ХАБАРИ ДОҒ

Нархи роҳкиро гарон мешавад?

  • Чоршанбе, Май 08 2019

 

Агар овозаҳо перомуни гароншавии нархи роҳкиро дар Душанбе амалӣ шавад, пас дар тамомии кишвар нархномаҳо ба ҳаво мехезанд ва чанд кисатиҳӣ ё худ «ҷавонони креатив» бо иллати баднафсӣ метавонанд мардуми кишварро дар ростои нави камбағалгардӣ қарор диҳанд.
СССР талош кард, дар ин самт пажӯҳиш барад. Мо Метавонем!


Пас аз гарон шудани нархи истифодаи алоқаи мобилӣ ва Интернет, ки хушбахтона бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар наздиктарин фурсат лағв карда шуд, боз 1 овозаи дигар низ паҳн гашт: Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе низ қимат мешавад. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари баррасии нархи гарони Интернет гуфтанд ва боз ҳам мегӯянд, ки дар пайи ин қиматшавиҳо аз 1.05.2019 нархи роҳкиро дар автобусу троллейбус ва микроавтобусҳои пойтахт низ ба карат боло рафта, минбаъд барои истифода аз микроавтобусҳо 1 мусофир бояд 2 сомониву 80 дирам ва барои истифода аз автобусҳо тариқи корти нақлиётӣ 1 сомониву 80 дирам пардозад. То чӣ андоза ин овозаҳо асос доранд? Кадом сохтор нияти гарон кардани нархи роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе дорад? Нақлиёти ҷамъиятӣ ба мардуми пойтахт мерасад? Оё нархи имрӯзаи роҳкиро талаботро қонеъ мекунад? Мусофир ва ронандаи пойтахт ҳоло чӣ мушкил доранд? Ин ҳафта пайгири ин мавзуъ шудем.

Шаҳрдорӣ: овозаҳо асос надоранд!
Нахуст барои то куҷо асос доштани овозаҳо дар бораи қимат шудани нархи роҳкиро мо ба Фирдавсӣ Саидзода-муовини раиси ш.Душанбе, ки фаъолияти соҳаи нақлиёти истифодаи умуми пойтахтро назорат мекунад, муроҷиат намудем. Мавсуф зимни сӯҳбат таъкид дошт, ки ин овозаҳо беасосанд ва дар ояндаи наздик боло рафтани нархи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо ва микроавтобусҳои дар ҳудуди пойтахт фаъолият мекарда, чӣ тариқи корти нақлиётӣ ва чӣ тариқи пардохти нақдӣ, дар назар нест. Ин гуфтаҳоро ба мо дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» низ тасдиқ намуда, гуфтанд, ки ин овозаҳоро бархе аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса, Фейсбук навиштаву паҳн карда, боиси ҳарчӣ бештар «гарм» шудани ин овозаҳо гаштанду мардумро нигарон кардаанд. «Овозаҳо асос надоранд ва нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт дар ояндаи наздик тағйир нахоҳад ёфт, мусофирон набояд нигарон бошанд!»-моро мутмаин сохтанд масъулони МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Масъулони ширкати «Авесто Гурӯҳ», ки барои роҳандозии низоми электронии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе тавассути кортҳои нақлиётӣ мувазаффанду ин корро карда истодаанд, низ овозаҳоро инкор намуда, афзуданд, нархи роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятӣ танҳо сохторҳои марбутаи кишвар, аз ҷумла, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор метавонанд бозбинӣ намоянд (Тасаллӣ ёбем? Мо-ку медонем, Хадамоти зиддинҳисорӣ то куҷо «мардумдӯст» асту бо интернету мобил чӣ карда буд?)

Троллейбуси Душанбе-барқ баробари корхонаҳои саноатӣ
Зимни пайгирии ин мавзуъ мо боз бо 1 масъалае бархӯрдем, ки бароямон ғайричашмдошт шуд. Ҳамеша фикр мекардам, ки троллейбусҳои пойтахт аз қувваи барқи ройгон истифода намуда, нархи роҳкиро бояд аз 50 дирам зиёд набошад-дар ин бора хонандагони газета ҳам борҳо гуфтаву навишта буданд. Аммо пас аз таҳқиқи мавзуъ фаҳмидем, ки барои троллейбусҳои Душанбе имрӯз истифодаи қувваи барқ на ройгон, балки ҳатто имтиёзнок нест!!! Солҳои гузашта вақте нархи истифодаи қувваи барқ меафзуд, ҳатман дар қарори ҳукуматӣ барои ККВД «Троллейбус»-ягона корхонаи троллейбусии кишвар нархи истифодаи қувваи барқ алоҳида ҳисоб, муайян ва тасдиқ мешуд. Лек чанд соли охир ин тавр нест ва барқи истифодашаванда барои троллейбус дар баробари нархи корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ҳисоб карда мешавад.
Тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 №473 нархи нерӯи барқ барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон ба андозаи 15% баланд бардошта шуда, ин қарор аз 1.11.2018 мавриди амал қарор гирифт. Тибқи он нархи 1 КВ\с қувваи барқ барои тамоми категорияҳои корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ то ба 47,13 дирам афзуд, аз ҷумла, барои ККВД «Троллейбус» ҳам. Аз ин лиҳоз, нархи роҳкиро дар троллейбус новобаста аз он, ки ҳоло 1 сомонист, бо назардошти ин гуфтаҳои боло метавонад бар зарари корхона бошад…

Нақлиёт басанда аст!
Масъулини МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» мегӯянд, теъдоди нақлиёти истифодаи умуме, ки ҳамарӯза ба кӯчаҳои пойтахт баромада, дар хатсайрҳо фаъолият мекунанд, барои мардум басанда аст. Айни замон ба ҳисоби миёна ҳар субҳ аз корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётии пойтахт 280 адад автобус, беш аз 60 адад троллейбус ва 1400 адад микроавтобусҳо ба кор баромада, ба мусофирони ш.Душанбе хизмат мекунанд. Коршиносони ин муассиса мегӯянд, агар мардум танбалӣ накарда, каме барвақттар аз хона бароянд, роҳат ба кору донишгоҳ мерасанд, лек аксарияти мусофирон, хосса, донишҷӯён, ки маъмулан соати дарсӣ аз 8 шурӯъ мешавад, расо соати 7:30 аз хона мебароянду то истгоҳ чанд қадам намонда, дар дилхоҳ ҷой истода, микроавтобус манъ мекунанд…

Ҳоли ронандаро касе намепурсад!
Саидҷон Валиев, яке аз ронандагони хатсайрҳои микроавтобус дар сӯҳбат бо мухбири мо арз кард, ки аз ҳар тағйироте, ки дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе сурат гирад, пеш аз ҳама ронанда зарар мебинад.
-Гуфтанд, танҳо дар истгоҳ манъ кунед, ин корро кардем, лек мардум моро нафаҳмиданду ҷангу ҷанҷол сар шуд, баъдан талаб карданд, сару либоси ягона пӯшем, маҷбур шудем аз маъмурияти ҷамъиятҳо 40 сомонӣ барои пулчинакҳо ва 120 сомонӣ барои худамон либоси ягонаи махсус бихарем. Пасон, ба хотири баланд гузоштани мусиқӣ флэш-кортҳоро ҷамъ карда гирифтанд, истгоҳҳоро эълон мекардагӣ шудем, лек мусофирон боз даст ба гиребон шуданд. Ин ҳама 1 тараф, санҷишу тафтишҳои бешумори бемаънӣ, рейдҳои хастакунанда, боздоштҳои кормандони Хадамоти танзим ва назорату БДА дар хатсайрҳо, тафтиши худи роҳбарони ҷамъият ронандаҳоро хаста кардааст. Бубинед, нархи маводи сӯзишворӣ то 8-10 сомонӣ баромадааст, аммо роҳкиро тағйир наёфтааст, новобаста аз дур будани масофаҳои хатсайр бо чунин нархи роҳкиро мо танҳо бар зарар кор мекунему боз ҳам мардум норозӣ, - мегӯяд бо таассуф Саидҷон.

Камбудиҳои нақлиёт…
Шӯҳрат Латифов, яке аз фаъолони ҷомеа, ки бештар бо баррасии масоили нақлиёти истифодаи умум дар пойтахт сарукор дорад, камбудҳои имрӯзаи фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанберо тибқи мушоҳидаҳои хеш дар хатсайри микроавтобусии №1 нишон додааст, ки бо иҷозати эшон мо ин ҷадвалро рӯи нашр меорем. Боқӣ, хонандагони азиз худ бубинеду қазоват кунеду бетараф набошед. Мо пайгири ин мавзӯем. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter