ХАБАРИ ДОҒ

Мо ва рейди мо: Даҳшати нарх дар бозорчаи «Яккачанор»

  • Чоршанбе, Май 22 2019

1 кг помидор-16 сомонӣ!
14.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 10:45 дақиқа. Дар тамоми гӯшаҳои ин бозор, сар аз гӯшаи деҳқону ба ном ярмаркаи кишоварзӣ нархи 1 кг помидор 16 сомонӣ арзиш дошт! Хеле гарон! Вақте ки ҳамин ҳоло нархи 1 кг помидор дар бозори «Деҳқон» 8-10 сомонист, пас чӣ гуна он дар бозорчаи «Яккачанор» то ба 16 сомонӣ мебарояд!? «Паразитҳо»-миёнаравҳои бозорчӣ дар байни ним соат нархро 2 маротиба бардошта, ба халқи зудбовару бехабар мефурӯшанд. Ку, инсофу виҷдон? Шоҳидон мегӯянд, бегоҳ, қабл аз ифтор аз беназоратии кулл истифода карда, тоҷирон нархи помидорро то 25 сомонӣ мебардоранд! Душанбе неву Камчатка аст ин ҷо?
Нархи 1 кг бодиринг 3-4 сомонӣ, 1 кг қулфинай-16 сомонӣ (қаблан 4 сомонӣ буд), гелос 16-18 сомонӣ, зардолу 6-8 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ, сабзӣ 2,5-3 сомонӣ, картошка 3-3,5 сомонӣ арзиш дошт. Нархҳое осмонбӯс ва даҳшатовар! Ҳатто дар гаронтарин бозори пойтахт-«Меҳргон» низ имрӯз нархи пиёзу картошка ва меваҷот нисбатан арзон аст!

КВД ба куҷо менигарад?
Бозорчаи «Яккачанор» зертобеи КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» аст ва тибқи он бояд яке аз арзонтарин бозорҳои пойтахт бошад-таъминоти бевосита ва бидуни миёнаравҳо. Лек ин тобеият танҳо дар коғаз асту халос, боқӣ боз ҳамон савдогарону фурӯшандаҳо субҳи содиқ аз бозори «Деҳқон» маҳсулоти кишоварзиро яклухт харида меоранду то поси шаб, ба қавле майда карда мефурӯшанд. На истеҳсол аст, на харид, на захира ва на таъминот! Вой бар ҳоли чунин корхонаву ин бозораш!

Дар ҳамин маврид:
Забҳи 500 сар гов дар Рамазон
Умар Алиматов, директори генералии ҶСП «Таҷам» ва яке аз соҳибкорони шинохтаи тоҷик дар моҳи шарифи Рамазон тасмим гирифтааст то 500 сар говро ҳамарӯза кушта, ба бозорҳои пойтахт барорад ва сокинони ш.Душанберо бо гӯшти тару тоза ва арзон таъмин намояд. Бо дастури ӯ ҳамарӯза 25 сар чорво забҳ шуда, то 5 тонна гӯшти гов ба 3 бозори коммуналии пойтахт-«Меҳргон», «Саховат» ва «Деҳқон» бароварда, бо нархи 40 сомонӣ ба мардум пешкаш мегардад. Ин иқдоми нахустини ин соҳибкори тоҷик нест, 2 соли гузашта низ дар моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори ӯ то 1000 сар чорво забҳ ва барои нигоҳ доштани нархи ягонаи гӯшт дар бозор равона мешуд. Худи Алиматов дар сӯҳбати сарироҳӣ бо мухбири СССР, ки субҳи 14.05.2019 дар бозори «Саховат» гуфт, ин хайрро ба хотири амну суботи ҷомеа, танзими нарху наво, хосса, нархи гӯшт ва пеш наомадани ҳаёҳӯй дар бозорҳои пойтахт анҷом дода, мақсаду ҳадафаш танҳо хидмат ба мардум ва давлати тоҷик аст.
- Мо соҳибкорем ва тиҷорати худро дорем, чаро аз фоидаи он ба мардум хидмат накунем? -таъкид дошт ӯ дар охири сӯҳбат.
Аҳсант! Кош теъдоди чунин ҷавонмардони тоҷик афзун мегардид, зеро агар боз чанд нафари дигар мисли Алиматов пайдо мешуд, дар Душанбе проблемаи гӯшти гов, алалхусус норасоии он ва нархҳои ҳангуфташ аз байн мерафт!

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter