ХАБАРИ ДОҒ

Вақте журналист журналистро намешиносад!

  • Чоршанбе, Апр 17 2019


(Public art)

Ростӣ, ҳафтаи пор ман аз Далери Эмомалӣ, яке аз журналистони қавии Радиои «Ватан», ки фаолияти эҷодиро маҳз аз газетаи СССР шуруъ кардаву чун тундбод ба матбуот ворид шудаву супоришҳои ғайримунтазираи газетаи мардумиро иҷрову хонандаро бо матолиби интиқодӣ дар ҳолати шоки мусбӣ қарор медод, ранҷидам! Сахт! Ба худаш ҳам гуфтам, ки агар чунин тундиро нисбат ба устодони касби журналистика раво мебинад, дигар шогирди ман нест!!! Зеро ӯ яке аз чеҳраҳои маъруфтарини журналистикаи солҳои 70-80-и асри пор, устод Нозирҷон Ёдгориро сахтгӯӣ кард. Далер-ку пӯзиш хоста, ба масале «ислоҳ» шуд. Аммо ман ҷавонмардона иқрор мекунам, ки айб дар мош не, дар ош аст! Айб дар мо-журналистони парвардаи даврони шӯравист, ки ба насли нав устодони касби хешро умуман муаррифӣ накардаем. Воқеан ҳам, чун журналистикаи имрӯза сояи ҳамдигарро аз девор метарошад, ҷавонон аз куҷо моро шиносанд?
Далер, ту ва наслат, низ моро бубахш, ки чеҳраҳои маъруфу маҳбуби журналистика-касабаеро, ки имрӯз ба ту нон медиҳад, ном ба ном ошноят накардаем.
Усулан ин кори ИЖТ ва факултаҳои журналистика аст: 1 бор дидаед, ки ИЖТ ёдбуди 1 журналисти ҳирфаиро арҷ гузошта бошад? Нафареро ба насли нав муаррифӣ карда бошад? Шояд гӯянд, ки СМ боз ба мавзуъи аз маддаш дур даст мезанад. Аммо ман мезанам! Зеро шахсан худро дар пеши насли навраси касб ва арвоҳи гузаштаи касбам гунаҳкор дидам: гуфти русҳо «сказано-сделано!» (апаи Гавҳар штрафам накун, ки дигар вожае наёфтам, ки ифодагари вазъи рӯҳиям буда бошад). Андак-андак устодонро СССР ба насли нав ошно хоҳад кард. Мо Метавонем!
Ту ҳам навис, хонанда, узви Ихвон ал СССР, мутолеъи ин сутур ва журналисти гиромӣ, дар бораи чеҳраҳои журналистикаи шӯравии Тоҷик. Зеро, мутаассуф, имрӯз ягон ниҳод ё нашрияе нест, ки ишонро ба мардум муаррифӣ намояд. Навис-чоп мекунем.  Мо Метавонем!

Ману Саъдии Маҳдӣ ва журфак
Чанде пеш бо декани факултаи журналистикаи ДМТ, устод Саъдии Маҳдӣ, ки шахсияти вораста ва муҳимтар аз ин, хабарнигори мардумии СССР низ ҳаст, роҷеъ ба ин масъала сӯҳбат доштем, ки ақаллан аксу тоблуву муаррифии кӯчаки сардабирони фаолро дар долонҳои факулта овезон кунанд, то журналистони оянда, онҳоро ақаллан шиносанд! Бо Шаҳрзоди Амин сари ин масъала гуфтугӯ доштанд ва намедонам, то куҷо муваффақ шудаанд. Кори олие мешуд. Чунки бовар кун, хонанда, бархе аз донишҷӯёни ин даргоҳи олии сухан, дафтари корӣ даромада, кормандон 1 сӯ, сардабирро намешиносанд. На танҳо маро, ки куллияи сардабирони газетаҳои расмиву ғайрирасмиро.
Аз сӯи дигар, тоблуи овезон беҳтарин дастгоҳи аёнӣ барои студент мешавад, ки фардо заҳмат кашида, журналисти хуб шавӣ, туро низ чунин арҷ хоҳанд гузошт. Инро таблиғи касб мегӯянд. Мо Метавонем!

Далеру Ёдгорӣ ва ғ.
Далери Эмомалӣ бо Нозирҷон Ёдгорӣ дар баҳс шудаву андаке аз ҳадди инсофу эътидол ва таҳаммул гузаронид. Зимнан аз муаррифии ахирӣ шуруъ мекунем:
-Нозирҷон Ёдгорӣ аз журналистони аршади даврони шӯравист, ки солҳои тӯлонӣ дар газетаи №1-и РСС Тоҷикистон кор кардааст. Он даврон танҳо ҳуҷҷати хабарнигори “Тоҷикистони советӣ” басанда буд, ки чиновникҳои фориғбол, раису саисони колхозу совхозҳо, милисаву амнияту савдогару туҷҷор инфаркт қаппанд. Боз дар ҳоле, ки ин ҳуҷҷатро, мабодо, Нозирҷон Ёдгорӣ нишон медод!
Матлабҳои танқидии Ёдгорӣ, замоне ки мухбири махсуси “Тоҷикистони советӣ” дар вилояти Кӯлоб буд, дар ин газета фурор ба амал меовард. Гузашта аз ин ҳаҷву мутояба, фелетону памфлетҳояш чун вулқон ҷӯш мезад. Саркаш ва сахтқалам буд! Юмори баланд дошт. Ёд дорам, дар синфи 8-ум, боре 1 қиссаи ҳаҷвияшро дар бораи 1 майзадаи ба гуфтаи муаллиф “аркоголик” бо номи “Тағйири лақаб” нимашабӣ мехондаму аз ханда рӯдакан мешудам. Падару модарам ҳайрон баромада ба ман нигоҳ кардаву аввалӣ гуфт:
-Бачат ё нависанда мешавад, ё девона!
На ин шудаму на он. Аммо сӯҳбат сари “талант” аст, бо номи Ёдгорӣ!!!

Чаро Ёдгорӣ коммунист нашуд?
Нозирҷон Ёдгорӣ боре “супориши КПСС”-ро иҷро накард. Номзад буду бояд коммунист мешуд. Баъди ин моҷарои гӯшношунид номашро аз феҳристи партияи коммунистӣ абадан хат заданд! Дур намеравем, журналисте имрӯз ҳаст, ки дар органи ҲХДТ кор карда, супориши ҳизби ҳокимро иҷро накунад? Сухан аз даҳони луқмон хуш аст. Биёед, ин саргузашти Нозирҷонро аз забони худаш бишнавем:

Ёдгорӣ: Чӣ тавр Сурайё «кӯмак» намуд, ки ман коммунист нашавам…
Соли 1985 буд. Сурайё Қосимова, ҳунарпешаи хеле маъруф ва маҳбуб аз шавҳараш ҷудо шуда, ба Хуршед Рабиев издивоҷ намуд (самари ин ақд ҳунарпешаи саршинос Фарзонаи Хуршед аст-ред.). Ин ба «Ахлоқи бинокорони коммунизм» тамоман «мувофиқ» намеомад. Партияи коммунистӣ ба ҳиссиёт, ба ишқу муҳаббат, ба табиати одамони эҷодкор ягон зарра аҳамият намедод. Дар дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ каму беш ин гуна «гуноҳ»-ҳо бахшида мешуданд, вале дар Тоҷикистон не, тамоман не! Ба ғайр аз ин, ҳасудони Сурайё чӣ дар «поён» ва чӣ дар «боло» зиёд буданд…
Ҳарчӣ буду набуд, ман, ки дар газетаи «Тоҷикистони советӣ»-органи КМ Ҳизби коммунист ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ба ҳайси мухбири махсус дар вилояти Кӯлоб кор мекардам, супориш гирифтам, ки дар бораи ин «рафтори ба ахлоқи бинокорони коммунизм» тамоман мухолифи Сурайё Қосимова фелетон нависам. Ба ин муносибат дар театри Кӯлоб, ки Сурайё Қосимова он ҷо кор мекард, ҷаласаи муҳокимаи ин ҳунарвари мумтозро доир намуданд. Ҷамоат ҷамъ, чеҳраҳо, махсусан чеҳраи онҳое, ки дар раёсати ҷаласа менишастанд, хеле ҷиддӣ ва хеле расмӣ. Ба назар мерасид, ки ҳоло ҳаёту мамоти Сурайё Қосимова ҳал мешавад.
Ҷаласа сар шуд. Раисикунанда кӣ буд, ба хотирам нест, ҳамин қадарашро медонам, ки аз Горком буд. Ҷаласаро ифтитоҳ намуд, мақсади ҷаласаи имрӯзаро иброз дошт ва Сурайё Қосимоваро ба саҳна хонд. Мебоист ӯ дар бораи ин «рафтор»-и худ ҳисобот медод, сипас тавассути одамони пешакӣ тайёркарда, ба муҳокима мегузаштанд. Вале ин вақт коре шуд, ки ҳеҷ кас чашмдори он набуд… Сурайё Қосимова аз ҷо хест, гурс-гурс қадам зада, на ҷониби саҳна, балки ҷониби дари баромад рафт ва пеш аз берун шудан ҷониби раёсати ҷаласа 1 нигоҳи теғдоре афканда, гуфт:
-Шумо ишқро аз куҷо мефаҳмед!?
Ҳама карахту хомуш монданд ва…ҷаласа бо ҳамин хотима ёфт. Ман ҳам дар бораи Сурайё чизе нанавиштам. Ба сармуҳаррир шодравон Мазҳабшо Муҳаббатшоев асли воқеаро фаҳмонда гуфтам, ки наметавонам ишқро маҳкум намоям; бегумон Сурайё Қосимова самимона ошиқ шудаст.
Муҳаббатшоев маро фаҳмид. Вале дар болои боло нафаҳмиданд. Супориш шудааст, коммунист шудани ман, ки онро вазифаи ишғолкардаам тақозо менамуд, мавқуф гузошта шавад. Ҳамин тариқ, бо «кӯмак»-и Сурайё Қосимова маро аз рӯйхати онҳое, ки бояд бидуни навбат коммунист мешуданд, хат заданд ва то охири фаъолиятам дар ин рӯзнома «иҷрокунандаи вазифаи мухбири махсус» мондам.
                       
Ба ҷои хулоса:
Мунтазир намешинем, ки журналистони ҷавон боз кадом устодро сақат гӯянд, то ишонро муаррифӣ созем. Ин проекти нави СССР аст ва қадам ба қадам, марҳала ба марҳала…устодони зиндаву рафтаи журналистикаи советии тоҷикро ҳатман муаррифӣ мекунем ва дар ин амри хайр ба ту, хонандаи гиромиву азиз, ниёз дорем. Мо Метавонем!

С.Мизроб
Махсус барои журналистони ҷавон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter