ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти волидайн-усули нави «облава» дар Чоркӯҳ

  • Чоршанбе, Май 01 2019

 

 

Раиси «ҷавону нав»-и Чоркӯҳ дили мардумро аз ҳукумат сард кардан дорад, бо усулҳои гестапойии ҷадид…

Охири ҳафтаи гузашта чанд нафар аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳи ш.Исфара ба идораи редаксияи газетаи СССР занг зада, гуфтанд, ки роҳбарияти ин деҳа дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ 1 гурӯҳ сокинони Чоркӯҳро боздошт кардаанд. Шоми 16.04.2019 нафароне боздошт шуданд, ки фарзандони ба синни ҳарбӣ расидаашон, дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳру вилоятҳои Россия қарор доранд. Тибқи овозаҳо ба волидайн супориш дода шудааст, фарзандонро ба Ватан баргардонида, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фиристанд-кор ва таҷрибае, ки на танҳо дар ш.Исфара, балки дар дигар манотиқи кишвар низ бесобиқа аст…

Биё, баргард ва …хизмат кун!
Тавре ба мухбири СССР маълум шуд, падару модарони боздоштшуда 1 шабро дар шӯъбача паси сар намуда, дар ин вақт ба фарзандони худ занг зада, аз онҳо талаб кардаанд, ки баргарданду ба хизмат раванд. Гуфта шудааст, то мақомот чиптаи баргашти фарзандонро набинанд, волидайнро озод нахоҳанд кард. Инчунин хабар расид, кормандони мақомоти қудратӣ, ки барои таъмини даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тавассути комиссияҳои даъват муваззаф шудаанд, хона ба хонаи чоркӯҳиён гашта, мардумро тарсону нигарон кардаанд. Мақомот ба мардум гуфтаанд, ки агар ба хизмати ҳарбӣ рафтани фарзандонашронро таъмин накунанд, он гоҳ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Вақте Ворух нақшаро иҷро кард…
Ин амали бесобиқа дар замоне сурат гирифт, ки ҷамоати Ворухи ш.Исфара назар ба ҷамоати Чоркӯҳ нақшаи даъвати баҳоронаи ҳарбиро пештар иҷро намуд. Бояд қайд кард, ки дар ҳафтаи 1-уми даъвати баҳорӣ беш аз 15 нафар ҷавонони бо нангу номуси ворухӣ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, ҳамин ҳафта теъдоди чунин ҷавонон ба 36 нафар расид. Нақша 100% иҷро шуд ва боз ҳам давом дорад, лек ҷамоати Чоркӯҳ бо гузашти 3 ҳафта аз оғози даъвати баҳорӣ наметавонад лоақал 20% нақшаи даъватро иҷро кунад…

Сиёсати раиси нав?
Чанде пеш, аниқтараш 6.04.2019 роҳбарияти ш.Исфара ба мардуми ҷамоати Чоркӯҳ раиси нави ҷамоатро ошно кард, ки ин нафар Фирдавс Раҳимзода (Худойдодов) аст. Мегӯянд, ин амал-боздошти падару модарони ҷавонони ба синни хизмат расида, маҳз ташаббуси ин раиси наву ҷавон аст, ки бо ин роҳ мехоҳад ҳам сиёсати хешро ба мардуми маҳал шинонад ва ҳам дар назди роҳбарияти шаҳру мақомоти қудратӣ дар минтақа обрӯву нуфуз пайдо кунад. Шояд барои Фирдавс-раиси нав, даст задан ба чунин амал 1 кори маъмулист, лек ӯ хабар надорад, ки бо чунин кор ӯ ҳам обрӯи давлату Ҳукуматро мерезонад ва ҳам ба имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ латмаи ҷиддӣ мезанад?! Мо пайгири ин мавзуъ ҳастем. Мо Метавонем!!!

М.Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter