ХАБАРИ ДОҒ

Ёқуб чанд сол суд мешавад?

  • Чоршанбе, Апр 24 2019

 

Яке аз қаттолтарин «муҷоҳиди исломӣ», ки дар қатлу ғорату куштору гаравгонгирии сокинони Ваҳдату Рӯдакӣ номвар шуда буд, ба зиндони Тоҷикистон истирдод гардид...

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа бадаркӯфтанат мушт!!!

Делои Ивану Ҷинҷак
Ҳафтае пештар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 1 ҷинояти солҳои пеш содиршуда, ошкор гардида, роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Аҳрорзода Ёқуб (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович, бо лақаби “Ҷинҷак», с.тав.1973, сокини деҳаи Ваҳдатободи ш.Ваҳдат) бо гумони роҳзанӣ ва ғасби гаравгон дастгир карда шуд. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, шаҳрванд Абоев Ҷамшед Исломович (с.тав.1983, бо лақаби “Иван”, сокини н.Рӯдакӣ) ва дигарон августи с.1999, тахминан соати 11:00-дақиқа, дар маҳаллаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Н.Розиқи ш.Ваҳдат бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз шаҳрванд Юсуфов Шералӣ Азизович (с.тав.1964, сокини ш.Ваҳдат), автомашинаи шахсии тамғаи “МАРК-2”, ки арзишаш $16.000-ро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Тафтишот муайян кард, ки Ёқуб бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш августи с.1999, тахмин соати 10:00-дақиқа, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Наҷмиддинов Абдусалом Холович (с.тав.1959, сокини деҳаи Дӯстии ш.Ваҳдат) ворид шуда, бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз манзили ӯ 2 адад видеомагнитофон, 1 адад маркази мусиқӣ (музикальный центр), 8 сар чорвои калони шохдор ва дигар лавозимоти рӯзгорро ҷамъ ба маблағи $1000 тасарруф намуда, соҳибхона Абдусалом ва бародараш Наҷмиддинов Шодӣ Холович (с.тав.1963, сокини ҳамон ҷо)-ро ғайриқонунӣ ба деҳаи Ваҳдатобод бурда, дар манзили истиқоматиаш 3 шабонарӯз ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани 1 адад автомашинаи тамғаи “Камаз” озод кардаанд.

Аз ғасб то гаравгон
Ҳамчунин ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, августи с.1999 тахминан соати 11:00 шаҳрванд Мисҳоқов Раҷабалӣ Абдуллоевич (с.тав.1968, сокини ш.Ваҳдат)-ро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба автобазаи №2929, воқеъ дар деҳаи Яккатол оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулии $2000 озод кардааст.
Ҳамин тариқ, Ёқуб бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш августи с.1999, тахмин соати 11:00 шаҳрванд Ғафуров Сафед (с.тав.1923, сокини деҳаи Дарёободи н.Рӯдакӣ)-ро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба ҷамоати деҳоти К.Исмоилов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулӣ ба миқдори 11.000-доллари амрикоӣ озод кардаанд. Ҳоло нисбати Ёқуб парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 181, қисми 2 ва моддаи 249 қисми 4 КҶ ҶТ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

«Ҷинҷак» к(ч)ист?
«Ҷинҷак» дар байни мардуми маҳаллии мо ба ҳар маънӣ корбурд мешавад:
-Маризиест, ки онро «ҷинҷак» мегӯянд. Ҳамин, ки ин касал қапид, то намурӣ сар намедиҳад. Ва солҳои 1930-1940, ки дастгоҳҳои пешгириву муолиҷаи беморӣ набуд, аз зарби «ҷинҷак» ҷон ба ҷаббор месупурданд. Тибқи нақли бузургсолон, ин дард аз шикам қапида, беморро ҷинҷ мекарду сари ӯро аз байни пойҳояш гузаронда, оқибат мекушт. Бисёр вақт, соҳибони мурда ҳатто кафанворӣ намеёфтанд, ки маитро шуста, печонида гӯронанд. Барои он ки мурда вайрон шуда, бӯ нагирад, ҷасадро даруни бӯрё печонида ба хок месупориданд;
-Боз байни мардум «ҷинҷакатро мебарорам…» гуфтанӣ ибора низ ҳаст, ки ба маънои «сахт зада, маъюб кардан, девонавор кӯфтан…»-ро дорад!
Вале баргардем, сари Ёқуб-ҷинҷак! Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, Ёқубро 2 моҳ пеш мақомоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон супурдаанд. Ӯ дар Ӯзбекистон барои қатли Марк Вайл-режиссери театри тошкандии "Илҳом” 19 сол суд шуда буд. Ёқуб дар суди Ӯзбекистон гуфта буд, Маркро барои намоишномаи "Подражание Корану” ("Тақлид ба Қуръон”)-и таҳқиромезаш дар бораи Муҳаммад (с) куштааст. Ба Марк-муассис ва коргардони театри "Илҳом” 6.09.2007 дар даромадгоҳи манзилаш дар ш.Тошканд ҳамла оварда, ба қалбаш корд заданд. Феврали с.2010 суди Ӯзбекистон Ёқубро барои бо зарбаи сахти корд заданаш ба бадани Марк Вайл 19 сол ва Қаҳрамон Пӯлотов ва Алишер Сатторовро ба 17 сол суд кард. Вале додгоҳ билофосила бар асоси қонуни афв чоряки ҳукми ин се нафарро ихтисор кард. Умед Исҳоқов, ки фармоишгари он куштор ном бурда мешуд, тавонист аз ҷавобгарӣ фирор кунад.

Ним миллион доллар барои раҳоӣ
Ёқуб баъди он ки дар Тоҷикистон бар зиддаш бо иттиҳомоти сангине, чун ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ парванда кушоданд, ба Ӯзбекистон гурехт. Қабл аз фирор, дар Тоҷикистон, дар 1 қисми ҳарбӣ таҳти фармондеҳии Муҳаммадӣ Тӯраҷонзода, бародари хурдии собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хидмат мекард. Бино бар навиштаи расонаҳои хабарӣ, "Ҷинҷак” дар замони президентии Ислом Каримов дар Ӯзбекистон талош кардааст, то ба полковники хоину фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев пайваста, бо ӯ ба зидди ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, вале Маҳмуд пешниҳоди ӯро напазируфтааст.
Тибқи навиштаи хабаргузориҳо, гуруҳи "Ҷинҷак” дар поёни солҳои 1990 ва ибтидои солҳои 2000 дар чандин мавриди дигари гаравгонгирӣ низ гумонбар мешавад. Аз ҷумла, гаравгонгирии Наврӯз Валиев-муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистонро низ кори дасти ҳамин гуруҳ медонанд. Гаравгонгирон дар ивази раҳоии ӯ $500.000 талаб карда буданд!!!

Қатли “Алёш” аз ҷониби ҷангиёни ҲНИТ
Маврид ба зикр аст, ки аз ин пештар маркази матбуоти ВКД ҶТ дар 1 гузориши худ хабар дода буд, ки 2 сокини ноҳияи Панҷ-Саймурод Худоиев (с.тав.1968) ва Ҳошим Азизов (с.тав.1973)-ро бо иттиҳоми даст доштан дар 3 куштори намояндагони давлат дар солҳои ҷанги граждании Тоҷикистон қапидаанд. Онҳо дар с.1995 бо 2 ҳаммаслакашон, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, афсари милисаи ҳамин ноҳия-Маҳмадраҷаб Рӯзиевро дар сари хирмани пахта аз туфангча парронда, с.1996 раиси ҷамоати “Авангард”-Бароталӣ Ҳазратқуловро дар идораи ҷамоат аз автомати Калашников куштаанд. Ҳамин тавр, ҳар 2 дар с.2000 муовини раиси ноҳия Авлиёқул Бегматовро, ки бо лақаби "Алёш” машҳур буд, низ ба қатл расонда буданд.
Халқ масале дорад, ки “ҳар амалеро сазоест!”. Ба Тоҷикистон интиқол ёфтани “Ҷинҷак” аз сӯи мақомоти қудратии ҳамсоякишвар аввали кор аст. Ҳоло мардум хоҳад дид, ки ҳама хоинони ин марзу буму ин миллату давлат ба оҳистагӣ, вале пайваста, ба Тоҷикистон истирдод мегарданду подоши аъмоли бадашонро ҳатман касб мекунанд. Мо Метавонем!

М.Аминпур
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter