ХАБАРИ ДОҒ

Фанатҳо интеллигенсияро нест карданиянд!

  • Чоршанбе, Май 08 2019

Мушоҳида мешавад, ки дар муборизаи идеологӣ яке аз ҳадафҳои мазҳабгароён зиёиёни тоҷиканд. Ва ин бесабаб нест. Ифротиҳо фазои идеологии ҷомеъаро қариб, ки пурра тасхир кардаанд. Табиист, ки барои пурра ва бе чуну чаро ишғол кардани афкори ҷамъиятӣ зиёиён, ки бахши босаводи ҷомеаянд, ба онҳо халал мерасонанд. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунанд ба ҳар роҳ эътибори зиёиёнро дар назди мардум паст кунанд. Ба ин мақсад, пеш аз ҳама динро истифода мебаранд, аниқтараш аз эътиқоди динии мардум суистифода мекунанд. Ихтилофи мазҳабгароёни ифротӣ ва зиёиён сари масъалаи муносибат ба фарҳанги миллист. Ба ақидаи онҳо мо бояд фақат Қуръони карим, ҳадисҳо ва китобҳои фиқҳи исломӣ ва қиссаву ривоятҳои арабиро хонем. Боқӣ, ҳама чизе, ки ба дини ислом ва фарҳанги арабӣ дахл надорад, бояд аз он даст кашем. Кутоҳи сухан, ба фикри онҳо мо-тоҷикон бояд аз фарҳанги миллии худ пурра даст кашем.

Ҳарб бо Наврӯз...
1 мисоли равшанаш муносибати онҳо ба Наврӯз аст. Онҳо ин ҷашнро зардуштӣ ва мамнӯъ эълон карда, дар ин росто таблиғоти густурда мебаранд. Ин дар ҳолест, ки бештар аз 1300 сол тоҷикони мусулмон ин рӯзро ҳамчун фарорасии соли нав ҷашн мегирифтанд, ҳатто халифаҳои Бағдод-пешвоёни дини ислом дар он ширкат мекарданд. Лек мазҳабгароёни ифротӣ дар мавриди ҳама чизи ғайри арабӣ ва ғайри исломӣ дар мавқеи оштинопазир қарор доранд ва гумон аст, ки ба хотири эҳтироми миллати худ аз мавқеашон баргарданд. Дар Афғонистон имсол мардуми бечора аз тарси толибҳо Наврӯзро иди деҳқон номида ҷашн гирифтанд. Аслан Наврӯз ҷашни фарорасии соли нав аз рӯи тақвими илмии ситорашиносист ва ин тақвим ва ин ҷашн ҳазорҳо сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ба вуҷуд омада.

Ҷанг бо номҳои Тоҷикӣ
Мутаассифона, дар ин ҷода онҳо ғалаба карданд. Имрӯз қариб ҳамаи оилаҳо ба навзодон номи арабӣ мегузоранд. Зери фишори таблиғоти онҳо бисёриҳо ҳатто номҳои тоҷикии худро бо номҳои арабӣ иваз карданд. Ҳамаи ин амалҳои зиддитоҷикӣ зери пардаи ислом иҷро мешаванд. Барномаи зиддитоҷикии ифротиён хеле густурда аст. Онҳо тамоми шуарои номдори классикӣ, муосир ва кулли олимони моро кофир номида, инкор мекунанд ва хондани асарҳояшонро гуноҳ мешуморанд. Масалан, 1 нафар ифротӣ дар фейсбук навишт, ки Ҷалолиддини Румӣ кофир аст ва мусулмонон бояд асарҳои ӯро нахонанд. Ин дар ҳолест, ки Румӣ яке аз рӯҳониёни машҳури замони худ буд ва ҳазорҳо пайрав дошту дорад ва асарҳои ӯ хоса, “Маснавии Маънавӣ” дар байни мусулмонони форсизабон ва миллатҳои ғайри мусулмон шӯҳрати беандоза доштанд.
Мисоли дигар. Чанде пеш дар фейсбук 1 аблаҳи фанатик дар ҳаққи 1 шоири забардасти тоҷик, ки ифтихори миллат аст ва достонҳояш ӯро машҳури ҷаҳон ва абадзинда гардондаанд, суханҳои таҳқиромез навишт. Гарчанде, ки он нафари номаълум номи шоирро нагирифта буд, аммо аз ишораҳояш аён буд, ки сухан дар бораи кӣ меравад. Бинед, кор то куҷо расидааст, ки 3-4 мазҳабгарои ифротии беҳуввият ва бешахсият ҷуръат карда, дар ҳаққи шоири барӯманди тоҷик суханони носазо менависанд ва 1 кас нест, пуштии адибро гирад!

Дар асри 21 бо амри маъруф???
Аён аст, ки бо 1 амри маъруф шиками мардум сер намешавад. Барои ин завод сохтану соҳаи кишоварзиро рушд додан лозим. Барои он ки мардум бароҳат дар масҷид намоз хонанд ва мулло амри маъруф кунад, он ҷо барқ гузарондан лозим то гарму рӯшан бошад, неругоҳи барқӣ сохтан лозим. Ин корҳоро олимону мутахассисони соҳа накунанд, кӣ мекунад?! Агар вазъи идеологии имрӯзаро таҳлил кунем, мебинем, ки фазои идеологӣ қариб пурра ба дасти мазҳабгароён гузаштааст. Имрӯз гап гапи муллост! Гапи зиёӣ дар ҷомеа эътибор надорад. Аслан зиёиён мавқеи иҷтимоии худро аз даст додаанд. Фақат 1 бахши камшумори онҳо барои ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ки ифротиҳо мехоҳанд онҳоро аз байн баранд, талош доранд. Мутаассифона, маҳз ҳамин қишри зиёиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ҳамлаи ифротиён қарор гирифтаанд. Бинед, беш аз 1300 сол исломи анъанавӣ бо фарҳанги миллии мо тоҷикон зидд набуд. Дар ин муддат дар қаламрави паҳновари забони форсӣ (тоҷикӣ) мардум ҳамаи муқаррароти дини исломро иҷро мекард, Қуръони кариму дигар асарҳои динӣ хонда, дар баробари он Шоҳнома, Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомиву Рӯдакӣ ва шоҳкориҳои дигар бузургони миллатро мехонданд. Имрӯз мазҳабгароёни ифротӣ таблиғ мекунанд, ки хондани ин асарҳо зарур нест, чун онҳо ба дин дахл надоранд.

Мазҳаби Абу Ҳанифа танг мешавад!!!
Таърихан дар кишварҳои тоҷикнишин, яъне Хуросону Мовароуннаҳр равияи Ҳанафия ҳукмрон буд ва ин бесабаб набуд. Хизмати эмом Абӯ Ҳанифа, ки аҷдодаш аз тоҷикони Кобул буданд, дар он аст, ки ӯ фиқҳи исломиеро ба вуҷуд овард, ки аз ғояи араббузургӣ орӣ ва бо фарҳангу адабу таърихи тоҷикон созгор буд, яъне мавҷудияти онро дар баробари дини ислом дуруст мешумурд. Имрӯз вазъи динӣ, хоса, дар Тоҷикистон пурра тағйир ёфтааст. Гарчанде, мардум мисли пештара худро пайрави Ҳанафия мешуморанд, аммо аксари онҳо амалан пайрави равияҳои ифротӣ шуда, аз рӯи қоидаҳои онҳо амал мекунанд. Муллоҳои маъруфи маҳаллӣ кӯшиш мекунанд ба ин раванд монеа шаванд, лек чандон муваффақ нестанд. Ифротиҳо, ки аз марказҳои берунӣ идора мешаванд, хеле муташаккилона амал карда, амалан фазои идеологиро ба даст гирифтаанд. Дар фазои идеологии имрӯза вақте ба фарҳанги миллии мо хатари воқеӣ таҳдид мекунад, бетарафӣ ихтиёр кардани қисме аз зиёиён ҷиноят ҳам набошад, айб ва иштибоҳи бузургест. Зеро дар ҷомеаи мазҳабгарои араббузургӣ барои онҳо ҷой нахоҳад монд.

Ҷамшеди Ориёӣ,
ш.Душанбе, тел: 98 760 50 41, 227 84 77


PS: Ифротгароӣ 1 роҳи илоҷ дорад: Бояд онҳоеро, ки ба терроризму экстремизм футур рафтаанд, маҳв кард. Куштори велосипедсаворони хориҷӣ дар Данғара, беҳтарин баҳонае буд, барои лағви мораторияи ҳукми қатл. Чун дар Покистон онҳоро бояд қатл кард. Агар мехоҳед давлат амн бошад, 200-300 тани онҳорор бояд ҳукми эъдом намуд. Хас кам-ҷаҳон пок!  Дигар илоҷ нест. Ошӯби зиндони Хуҷанд шарҳи ҳоли мост, ки инҳо ислоҳ намешаванд!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter