ХАБАРИ ДОҒ


Архиви шахсиямро варақ зада, тасодуфан бо ҳамин сурат дучор омадам. Чун ба сардабири СССР тавассути телефон дар борааш гап задам, ба масале «аз забонам дошт!» ва амр кард, ки устод ҳатман хотираатонро дар бораи ин бузургон нависед. Мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

Ману Одинаву Гурминҷу…
Тобистони с.1980 дар Кумитаи комсомолии ш.Душанбе ба ҳайси инструктор кор мекардам ва дар Театри давлатии ба номи А.Лоҳутӣ 1 гуруҳи консертӣ доштам, бо 4-5 навозанда. Бо ин гуруҳ мо ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сафари хидматӣ мерафтем. Барандаи консерти ман он замон Артисти халқии Тоҷикистон Абдуссалом Раҳимов ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов буданд.
1 рӯзи истироҳати моҳи августи с.1980. Ба театр омадам, чун аз рӯзи нақша соатҳои 12 мо барномаи консертиамонро медидем. Вақте дохили театри Лоҳутӣ шудам, дидам, ки устод Одина Ҳошимов ва Мирзоватан Миров дар «фойе»-и театр аксҳоро нигоҳ доранд. Медонистанд, ки ман ин ҷо гуруҳи консертӣ дорам. Хайр, салому аҳволпурсӣ кардем. Вақте таклиф кардам, ки «устод, биёед утоқи корӣ равем, 1 пиёла чой менӯшем». Гуфтанд, майлаш! Аз қазо, дар саҳнаи театр он ҳангом репититсияи кадом 1 спектакл ҷараён дошт. Вақте дар саҳна шуниданд, ки ҳамин ҳоло О.Ҳошим дар театр ҳузур дорад, баъди анҷом ёфтани машқи спектакл бо ҳамон либосҳои саҳнавиашон омаданд: Устод Гурминҷ Завқибеков, Ато Муҳаммадҷонов, Бурҳон Раҷабов, Хушназар Майбалиев, Намоз Ойматов ва дигарон. Хуллас, гирди устод Одина нишастанду суҳбат сар шуд. Хело суҳбати хубу ширин рафт ва устод Одина ба Мирзоватан ишора кард, ки «рав, аз даруни мошин дутора биёр». Миров дуторро овард. Устод аз рубоиёти халқӣ 1 фалак хонд. Дигар ҷумлагӣ роҳат карданд.

Лутфи Гурминҷ-ако
Ва устод Гурминҷ бо лаҳҷаи ба худ хос «ташаккур ҳустод» гуфту қиссаеро нақл кард:
-Аз зоопарк 1 юрх, то есть хирс мегурезад. Дигар ҳама мардум дар ҷустуҷӯи хирс мебароянд. 1 кас мегӯяд, «медведлов», яъне «хирсқапак» ёфтан даркор. Зуд ба куҷое занг заданд ва 1 тан марди помирӣ бо 1 камон ва 1 саг омада, дохили зоопарк шуда пурсид:
-Хайр, чӣ хизмат?
Гуфтандаш:
-Аз клетка хирс гурехтаст.
Вай мард пурсид:
-Олӣ, амон хирс дар куҷо?
Мардум бо ишора нишон доданд, ки хирс дар болои дарахт. Мард лаҳзае болои дарахтро нигоҳ карду камонашро ба дасти 1 кас доду банди сагашро ба дасти нафари дигар ва гуфт:
-Бачао, ман амун болои дарахт мебаром ва то қарибии хирс меравам ва дарахтро меҷумбонам. Амин, ки хирс аз болои дарахт дар замин ҳомада афтид, саги ман омухта аст, зуд меояду аз байни почаки хирс меқапад. Ана дар ҳамин лаҳза шумо бандро дар сару дасту пои хирс тоб диҳеду хирсро бурда дар клеткааш андозед.
Бо ҳайрат аз марди помирӣ пурсиданд, ки пас ин камон барои чист?
Гуфт:
-А, қариб фаромӯш кунам! Мабодо, худам афтидам ба замин, шумо дарҳол сагро паронед…

Лутфи Мирзоватан Миров
Устод Одина вақте чунин маҳфилро дид, дубора дуторро гирифт ва ин ғазали Мавлоноро суруд:
Эй Худо, ин васлро ҳиҷрон макун!
Сархушони ишқро нолон макун!...
Баъд Миров 1 латифаеро аз Ашӯр Сафар нақл кард:
-Рӯзе устод Ашур Сафар дар боғи ш.Кӯлоб дастҳо ба пушт ва пиёда, гулу дарахтонро тамошо карда меравад, ки иттифоқан аз пешаш 1 бачаи ҷавон мебарояду аз ҷайбаш коғазеро бароварда ба устод нишон дода хоҳиш мекунад:
-Устод, ҳамин шеърҳои маро намебинед? Ягон эрод ва камбудӣ дошта бошад, гӯед…
Устод мегӯяд:
-Гӯш кун, додар! Ин ҷо ҷои шеърбинӣ нест. Хонаи маро дидӣ? Рӯзи истироҳат биё, сари 1 дастархон мешинем. Хайр, шояд ягон коса шӯрбо ҳам мехӯрем. Ва дар ҳамон лаҳза шеърҳои туро мебинам…
Донишҷӯ мегӯяд:
-Устод! 1 ҳамкурси дигар дорам, ба ҳадде мухлиси шумо аст, ки… тамоми ашъоратонро азёд медонад. Чӣ мешавад, ки ӯро бигираму хонаи шумо дукаса биёем?
Устод дар посух мегӯяд:
-Додар, маро бигӯӣ, ту худат сари дастурхони ман… зиёдатиӣ!!!
Хуллас, ҳозирин аз чунин 1 маҳфили зиндаву табиӣ ва классикӣ роҳат карданд. Ва ҳар 1 ҳунарманд 1-тоӣ латифа нақл кард. Дар навбат устод Бурҳон Раҷаб «тасаддуқ»-ро хонд. Устод Ато Муҳаммадҷонов бошад 1 порае аз саргузашти даврони донишҷӯияшро дар шаҳри Маскав нақл кард. Ва Майбалиев низ, дар ёдам нест, чизеро ривоят намуд. Баъд дар охир устод Одина мушт бар сина зада гуфт:
-Акаи Гурминҷ, ҳамин Ҷамшеди Исмоил сабки маро мехонад!
Ва Устод аз ман хоҳиш намуд, ки 1 чиз бихон. Он замон акнун нав ҳамон шукуҳу шаҳомати мо буд. Ва аккордеонро гирифтаму шеъри «Анҷум»-и Муҳаммад Иқбол – «Менигарему меравем…»-ро хондам.
Бо ҳамин нишаст-маҳфили зиндаву табиии мо ба охир расид, ки лаззаташ то ҳанӯз, бо гузашти 40 сол, маро тарк накардааст...

Ҷамшеди Исмоил
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter