ХАБАРИ ДОҒ

Аз табобати чинӣ безор шудем!

  • Чоршанбе, Май 15 2019


Ҳар субҳ шабакаҳои ТВТ барномаҳои хубу тамошобобро пешкаш мекунанд, ки дар онҳо ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ инъикоси худро меёбанд. Тамошобинон вобаста бо завқ кадом намоиш ё шабакаро бештар мавриди назар қарор медиҳанд. 1 ТВи мо дар намоиши пагоҳирӯзӣ машқи баданро бештар бо баромади Матлуба Каримова пешкаши мухлисон менамояд. Ин хуб аст, лек пайрав дорад, ё не? Зеро деҳотӣ пеш аз оғози намоиш барои хондани намоз, рӯбучин, говҷӯшӣ... барвақт аз пайи дигар кор меравад. Сокини маркази ноҳияю шаҳрҳо бе муҳобот то соати 8-9 мехобанд ё ТВҳои русиро тамошо мекунанд. Чизи дигаре, ки дилбазан шудааст, ин рекламаҳои бешумори ТВҳост. Бештар ролики “Маркази табобати чинӣ” дилгир шудааст. Дар бораи амрози ринит, гайморит, диарея, узвҳои таносули мардонаю занона, гастрит, геморрой бо ҳарорат мегӯянд. Агар ҳини номбаркунии касалиҳо ба хӯрокхӯрӣ машғул бошед, аз иштиҳо мемонед. Чандин таблиғи хислати русӣ доштаи маводу доруҳои гуногун низ танҳо тарҷумаи тоҷикӣ доранду халос. Баъди анҷоми намоишҳои пагоҳирӯзӣ бо гузашти 1 соат такрори намоишҳо сар мешавад. Бояд барномаю намоишномаҳо рангинтар шаванд, чунки имкониятҳои фикрию техникӣ хеле пеш рафтааст...

Зайнулобиддин Ҳусейнов
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter