ХАБАРИ ДОҒ

Вақте вазир сухандон нест…

  • Чоршанбе, Апр 10 2019

Пурсарусадотарин воқеа дар ҳафтаи ахир, ин суханронии Бег Сабур-раҳбари Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи шабакаи интернетии Радиои Озодӣ шуд, ки дар он вазири алоқа ҳадди ақалл аз сухандон набуданаш паём дод. Китобҳои тавсиядодааш, ки барои рушди бизнесу соҳибкорӣ дар асри 21, асри нано-техноложӣ ва рушди барқосо…мусоидат мекардааст, низ шубҳаовар намуданд:
-Арбоб Камол (???), Одина, Нисо, Марги судхӯр…
Матлаби зер на танҳо ба ин вазир, ки кулли мансабдорони мо нигаронида шудааст, ки санъати риторика, баҳс, сухандонӣ ва сухангӯиро омӯзанд, то фардо шармсору сархам нашаванд. Ин даъват ба донишу сухан аст, на чизи дигар. Мо Метавонем!

Вазирӣ ва Суханварӣ
Шӯхӣ шӯхию, бардоштам аз Арбоб Камоли бегӣ ҳамин аст, ки кишвардорӣ ҳамеша ва дар ҳама ҷо пайванди сахт бо суханварӣ доштаасту дорад. Бигирем, ки физикаю химия мағзҳои осебпазири моро шояд вайрон кунанд, намехонем. Куҳаншиносӣ-ку душворе нест?! Афсонасону осонхон аст-ку?! Эрони куҳан, Рими бостон... Равияҳои динӣ-ку гузароянд!
Агар хонда бошем, дар ҳар кишвардории куҳан суханваронро парвариш мекарданд. Омӯзишгоҳҳои суханварӣ доштанд ва имрӯз ҳам ҳаст. Ҳунари суханварӣ («ораторское мастерство») яке аз ҳунарҳои сердаромад буду ҳаст. Дар ҳама ҷо! Ва суханварӣ яке аз пояҳои кишвардорист. Суқроту Афлотуну Рӯдакию Дақиқӣ… ҳамагӣ суханварон буданд.
Имрӯз, азбаски ба мо наздиктар аст, ҳамин Россияро бинед. Ними Украинаро заду гирифт. Путин, Киселеву Скабееваҳоро бинед чӣ суханварӣ мекунанд, ки на танҳо русҳо, мо-Тоҷикон ҳам ҳаводораш мешавем.
Дар мо, мебинам танҳо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамин қонунро мешиносад. Ҳамеша гирдаш суханварони нерӯмандро медорад. Зафар Саидов, Абдуҷаббор Раҳмон... инҳо суханварони зинаи болои имрӯзанд, бегуфтугӯ!

Пресс-сентр ба чӣ кор аст?
Лекин бегҳо суханро пояи кишвардорӣ намешиносанд. Барои ҳамин ҳамеша хиҷолатзадаанд. Онҳо ҳам пешашон суханварони хуб доранд, лек бечораҳоро забонашон баста аст. Инҳо намегузоранд, ки садо бароранд. Инҳо гумон доранд, ки бо 2 тангаи бизнесӣ ҳама корро худашон метавонанд. Намедонанд, ки суханвар бо 1 хатча кашидан Зоҳирро Тоҳир мекунад.
Ҳуш агар бошад китобу нусхае даркор нест,
Чашм во кардан замину осмон фаҳмидан аст.
Сухандонон метавонанд, саҳви Бег Сабурро низ расо кунанд, агар имконияташон медод. Ҳамеша дар ҳар рӯзгори ҳар кишвардорӣ чунин пуфакҳо бисёранд. Системаи давлат ҳаминро мехоҳад. Амир Абдулаҳад ҳам ранги Бег буд. Лек Леви Бобохон "ривоҷи дину дунё" мегуфташ.
Метарсам, ки ин пуфакҳо пресс-сентрашонро сахт мегиранд. Не, пресс-секретар гуноҳ надорад. Гуноҳ дар кӯтоҳбинии худашон аст. Сухангӯю суханвар бояд озод ва ҷойгоҳи баланд дошта бошад, то хатчае болои чунинҳо гузораду боло бардорад, ё ҳич не аз шармсорӣ раҳонад.
Сухан бояд ҷойгоҳ дошта бошад ва суханвар набояд камбағали дастнигари бегҳо бошад. Он гоҳ кишвардорӣ намуди кишвардорӣ мегирад.

Сафват Бурҳонов,
Одесса, Украина

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter