мир Сайидисматуллоҳи валӣ ва писари эшон Мир Сайид Иброҳими валӣ лақаби вай Шаҳобуддин буд ва писари эшон Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва писари Ҳазрати Амири Ҳамадонӣ Мир Сайид Ҳотами валӣ…
Муҳимияти масъала он аст, ки шаҷараи пешниҳодкардаи оилаи Ҳошимовҳо на ба манобеи таърихӣ ва на ба таълифоти пажуҳишгарони Шарқу Ғарб мувофиқат намекунад. Хонандаи закӣ ҳини муқоисаи матнҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда, ин нуктаро мебинад ва дарк мекунад. Бовар дорем, бо гузашти вақт ва ёфт шудани маводи мукаммал дар мавриди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бини Иброҳими Валӣ (лақабаш Шиҳобиддин-???) бини Мир Сайид Исматуллоҳи Валӣ бини Мир Сайид Шоҳалии Нуриддин бини Мир Сайид Алӣ донишмандони Тоҷик кори пур аз аҷру савобе хоҳанд намуд. Аммо ин нафар Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нест!!!

Экспертҳо: Авлоди Ҳазрат нестанд!
Бо дастури Ҳукумати ҶТ с.2010 таҳти №17124/34.2 (4) Вазорати фарҳанги ҶТ вазифадор шуда буд, ки шаҷараи мазкурро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Бо ин мақсад комиссияи босалоҳият баъди омӯзиши шаҷара ва Оинномаи ташкилоти ғайридавлатие, ки оилаи Ҳошимовҳо бо номи «Авлодони Шоҳи Ҳамадон» таъсис додаанд, чунин хулосаро пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати ҶТ намуд, ки мухтасараш ин аст:
-Бинобар сабаби он, ки Вазорати фарҳанг мақоми ваколатдори ҳуқуқӣ нест, санади қаблӣ – Хулосаи санҷиши илмии Вазорати фарҳанг (2004) бекор шуморида шавад.
Аз хулосаи Комиссияи босалоҳият (с.2010) ашхоси соҳибтахассус ва хонандаи закӣ хулосаи дақиқу даркорӣ мебарорад, ки даъвои оилаи Ҳошимовҳо дар хусуси ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ писари Шаҳобиддин, ки марқадаш дар ш.Кӯлоб буда, бо ибтикороти Ҳукумати ҷумҳурӣ 680 ва 700-солагияш таҷлил шуд, мансуб доштани гузаштагонашон ҳеҷ асоси воқеӣ надорад. Модом, ки ҳақиқати ҳол чунин аст, пас чаро баъзе кормандони АУ Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ нофаҳмидаю надониста 1 бор дар асоси Комиссияи босалоҳият аз эътибор соқит дониста шуд, боз дуюмбора пешниҳоди аҳли умум намуда, ихлосмандону муҳаққиқонро ба гумроҳӣ ҳидоят мекунанд? Ё шояд ҳадафе дошта бошанду мо бехабар?

Ҳотам Асозода
Директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб», номзади илмҳои филологӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter