ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Суғд рав!

  • Чоршанбе, Май 22 2019

Дар шумораҳои гузаштаи газета 1 сокини вил.Суғд шикоят кард, ки даромадан ба назди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар рӯзи қабули шаҳрвандон хеле мушкил асту на ҳама метавонанд ба ин имкон ёбанд. Новобаста аз вокуниши МИҲД дар вилоят, ки дар шумораи ахирӣ нашр шуд, мухбири газетаи СССР бо мақсади ошноӣ бо вазъ ва иштирок дар рӯзи қабули Аҳмадзода охири ҳафтаи гузашта ба в.Суғд сафар ва ҳамчун шаҳрванди оддӣ дар он ширкат карда, дар баробари ин аз мавзеҳои нави сайёҳии вилоят, ки объектҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ низ дидан кард. Мо Метавонем!

Пиронсолону маъюбон дар навбати аввал!
11.05.2019. Соат бо вақти Суғд 7:45 дақиқа. Ба бинои МИҲД дар в.Суғд наздик шудам. Назди даромадгоҳ танҳо 2-3 нафар истода, бо навбат вориди бинои ҳукумат мегаштанд. Ман ҳам «ба қабули раиси вилоят омадаам»-гуфта, гузаштам. Касе аз маъмурон чизе нагуфту ҳатто ҳуҷҷат напурсид, баръакс «марҳамат, дароед, дар толор намояндаҳо ҳастанд, шуморо бо навбат номнавис мекунанд»-гуфта, роҳнамоӣ карданд. Дар ошёнаи 1-и бинои ҳукумат намояндагони шӯъбаи умумӣ шаҳрвандони омадаро бо навбат номнавис карда, ба толори қабул пеш аз ҳама пиронсолон, нафақахӯрон, маъюбон ва наврасонро роҳнамоӣ мекарданд. Тибқи дастури вежаи раис ин қишри ҷомеа ва нафароне, ки аз роҳи дур-аз Панҷакенту Айниву Деваштичу Исфара ва Ашт меоянд, дар мадди аввал қабул мешаванд. Беҳтарин дастур!
 
Қабули 75 нафар дар 4 соат!!!
Соат бо вақти Суғд 8:00 дақиқа. Раҷаббой Аҳмадзода ба толор даромада, ба шунидани арзи шаҳрвандон шурӯъ мекунад. Дар 1 тарафи толор тамоми масъулини вилоят, сар аз муовини аввалу муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатҳову шӯъбаҳо ва идораҳои дахлдор нишастаанду сӯи дигар шаҳрвандон-имкони хуб барои рӯбарӯ, ба қавли хуҷандиҳо «дар ҷояш» ҳаллу фасли масъаларо доранд. Сокинони вилоят аз раис бештар дар бораи кам будани нафақа, хосса, нафақаи маъюбӣ, нодуруст будани қарорҳои солҳои қаблӣ барои қитъаи замин имзошуда, норасоии оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳалливу селроҳа, набуди манзили зист, заминҳои бекорхобида, кӯмаки ғизоӣ, дастгирии кадрҳои ҷавон шиква менамуданд. Қабули раис то соати 12-и рӯз давом дошту аз рӯи ҳисоби ман шумораи сокинони барои арзу шикоят омада, ба 75 нафар расид…

6508 иншооти ҷашнӣ-рақами рекордӣ!
Тавре аз шӯъбаи таҳлиливу иттилоотии МИҲД дар вилоят хабар доданд, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳру навоҳӣ бунёди 6508 иншооти ҷашниро ба нақша гирифтаанд, ки аз ин теъдод то ҳол аллакай 1352 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, он баробар 104% аз нақшаи имсола аст. Феълан, дар шаҳру ноҳияҳо сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 6508 иншоот, аз ҷумла, бинои 96 муассисаи томактабӣ, 307 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 37 китобхона, 57 қасри фарҳанг, 32 боғи фарҳангу фароғатӣ, 20 гулгашт, 37 беморхона, 94 бунгоҳи тиббӣ, 79 маркази тиббӣ, 10 таваллудхона, 105 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 50 дорухона, 254 сартарошхона, 144 ҳаммом, 204 толори кошонаи ҳусн, 307 маркази савдо, 363 маркази хизматрасонӣ, 125 толори варзишӣ, 295 майдончаи варзишӣ, 82 майдонча барои бозии бачаҳо, 42 меҳмонхона барои қабули сайёҳон, 300 корхонаи истеҳсолӣ ва 3468 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ-493, Ашт-301, Б.Ғафуров-1172, Бӯстон-162, Гулистон-239, Деваштич-319, Зафаробод-316, Истаравшан-450, Истиқлол-101, Исфара-376, Кӯҳистони Мастчоҳ-107, Конибодом-500, Мастчоҳ-306, Панҷакент-415, Спитамен-373, Хуҷанд-500, Ҷ.Расулов-310 ва н.Шаҳристон 68 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
 
Киштии “Темурмалик” ва роҳи танобӣ
Суғдиҳо мегӯянд, тарабхонаи “Темурмалик”, ки ҳамчун киштии рамзӣ сохта шуда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати боғи К.Хуҷандӣ ҷойгир аст, дар якҷоягӣ бо роҳи танобӣ имрӯз фахри онҳост. Ин киштии рамзӣ-тарабхона зимни сафари кории Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба вил.Суғд дар рӯзҳои аввали моҳи апрел ифтитоҳ ва айни замон ба макони писандидаи дӯстдорони хӯроки баҳрӣ табдил ёфтааст. Ин ҷо ошпазони моҳир ҳатто аз ҳаштпо (осьминог) бароятон таъоми лазиз омода менамоянд! Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи 1 тарабхона бо 200 ҷои нишаст ва дар ошёнаи 3 майдончаи тобистона сохта шудааст. Тарабхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ-роҳбари ҶДММ “Абдурашид” Абдурасул Раҷабов сохта шуда, ба хотири гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат номи қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмаликро гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки роҳи танобӣ низ маҳз бо ташаббуси А.Раҷабов сохта шуда, он аз 1025 метр иборат аст. Таҷҳизоти онро аз Хитой оварда, аз рӯи технологияи муосир дар баландии 35 метр насб кардаанд. Он аз 47 кабина иборат буда, дар 1 вақт метавонад ба 160 нафар хизмат расонад. Чиптаи сафар дар роҳи танобӣ ба 1 самт 15 сомонӣ ва рафту баргашт 30 сомониро ташкил дода, барои кӯдакони то 7-сола 1 сомонӣ арзиш дорад. Қисми асосии роҳ аз болои дарёи Сир гузашта, барои аксарият таҳлукаовар аст, вале мухбирони СССР, ки нотарсу далеранд, аз чунин баландиҳо натарсида, онро убур карданд! Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter