ХАБАРИ ДОҒ

Падари кинокомедияи советӣ даргузашт…

  • Чоршанбе, Апр 17 2019

04.04.2019. Георгий Данелия, яке аз шоҳсутунҳои кинои советӣ, мэтри синамо, падари кино-комедияи советӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷояш ҷаннату хонаи ахираташ обод бод, ки тӯли 60 сол ба 280 млн. сокини 15 республикаи СССР шодиву нишот ва хандаву табассум ҳадя менамуд.
Хонандагони Тоҷик бештар ӯро аз рӯи шоҳасараш «Мимино» (дар нақшҳо Фрунзек Мкртчян ва Вахтанг Кикабидзе) мешиносанд. Аммо ӯ дар тӯли умри пурбаракот 18 филм-шедевр офаридааст, ки 5 намунаи он «Я шагаю по Москве», «Не горюй!», «Афоня», «Мимино» ва «Осенний марафон» ба фонди тилоии кинои советӣ шомил шудаанд!
Грузини Маскав
Данелия худро «грузини маскавӣ» мехонд. Зеро дар соли 1930 дар Гурҷистон таваллуд шудаву баъди 1-солагиш оилаашон ба Маскав кӯч баст ва то охири умр ин ҷо ба сар бурд. Аммо аз решаҳои таърихии худ ҳаргиз наканд. Ин тоҷикаконанд, ки баъди гузашти 2-3 сол ва 4 танга ёфтан, аз тоҷикият ор мекунанд, ки ҳаромашон бод ному нону шири Тоҷик!!!
Георгий бо ҳама меҳру муҳаббат ба сарзамини бобоӣ забони гурҷиро намедонист. Зимнан, бо хатои Данелия, Валико Мизандари (Вахтанг Кикабидзе) вожаи «Мимино»-ро Уқоб тарҷума мекунад, ҳарчанд тарҷумаи аслаш «Шоҳин» аст! Аммо бо ин ҳама ӯ мунодии Гурҷистон ва фарҳанги волои гурҷӣ дар СССР буд! Филмҳое, ки ӯ рӯи навор меовард, шарафи ҳар русу табааи СССР буданду ҳастанд.
Георгий баъди хатми Институти архитекторӣ ва 1 сол кор дар ин соҳа ба курсҳои режиссерии «Мосфилм» шомил шуда, амплуаи хешро дармеёбад. Соли 1964 филми «Я шагаю по Москве» («Дар Маскав қадам мезанам»), дар нақши асосӣ Никита Михалкови ҷавон ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ меорад!
Сипас «Афоня» (дар нақшҳои асосӣ Леонов ва Куравлёв), «Марафони тирмаҳӣ» (дар нақши асосӣ Басиашвилӣ) Данелияро маҳбубтарин кинорежиссери советӣ дар баробари Гайдай (муаллифи силсилафилм бо нақшҳои Витсин, Никулин, Моргунов ва «Шурик») карданд. Сенарияи «Джентльмени удачи»-и Александр Серийро низ Данелия навиштааст!!!
Дар маҷмуъ бо Элдар Рязанов, Леонид Гайдай, Петр Тодоровский…Георгий Данелия аз шоҳсутунҳои муҳимтарин санъати советӣ-Синематограф маҳсуб мерафт!!!
М. Мубориз
Махсус барои СССР
Ва аз ҳама муҳим: Соати марги Георгий Данелия тамомии васоити ахбори оммаи русӣ, ба вежа, шабакаҳои телевизионии ин кишвар барномаҳои иттилоотии худро аз ҳамин хабар шуруъ ва даҳҳо канали ҳукуматӣ репортажу гузоришҳои тӯлонӣ бахшида ба фаолияти ин эҷодкор пахш карданд. Русҳо бо тамомии ҳунармандони хеш, фарҳангиёни худ, санъаткоронашон чунин бархурд доранд. Ин дар ҳолест, ки агар нисфи ҳунармандону режиссерони тоҷик фавтанд ҳам, ягон шабака, ҳатто 1 хабар низ пахш намесозад: фарзи мисол, аз фавти Мушаррафа Қосимоваи беҳамто, ки 100 соли умрашро харҷи фарҳанги синамо карда буд, ҳатто 1 ҳарф нагуфтанд! Наход дар ҳамин маворид низ амр аз болоро мунтазиранд?! Профессионализм ё холабеғамист ин амал, худатон қазоват кунед. Мо метавонем!

***

МОДАРИ ТЕАТРИ ТОҶИК РАФТ…
01.04.2019. Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, ки ӯро «Модари театри тоҷик» низ ном мебурданд, дар сини 101-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Марҳум вақтҳои охир аз беморӣ ва солхӯрдагӣ ранҷ мекашид. Ҷанозаи модари синамоии миллати Тоҷик дар масҷиди «Қарамишкор» баргузор шуда, сипас паҳлӯи шавҳари бузургмартабааш-Муҳаммадҷон Қосимов-нахустин Артисти халқии СССР аз Осиёи марказӣ ва Фаррух Қосимов буландмартабатарин режиссёри театри Тоҷик ба дасти хок рафт.
Мушаррафа Қосимова дар садҳо филму спектаклҳо нақш бозидааст. Ва дар аксари филмҳо танҳо 1 нақш-Нақши Модари Тоҷикро!!! Роҷеъ ба нақшҳои дар театр бозидааш, марҳума дар сӯҳбат бо Одили Нозир-хабарнигори нашрияи «Тоҷикистон» чанде пеш аз маргаш гуфта буд:
«Дар ин давра даҳҳо нақш офаридам: Латофат («Тӯй»-и Ғ.Абдулло), Баҳор («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф.Ансорӣ), Занаки ғӯл («Гавҳари шабчароғ»-и С.Улуғзода), Марианна («Қиссаи модар»-и М.Горкий), Модар («Беватан»-и С. Сафаров), Чӯтуройим («Фармони кадушоҳ»-и А.Баҳорӣ), Бӯстонбибӣ («Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор), Модаркалон («Хатро ман навишта будам»-и Ф.Ансорӣ), Ойишаапа («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов), Фирӯза («Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ), Булбул («Хонашерони майдонғариб»-и Ғ.Абдулло ва Ш.Қиёмов), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и С.Аҳмад) ва ғ.»
Мушаррафа Қосимова, охирон шоҳиди зинда аз зиёфати Сталин Иосиф Виссарионович дар соли 1941 ба фарҳангиёни Тоҷик, соли 1971 бо Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва дар соли 1989 бо унвони Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Дар 28 соли Истиқлолият, мутаассуф, ба мавсуф ягон унвон тақдим нашуд, ки боиси таассуф ва дастбарсарзаниҳост.
Бо ин ҳама Ӯ унвони беҳину беҳтаринро дошт:
-Модари синамоии Миллати Тоҷик…
Воқеан ҳам ба фарқ аз телевизионҳои Русия шабакаҳои марказӣ, бидуни ТВ Синамо, ҳарфе дар бораи фавти ин ҳунарманди 101 сола нагуфтанд…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter