ХАБАРИ ДОҒ

Давидани гӯсола то дари коҳдон

  • Панҷшанбе, Май 09 2019

Тамом! Хатми афсона барои хурдтаракон!! Истгоҳи охирин барои Аякси ҷавону ғайюру олирутба ва беҳамто-1/2 финали Лигаи Чемпионҳо шуд!!! Шахсан ман гуфта будам, ки финал ҳоло ҷои Аякси Амстердам нест, вале бисёриҳо, ҳатто футболшиноси мо-Сӯҳробшои Фаррухшо бо ман баҳс кардаву шарт гузошт, ки Аякс финал мебарояд ва 100 сомонӣ гарав баст (ӯ баст, ман набастаам, зеро қиморбоз нестам!). Ва баъди оне, ки Аякс дар Ҳотсбурги Англия Тотенхэмро 1:0 шикаст дод, скептикҳо маро таъна ҳам заданд, ки «Ну, и как?»… А ни как!
Ман бовар доштам, Аякс гӯсола аст, ҷавон аст ва таърихи Портуи нозанин дар ЛЧ такрор намешавад…



Фоҷеа дар Амстердам
09.05.2019. соат ба вақти Душанбе 00:00.
«Аякс»:Онана, Мазрауи, де Лигт, Блинд, Таляфико, Шене (Велтман 60), де Йонг, Зийо, ван де Бек (Магалян 90), Тадич, Долберг (Синкгравен 67)
Тренер:Тен Хаг Эрик.
«Тоттенхэм»:Ллорис, Триппер (Ламела 81), Алдервейрелд, Вертонген, Роуз (Дэвис 82), Сиссоко, Ваняма (Лоренте 46), Алӣ, Эриксен, Сон, Моура
Тренер:Почеттино Маурисио.

Дили шаб. Ростӣ, вақте бо талоши Де Лигг ва Зиёи араб Аякс то дақиқаи 35 ҳисобро камаршкиан намуда, 2 гол заду дар ҷамъ 3:0 шуд, дили ман низ сард гашт. Гуфтам, хайр, тақдир ҳамин будааст. То охири қисмати аввал бозӣ комилан бар коми Аякси ҷавон буд ва онгуна, ки ҳатто Оннанаи африқоӣ-дарвозабони амстердамиҳо, бо тамасхур-издевация бозӣ мекарду бе парвову бе тарсу ҳарос тӯбро гирифта, аз миёни чанд англис ба худиҳо пас медод. Бо ҳамин дастаҳо ба танаффус рафтанд…



Генерелиссимус Почеттино
Намедонам дар танаффус Маурисио ба шогирдонаш чӣ гуфт, аммо даври дуввум тамоман Тотенхэми навро дар майдон дидем. Акнун ин он Ҳотсбурги дилшикаста ва он Амстердами худбовар набуданд. Тотенхэм чунон фишореро сар кард, ки талхаи мухлисони голландӣ, ки бархе тавассути интернет аллакай ба бозии финалӣ билет фармоиш медоданд, кафид!
Гашти бозӣ, рушди бозӣ, тактикаи бозӣ 100% дигар шуд. Акнун Сонгу Аливу Эрриксону шариконашон тамоман дигар буданд. Армияи генералиссимус Почеттино, мисли Армияи Сурх-зери раҳбарии генералиссимус Иосиф Сталин, ки аз наздики Маскав юриши барқосоро сари Гитлер сар карда буд, ба пеш ҳаракат карда, пачақу маҷақи Аяксро баровард…



Қаҳрамони Аврупо-Лукас-ако
Лукас Моура, ки усулан дар бозиҳои Тотенхэм бисёри вақт дар «банка» нишастаасту гоҳ-гаҳ касеро иваз мекунад, бо сабаби набуди бозингари калидӣ-Ҳарӣ Кейн аз дақоиқи аввал ба майдон баромад. Аммо дар нимаи аввал он қадар намоён набуд. Баъд маълум шуд, ки генерал Почеттино ӯро, мисле, ки Сталин Жуковро, барои нимаи 2-и набард ҳифз мекардааст. Маҳз Моура дар дақиқаи 55 ҳисобро тағйир додаву дар дақиқаи 59 баробар намуд. Аммо 2:2 бар нафъи Аякс буд. Зеро онҳо дар сафар 1 голи дигар зада буданд.
Аякс низ, рости гап, имконияти голзанӣ дошт, вале 3 маротиба чемпиони ҷаҳон-Ллориси фаронсавӣ англисҳоро наҷот дод.


Бо ҳамин 90 дақиқа анҷом ёфту довар 5 дақиқаи дигар замм кард. 95 дақиқа низ тамом шуд, варзишгоҳ коми худро аз пирӯзӣ ширин мекард. Аммо, ба гуфтаи Бобои Ғулом “не тут-то было!”. Партоби ахирин дар сонияҳои охиринро англисҳо таваккалӣ сӯи дарвозаи Оннана анҷом доданду Моураи олиҷаноб тӯбро соҳиб шуда, бо 1 зарбаи бесобиқа зебо ҳисобро 2:3 намуд.
Стадион мурд! Хапп шуд!!! Ва агар доду фиғони англисҳо намебуд, дақиқан парзании пашшаро мешунидем.
Тотенхэм камбэки беамсол дар таърихи футболи имсола карда, ба финал рафт!
Белиссимо!!! Мо Метавонем!

С. Мизроб
Махсус барои футболдӯстдорони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter