ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Аз редаксия: Ин матлабро ҳатман хонед. Ин дарди дили 1 бадахшонӣ нест: дарди дили Тоҷикест, ки бар миллату давлату марзу буму фарҳангаш дилаш месӯзад!!!

Вақте хурдсол будам, мӯсафедон ва кампирон «бачем, мо ликбез хондем, вале шумо шароити хубтаре доред» гуфта моро насиҳат мекарданд. Ростӣ, он вақт «ликбез» гуфта, 1 навъ донишгоҳро мепиндоштам, бехабар аз он ки сирф вожаи русӣ буда, маънояш «ликвидация безграмотности» (маҳви бесаводӣ) будааст: яъне ликбез маҳфилҳои кутоҳмуддате будаанд, ки дар ибтидои таъсиси Шӯравӣ барои хату савод баровардани мардум амал мекарданд. Мутаассифона, баъди гузашти айём маълум мешавад, ки мо-Тоҷикон бо вуҷуди он ки ҳудуди хеле кӯчак ва нуфузи ночиз дорем, ҳанӯз ҳам якдигарро нашнохтаем ва мойил ҳам нестем, ки бештар бифаҳмем, омӯзем, дӯст дорем, бишносем. Зимнан банда зарур мешуморам, маҳфили доимоамалкунандаи «ликбези тоҷикӣ» таъсис дода шавад, то ба ҳувияти миллиамон асаре дошта бошад.
Чаро Тоҷик Тоҷикро намешиносад?
Тоҷикистони азиз ба ҳадде кӯчак аст, ки агар зарурати оҷиле пеш ояд, ҳар шахс метавонад дар муддати 1 шабонарӯз аз Мурғоби баландкуҳи Бадахшон ба Мастчоҳи Куҳии Суғд, аз Яғноби куҳсори Суғд ба Фархори овозадори Хатлон расад. Деҳоти хурду калоне ҳастанд, ки ҳама на танҳо якдигарро мешиносанд, балки ба кӣ тааллуқ доштани гову гӯсолаи якдигарро низ медонанд, вале чун амиқтар бингарем, Тоҷик барои Тоҷик бегона шудааст. Мардуми Бадахшон аз расму русум ва таомули суғдиёну хатлониён кам воқифанд, мардуми ин марзу бум бошад, аз ҳаёти бадахшиён аслан бехабаранд. Ҷаҳолату ғафлат ба дараҷае расида, ки на танҳо мардуми ом, балки иддае аз зиёиёну равшанфикрон низ дар бораи ин кишвари «пурасрор» дониши сатҳӣ, ё ҳатто маълумоти бардуруғу таҳқиромез доранд. Масалан, борҳо шунидаам, дидаам ва шоҳид будаам, ки бо шубҳаву пичинг ё нафрат мегӯянду мепурсанд:
-Помириҳо ҳам тоҷиканд?
-Помириҳо хатна мекунанд?…
-Помириҳо мусулмонанд?
-Помириҳо ҳангоми тӯй чароғҳоро кушта афту дарафт мекунанд?
-Помириҳо рӯза медоранд?
-Намози помириҳо чихелияй?…
Ин ва дигар мафҳумҳои ҳам оддию ҳам мураккаб аз сабаби он ки самимона таблиғ намешаванд, бо мурури замон моро аз ҳам боз дуртар мепартоянд. Табиист, ки ҷои ин халоро душманони дохилию хориҷӣ бо мавзуъҳои барояшон манфиатовар чун «ҷои нозук» истифода карда, моро, яъне Тоҷикро бо Тоҷик мешӯронанд. Фикр мекунам, ҷанги шаҳрвандии ибтидои соли 1990 намунаи талхи ин ҷаҳолат ва таассуб буд, ки бояд ислоҳ шавад.

Рӯзи Ваҳдат набояд танҳо 1 рӯз бошад!
Чанд сол аст, ки Рӯзи Ваҳдат чун ҷашни бузурги миллӣ таҷлил мегардад ва хеле хубу самимӣ! Омодагиҳо олиҷаноб!!! Хоҳони онам, ки Рӯзи Ваҳдат дар сатҳи олимпиадаҳои ҷаҳонӣ сурат бигирад. Вале мутаассифона, ба пиндори банда ин тадбири бузург ба 1 маросими бошукуҳи хотирмони мавсимӣ табдил ёфтааст. Масалан, бо амри Президенти мамлакат с.2010 Рӯзи Ваҳдат дар ВМКБ баргузор гардид ва ин тадбири бошукуҳ метавонад на танҳо ба 1 иди бузург, балки ба 1 омили ибратомӯзи тавҳиди халқу миллату ҳукумат табдил биёбад. Ман эрод намегирам, ки омодагӣ ба ин ҷашнвора «фалону фалон» аст, фақат чун як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон арз медорам, ки комиссияи тадорукоти ҷумҳурӣ ва масъулин на танҳо дар Бадахшон, балки дар Суғду Хатлон ва саросари кишвар назаррас бошад. Дар мо бештар чун одат аз 2 соли комил танҳо дар 3-4 моҳи охир даводаву паропар оғоз мешавад…
Хуб мебуд, ки корвони маърифат таҳти унвони «Шерозаи ваҳдат» таъсис меёфт ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дар ҳайати 15-20 нафар аз ҳар минтақаи кишвар ба он шомил шуда, аз макони якдигар дидан мекарданд. Ва ин ташрифот бояд ҳаргиз ҷанбаи намоишкоронаи экскурсиямонандро касб накарда, ба 1 омили бедории миллӣ табдил ёбад. Агар бо ҷузъиёт ҳарф занем, ин ҳайат бояд омада бубинад, ки хонаи бадахшӣ чигуна асту чӣ ҳикмате дорад, кӯлобию суғдию раштӣ дар ҷашни арӯсӣ чун меҳмон ширкат варзида, бо чашми таҳқиқу ҳақиқат бингарад, ки бадахшониён чӣ тавр суру тӯй барпо мекунанд: Бипурсанд, ки никоҳи мусулмонӣ чӣ тарз сурат мегирад? Кунҷкобӣ карда, аз маросими ҷаноза, дафн ва соири суннатҳои мазҳабию мардумӣ пурсон шаванд…

Ба фарҳанги мардум таваҷҷӯҳ лозим
Дар арафаи ташрифи Ҷаноби Олӣ ба Бадахшон (чанд сол пештар) аз пойтахти ҷумҳурӣ ва навоҳии атроф ба Бадахшон масъулину маъмурин, тоҷирону кишоварзон, аҳли фарҳангу ашхоси алоҳида, меҳмону раҳгузар чунон сарозер шуданд, ки ҳич ногуфтанӣ. Бояд гуфт, ки масъулини вазорату идораҳо дар ин айём дар ободонии Бадахшон саҳми сазовор гузоштанд. Вале аз рӯи мушоҳидаи банда ба суннатомӯзӣ, шинохти фарҳангу расму таомул ва соири масоили маънавӣ эътибор намедиҳанд. Масалан, дар суҳбат бо чанд тан меҳмонон аз Хатлон, ки дар лаби ҳавзи шиноварӣ ҷараён гирифт, дар баробари соҳаҳои савдо, иқтисод, сиёсат ва фарҳанг, дар омади гап яке аз мусоҳибон бо маъзарати зиёд суханашро хоида-хоида, гӯё, ки гунаҳкор бошад, пурсид: «Ака, мебахшед, шумо-помириҳо дасти бачаҳоятонро ҳалол намекунед?» Ин суоли таҳдор маро хеле озурда кард, вале ман ба бачаҳои 6-10-солаи лаби ҳавз, ки баъди оббозӣ пушт сӯи офтоб медоданд, ишора карда, бо зарофат гуфтам: «Ака, мехоҳед, пеши ҳу, ана, он бачаҳо рафта, факту далелро тамошо кунем?» Ҳама бо завқ хандиданд ва бо яке аз онҳо ба хотири рафъи шубҳа ба «таҳқиқот» рафтем. Чун меҳмон дид, ки бачаҳои помирӣ аз бачаҳои хатлонию суғдӣ камие надоранд, баланд-баланд хандид ва узр хост!
Бадахшон оед ва моро Суғду Хатлон баред!
Ин аслан ҷои ханда ва узр ҳам нест. Айби меҳмон низ набуд. Мо, мутаассуф, аз урфу одат ва ҳатто суннату мазҳаби ҳамдигар бехабар мондаем!
Пас, биёед, ба хонаҳои якдигар меҳмон шавем, нону намак бишканем ва замоне, ки ба маҳалли худ равем, ба аҳли хонавода, ба хешу ақрабо бигӯем, ки ҳамаи мо 1 Тоҷики асилему мусулмон! Ҳамаи мо ба тавҳид, хотам-ул-анбиё Муҳаммад(с) ва китоби осмонии Қуръони маҷид муътақидем. Аз он ки дар адои баъзе суннатҳои мардумию мазҳабӣ аз ҳам каме тафовут дорем, боке нест! Зеро Ислом дини таҳассус аст ва бузургии инсон низ дар гуногунрангии ӯст!

Пайшанбе Давлатов,
ноҳияи Рӯшон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter