ХАБАРИ ДОҒ

Иқдомоти ифротӣ-террористии исломгароён дар Тоҷикистон, солҳои 1990

  • Чоршанбе, Май 08 2019

(идома аз шумораи пешин)

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қумандонҳои саҳроӣ ва ҷангиёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як қатор амалиётҳои хусусиёти ифротгароӣ-террористӣ доштаро содир карданд.

Иқдомоти ифротгароӣ:
*Гаравгонгирии кормандони масъули Дастгоҳи Иҷроияи Президент ва Девони Вазирон (2 маротиба: моҳҳои апрел ва августи с.1992).
*Гаравгонгирии 2 ҷонишини Сарвазири кишвар ва 17 вакили Шӯрои Олии ҷумҳурӣ (1992).
*Фишор ба Шӯрои Олии кишвар (раис Қадриддин Аслонов) барои қабули қарор оид ба тахриби ҳайкали В.И.Ленин (с.1992).
*Маҷбур кардани Президенти ҶТ Раҳмон Набиев барои навиштани аризаи истеъфо (сентябри с.1992 дар фурудгоҳи ш.Душанбе) ва ғ.

Амалиёти террористӣ:
*Қатли Прокурори генералии ҶТ Нурулло Ҳувайдуллоев (августи с.1992).
*Қатли ҷонишини аввали раиси кумитаи иҷроияи вил.Кӯлоб С.Сангов (августи с.1992).
*Тобистони с.1992 Ризвон Содиров соҳибкорону ҳамраҳони ширкати "Восток-Меркурий" (12 нафар)-ро гаравгон гирифт. Ӯ моли онҳоро мусодира кард ва худи соҳибкоронро дар теппаҳои миёни ш.Ваҳдат ва ш.Норак ба қатл расонид. Миёни кушташудагон 1 корманди КБД Тоҷикистон ҳам буд.
*Қатли 170 нафар зодагони минтақаи Кулоб ва водии Фарғона дар ш.Қурғонтеппа аз ҷониби ҷангиёни исломиҳо (октябри с.1992).
*Октябри с.1994 дар ҳудуди н.Ғарм ҷонишини Сарвазири кишвар Мунавваршо Назриев ваҳшиёна ба қатл расид. Ҳангоми суҳбати муаллиф бо ҷонишини қумандони саҳроии гурӯҳи мухолифини н.Ғарм, Сергей Ҳасанов (июни с.1999), ки баъдан раиси н.Ғарм таъин гардид, аён шуд, ки сабаби қатли Назриев розигии ӯ ба бомбаборони Ғарм аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Узбакистон дар с.1992 шуд. Муаллиф, ки зиёда аз 30 сол бо Назриев риштаи дӯстӣ доштам, бо эътироз ба Ҳасанов гуфтам, ки Назриев ва 2 шахси дигар ашхоси мулкӣ буданд ва мутахассисони ҳарбӣ аз онҳо машварат намегиранд ва шумо хуни одами бегуноҳро рехтед. Чаро ки Назриев аз зумраи роҳбароне буд, ки барои ҳарчи зудтар фаро расидани раванди сулҳ дар кишвар мекӯшид ва бо айби шумо мо 1 фарди ватанхоҳу дилсӯзро аз даст додем. Ӯ маҳалчӣ набуд ва ақида дошт, ки ғармиҳо ҳама аз Сари-Хосоранд ва ғармиву кӯлобӣ аз 1 реша рӯидаанд ва касе миёни ин 2 ҷанг меафрӯзад, душмани миллат аст!
*20.12.1994 террористон қатори мошинҳоро байни роҳи навоҳии Файзободу Ғарм нигоҳ дошта, 23 нафар, аз ҷумла, 7 корманди СММро гаравгон гирифтанд.
*Феврали с.1997 гаравгонгирии 13 корманди ташкилотҳои байналмилалӣ, журналистони Русия, аз ҷониби гурӯҳи террористии Баҳром Содиров. Боиси қайд аст, ки то 2.12.1997 гурӯҳи террористии Ризвон даҳҳо шаҳрванди хориҷиро бо нияти гирифтани пул гаравгон гирифта буд. Аз нақли баъзе роҳбарон ва қумондонҳои мухолифин ба муаллиф аён шуд, ки Ризвон дар Афғонистон низ ба ҳайси фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин зиёда аз 200 нафар гурезаро бо айбҳои бемантиқ ба қатл расонидааст.
*28.07.1999 гурӯҳи террористии Мулло Абдулло Раҳимов 4 корманди СММ дар Тоҷикистонро ба қатл расонид: Ричард Шевчик, Адолфо Шерпегге, Акино Ютака ва Ҷӯрахон Маҳрамов. Бо ин кор Мулло Абдулло вазъиятро дар ҷумҳурӣ муташанниҷ ва намояндагии СММ муваққатан фаъолияташро дар кишвар қатъ кард.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Хости Афғонистон даҳҳо ҷангиёни тоҷик омодагии террористӣ дида, аксари онҳо барои анҷоми иқдомоти террористӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Ҳамин тариқ, исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон асоситарин пешгоми паҳншавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ, терроризм ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ гардид.

Давлатхоҷа Назиров,
доктори илмҳои фалсафа, узви ИНТ ва ИЖТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter