ХАБАРИ ДОҒ

84 ноболиғи тоҷикро аз Бағдод ба Ватан оварданд

  • Чоршанбе, Май 01 2019

  

Шоми 30.04.2019 тавассути ҳавопаймои махсуси ширкати Fly Erbil 84 нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик аз Бағдод ба Ватан оварда шуданд.
   Кӯдакон ва ноболиғон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва нерӯҳои дигари террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шуда, баъдан ё қисман ятим мондаанд ё падаронашон куштаву модаронашон дар маҳбас қарор доранд.
   Тавре дар Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ омадааст, ин амал тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, масъалаи ҳарчӣ зудтар баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик ҳамеша мавриди пайгирии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
   Гуфта мешавад, ки айни замон дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо, марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, ки дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд ёфтаанд.
   Бояд қайд намуд, ки баргардонидани ин кӯдакони тоҷик дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои хориҷии бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Ироқу Қувайт, созмонҳои байналмилалӣ, амсоли ЮНИСЕФ сурат гирифта, бино ба гуфтаи коршиносон дар ин кор саҳми сафири ҶТ дар Ироқу Қувайт Зубайдулло Зубайдзода кам нест.
    Гузориши муфассали хабарнигори СССР-ро дар ин бора шумораи навбатии рӯзнома пайгирӣ намоед.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter