ХАБАРИ ДОҒ

Газетнависии Фирдавсӣ ва пофишории Гавҳар-апаамон

  • Панҷшанбе, Май 16 2019



(Памфлет-2)

Ин матлабро метавон «курси маҳви бесаводӣ» низ ном бурд, вале чун бовар дорем, ҳукумат Кумитаи забон ва истилоҳотро бар нафаре камсавод бовар намекунад, фикр мекунем, ки шояд Гавҳар-апаи нозанинамон «Шоҳнома» нахондааст, ҳарчанд мегӯянд, «Самаки Айёр»-ро хуб аз бар кардааст. Инак, боз дар бораи эродҳои Г.Шарофзода, ки ба ягона газетаи мардумие, ки шабу рӯз дар набардҳои иттилоотӣ аз Давлати Тоҷикон пуштибонӣ кардаву бо ҳизби наҳзату экстремизму терроризм ва душманони дохиливу берунии Ҳукумати марказӣ дар набард аст, сахт часпидан дорад. Шояд мӯҳтарама ғаразу кинае фардӣ ба мо надорад. Аммо ҷуғрофиё ва маҳалгароиро ҳоло касе комилан радд накардааст. Мо Метавонем!
   
Боби 1. Пофишории Шарофзода
Гавҳар-апа замони ахир, ба фикрамон хоб мекунаду газетаи моро чун зағс-хоби даҳшатнок мебинад. Рӯзу шаб ба чапу рост мусоҳиба паркандаву СССР-ро сиёҳ мекунад. Апаҷон, биёед, рӯирост гӯед, ҳадафатон чист? Бастани 1 газетаи шахсиву обрӯи кишварро латмадор кардан ва ё ягон супориши дигар? Шумо-апаҷони азиз, пас аз нишасти матбуотии булаҷабатон, ки «ҷаҳонро ларзонид», боз дар мусоҳибае дар Оҷонсии расмии иттилоотии «Ховар» гуфтаед, газетаи СССР расман ба Шумо посух надодааст. Ба кадом эродатон, апаҷон, посух надодем? Ва оё посухи мо дар газетаи СССР (№8(545). 21.02.2019), дар памфлети вежае бо номи «Чӣ бояд кард?» посухи расмӣ ба шумо нест? Ё фикр доред, ки бояд чорқатъ шуда пешатон оем?!  Вой бар ин фалсафаи Самаки Айёриатон. Зеро таври маълум, ҳар матлабе, ки нашр мешавад, аллакай пойгоҳи расмӣ мегирад. Камтарак Қонун дар бораи ВАО-ро низ варақ занед, охир.
Ва ҳамакнун боз бар 1 эродатон, ки СССР-ро муттаҳам бар корбасти калимаҳои ғайр мекунад, посухи бунёдӣ медиҳем, то донед, ки агар фаҳму дониши Шумо намерасад, ин ба маъное нест, ки он калимаҳои таҳримии Шумо ғалат ва ё хориҷӣ ва ё русиянд. Баъди ин дигар ҳаволаатон бар Худо, метавонед, ба сайтҳои оппозитсия низ мусоҳиба дода, моро сиёҳ кунед. Ва аммо мо омодаем, дар дилхоҳ додситониву додгоҳ ва маҷлиси вежа миёни академикҳои Тоҷик бо Шумо дар ин бора баҳс кунем, ки вожаҳое, ки Шумои азиз, апаҷон, ғайри қобили истифода мепиндоред, айни истифода ва сирф Тоҷикии паҳлавиянд. Рафтем, апаҷон?
Мо Метавонем!



Боби 2. Бесаводии Фирдавсӣ (аз рӯи меъёри Шарофзода)…
Газиту хироҷ-он чӣ буд, ном бурд,
Ба 3 рӯзнома ба мӯбид супурд!
Фирдавсӣ
Газета-ба маънии пули кӯчакест, ки дар Риму Юнони қадим бо он эълонномаҳоро харидорӣ мекарданд. Аз ҳамин ҷо рӯзнома, моҳнома, гоҳномаҳоро газета меноманд. Газета дар забони матбуоти тоҷик, ба вежа, дар даврони шӯравӣ зиёд истеъмол мешуд. Вале чун насими озодӣ бо боди поккории забон ба долонҳои торики мо ворид шуд, журналистони мо низ шурӯъ карданд, ба поксозии ин забон ва онгуна, ки ҳамон масали «саллаву калла»-ро ёд меоранд.
Ҳадафи ман дар ин матлаб ин аст, ки масъулини ин ва дигар ниҳодҳо бояд донанд, ки «газит, газет, газид» вожаи сирф форсист, на юнониву румӣ ва на русӣ!!! Зеро Абулқосим Фирдавсӣ газет-газит менавишт:
Газеташ бидоданд, шоҳон ҳама,
Ба пешаш дили некхоҳон ҳама! (Шоҳнома, қисми 6, саҳ.82 –варианти тоҷикӣ. Боби «Подшоҳии Лӯҳросп, ки 120 сол буд»)
Ва ҷои дигар, апаҷон, ҳамин Фирдавсӣ, ки агар дар даврони мо мебуд, ниҳоди зертобеи Шумо ҳатман ҷаримааш мебаст, менависад:
Шаҳаншоҳи Эрон чу дид он шигифт,
Хироҷу газид аз ҷаҳон баргирифт.
Газит, газет ва ё газид дар фарҳангҳо ба ин маънӣ омадааст: хароҷ ва заре, ки аз куффор гиранд ва муарраби он ҷизя бошад («Ғиёс ул луғот») ва газид – ба маънии боҷу хироҷ ва ба маънии ҷизя, ки аз куффор ситонанд («Сироҷ»). Вале чун Фирдавсӣ роҷеъ ба давроне менависад, ки то ислом будӣ, пас «Ғиёс ул улғот»-у «Сироҷ» ва «Бурҳони қотеъ» бо ин ҳама иззат, ки пеши мо доранд, дар ин маврид саҳеҳ нестанд. Маънии газит, газид, газетро «Фарҳанги забони тоҷикӣ» комилтар овардааст:
-Газид, газит, гизят- андозе, ки аз аҳолии ғайри дини ҳукмрони мамлакат гирифта мешуд…
Воқеан ҳам бар тибқи ин луғат, Шумо метавонед Дақиқиро низ ҷарима бандед, апаҷон. Он «нодон» низ калимаи ғайритоҷикии урусиро истифода бурда навиштааст:
Чу пирӯзии шоҳатон бишнавед,
Газите ба озарпарастон диҳед! (Дақиқӣ)
Низомии Ганҷавиро намегӯед? «Штраф»-и тап-тайёр, ки менависад:
Гаҳаш Хоқон хироҷи Чин фиристад,
Гаҳаш қайсар газити дин фиристад.
Ҳамон Фирдавсӣ нотарсона аз ҷаримаҳои ниҳоди зертобеи Шумо боз ҳам меафзояд:
     Шаҳи Барбаристону шоҳони Ҳинд,
     Газеташ бидоданду шоҳони Синд.

Хотима: Курушро бояд ҷарима кард!!!
Ва газет ин хироҷи кӯчактарин аст, ки тобеъони дини ҳукмрон медодаанд. Дар даврони салтанати Куруши Кабир ва умуман соири Каёни иронӣ ҳар дини роиҷ озод буд ва аммо барои рушди ҳамон оини Оташ аз ҷонибдорони адёни дигар пули ночиз, боҷ, газит (ҷарима мебандем, ё не?) ситонида мешуд, то мардуми он кеш ба оҳистагӣ вориди дини Зардуҳушт шаванд. Пас, чун Руму Юнон ҳам тобеъи Эрони Бузург будаву ба дини ҳукмрон «газет, газит» медодаанд, хулоса метавон кард, ки ин вожа аз паҳлавӣ-форсӣ ба ин забонҳо ворид шудааст ва «газет» корбаст кардани бандаи бесавод, дар ГАЗЕТи худ корбурди саҳеҳ ва беғалати ҳамин калима аст, ки мутаассуф, онро масъулини зертобеатон бо ҳукми Шумо, апаҷон, ҳамчун вожаи «бегона» мамнуъ эълон кардаанд!
Ҳадаф аз ин матлаб чормағз шикастан сари масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот нест, балки ҳушдор ба ҳама ҳамкасбон низ ҳаст, ки аз тарси «штрафу таҳдидҳои Шарофзода» аз истифодаи «газет-а» ор накунанд, зеро он тоҷикии паҳлавист!
Паҳлавӣ орӣ аз маънии паҳлавонӣ ҳам нест, зеро мардони шуҷоъ ва диловарро паҳлавӣ мегуфтанд («Бурҳони қотеъ», «Мунтахаб-ул Луғот» ва «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»). Зимнан, апаҷон, мо, ки паҳлавиёнем, дигар моро ин қадар натарсонед. На-ме-тар-сем! Вале Шумо ҳатман 1 бор Шоҳномаро варақ занед! Он гаҳ биёеду баҳс кунем, сари вожаҳои дигаре, ки аз назари мӯшикофонаи Шумо таҳдид бар забони беш аз 6000-солаи Тоҷик доштаанд…
Дар миён сари чанд миллион сомонӣ ҷудо шудан ба Кумитаи зертобеи Шумо, дар кадом самт харҷи онҳо, чи дастовардҳои назаррасро поин бурданатон дар ин даврони тӯлонии сарвариатон дар ин Кумита низ сӯҳбат мекунем. Мегӯянд пули андаке набудааст-ку?!
Мо Метавонем!

С. Мизроб
Сардабири ГАЗЕТи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter