ХАБАРИ ДОҒ

Нархи Интернет боло рафт?!

  • Чоршанбе, Апр 10 2019

 

 

Дар ҳоле, ки дар Аврупо мехоҳанд интернетро умуман ройгону аз ин ҳисоб миллиардҳо доллар кор кунанд, дар Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки нархи ҳамагуна хидматрасонӣ тавассути мобайлу интернетро 2 баробар бардоранд, то буҷҷа ғанӣ шавад: аврупоиҳо оё мисли масъулини мо зарару фоидаи интернети гарону ройгонро намедонанд?

Мизоҷ набошад, пул аз куҷо?
Тибқи Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ қарор буд аз 27.03.2019 нархи дастрасӣ ва истифодаи шабакаи ҷаҳонии Интернет дар кишвар 2 маротиба гарон шавад. Гуфта мешуд, маълумоти пурра дар бораи нархи нави тарофаҳои интернетии ширкатҳои мобилӣ ва интиқолдиҳандагони Интернет субҳи ҳамон рӯз бояд дар сомонаҳои расмии ин ширкатҳо пайдо шавад. Бо гузашти 1 ҳафта аз ин фармоиши нигаронкунанда ҳанӯз ҳам дар сомонаҳои ширкатҳои мобилӣ хабари дурусту аниқе дар бораи гароншавии нархи истифодаи алоқаи мобиливу Интернет нест ва нарху наво ҳам феълан иваз нашудааст. Тӯли 1 ҳафтаи охир хонандагони газета қариб ки аз тамоми минтақаҳои мамлакат ба идора занг зада, дар бораи ин масъала-гарон шудан ё нашудани нархи алоқаи мобилӣ ва Интернет, хоса, месенҷерҳо пурсиданду мо ҳам тасмим гирифтем ин мавзӯро пайгирӣ намоем.

Алоқаи мобилӣ 10 маротиба гарон мешавад!
Аз рӯи Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2019 нархи истифодаи Интернет дар ҳудуди кишвар бояд 2 маротиба гарон шавад. Ҳоло нархи 1 гигабайт Интернет 30-35 сомонӣ бошад, пас аз қиматшавӣ нархи он на кам аз 60-70 сомониро ташкил хоҳад дод. Баъзе тарофаҳои махсуси шарикӣ ва корпоративӣ бошанд, метавонанд нархи тарофаҳои интернетии хешро бо назардошти андозҳо аз арзиши иловашуда то ба 260 сомонӣ бардоранд. Дар баробари ин интизор меравад, ки арзиши алоқаи мобилии дохилишабакавӣ низ то 10 маротиба гарон хоҳад шуд, ба ҷуз оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком», ки ба Хадамоти алоқа тааллуқ дорад. Новобаста аз «хомӯшӣ»-и сохторҳои марбута ва масъулин ин Фармоиш ба имзо расидааст ва бояд ба ҳукми қонунӣ даромада, иҷро карда шавад, мегӯянд коршиносони бахши иқтисодӣ ва қонунгузории мамлакат. Дар сурати иҷро шудани ин фармоиш аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ арзиши тамоми тарофаҳо ва алоқа низ даҳчанд қимат шуда, шояд аксарияти мардум аз истифодаи телефонҳои мобилӣ даст кашанд.

Месенҷерҳо гуфтугӯи байналмилалиро коҳиш доданд
Коршиносони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ин тасмими хешро ба хотири беҳтар кардани алоқаи мобилӣ ва хизматрасонии интернетӣ гирифтаанду пас аз гароншавии нарх ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳо бояд барои беҳтар намудани хизматрасонии хеш бикӯшанд, суръати Интернетро афзун намуда, аз таҷҳизоти замонавӣ истифода бубаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки суръати Интернети тоҷик яке аз заифтарин дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад ва ин далел исбот низ шудааст.
Ҳамакнун мардум аз истифодаи мессенҷерҳо-Вайбер, ИМО, Ватсапп, Инстаграм ва Телеграмм гуфтугӯҳои байналмилалиро коҳиш додаанду пардохти андоз низ аз ин навъи хизматрасонии мобилӣ тайи чанд соли охир ба карат кам шудааст. Яъне, Хадамоти мазкур ба ҳамдастӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ин тасмимро якҷоя гирифтаанд, то буҷаи давлатро ғанӣ гардонанд, зеро боло бурдани арзиши хизматрасонии интернетӣ метавонад баробари қимати гуфтугӯи байнишаҳриву байнидавлатӣ гардад. Аммо инҷо 1 чизи дигарро набояд фаромӯш кард: Сокинони кишвар маҳз тавассути ҳамин мессенҷерҳо, ки назар ба гуфтугӯи байналмилалӣ ба карат арзонтаранд, бо наздикону пайвандони хеш, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, ҳарф мезананд. Дар сурати гарон шудани нархи алоқаи мобилӣ ва Интернет, ки ҳатман хоҳад шуд, аксарияти мардум аз мукотибот бо пайвандони дурафтодаи худ маҳрум мегарданд…ва «салом ба кабинаи иқтисодӣ» даромади буҷҷа аз андози ин хидматрасонӣ ба карат коҳиш меёбад!

Кумитаи андоз: болоравии нархи алоқаи мобилӣ дуруст аст!
Дар баёнияе, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 1.04.2019 пахш кард, гуфта мешавад, таҳлили трафики интернет дар давоми 4 соли гузашта (2014-2018) нишон додааст, ки ҳаҷми зангҳои овозии байналмилалӣ шадидан кам шуда, ба ҷои он трафики хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет), ки дар дохили худ дигар намуди хизматрасониҳои овозӣ, аз ҷумла, трафики алоқаи байнишабакавӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, IP-телефония, телеграф ва ғайраро дар бар мегирад, афзуда истодааст. Яъне, муштариҳо аз зангҳои мустақим ба хориҷа даст кашида, ба воситаи мессенҷерҳо-паёмрасонҳои интернетӣ зангҳои телефониро дар доираи трафики интернетии мобилии телефонашон анҷом медиҳанд. Дар натиҷа, пардохтҳо ё воридоти маблағ аз зангҳои байналмилалӣ кам шуда, андозҳои ихтиёран ҳисобнамудаи ширкатҳои мазкур дар с.2018 танҳо 772,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба с.2015 ба маблағи 367,2 млн. сомонӣ кам аст ё ин ки танҳо 67,8% шуд. Ҳол он ки даромади ширкатҳо, дар маҷмӯъ, ба ҳадди андозҳои ҳисобшуда кам нашудааст. Кумитаи андоз инчунин мегӯяд, танзими хизматрасониҳои телематикӣ амри воқеӣ буда, ҳадафаш ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат аст.

Мизоҷ набошад, пул аз куҷо?
Дастгирии Кумитаи андоз аз Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки аллакай онро коршиносони соҳаи телекоммуникатсия «таърихӣ» ном гузоштаанд, дарак аз он медиҳад, ки новобаста ба эътирозу вокунишҳои мутахассисони соҳа, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодабарандагони оддӣ, ки 1 моҳи охир идома дорад, нархи алоқаи мобилӣ ва Интернет хоҳад хест. Маълум аст, ки андоз бақои миллату давлат буда, некӯаҳволии қишри асосии мардуми кишвар, хосса духтуру омӯзгору нафақахӯр маҳз аз андозу ғанӣ будани буҷаи мамлакат вобаста аст. Ва боз ҳам аён аст, ки ниҳодҳои марбута, аз ҷумла, Кумитаи андоз низ барои ғанӣ намудани буҷаи кишвар аз ҳар 1 роҳу восита бояд истифода бубарад, вале ин ҷо 1 омили муҳим фаромӯш шудааст, ки ин ҳам маблағ аст. Маблағе, ки Кумитаи андоз аз ширкатҳои мобилӣ меситонад, ширкатҳои мобилӣ дар навбати худ аз мизоҷ мегирад, вале вақте нархҳо гарону осмонбӯс шуданд, нисфи зиёди истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва Интернет коҳиш хоҳанд ёфт. Мизоҷ, ки набошад, пул нест, пул, ки набошад, андоз нест, пас минбаъд буҷаро кӣ пур хоҳад кард? Суолест беҷавоб! Мо мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter