ХАБАРИ ДОҒ

Марзи қирғиз-иғво, роҳбандӣ ва харобкорӣ

  • Чоршанбе, Май 22 2019

Субҳи 23.05.2019 сокинони маҳаллаи Кок-Тоши деҳаи Оқсойи н.Боткон девори манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шаҳрванд Анвар Иброҳимовро вайрон карда, афтондаанд.
    Бино ба иттилои Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш.Исфара, нисфирӯзӣ бошад тақрибан 100 нафар сокинони маҳаллаи Кок-Тош, ки аксарият ҷавонон буданд, дар ҳудуди чорроҳаи Кок-Тош, дар назди бинои қисми маҳаллии милитсия, воқеъ дар маҳаллаи Кок-Тоши деҳаи Оқсойи н.Боткон ҷамъ омаданд.
   Тибқи ахбороти аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ расида, сокинони маҳаллаи Кок-Тош роҳи гузар аз маҳаллаи Сомониёни боло ба сӯйи маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро аз соати 14-00 то 16-00 баста, ба равуои мардум монеа эҷод кардаанд.
    Дар натиҷаи корбарӣ ва гуфтушунидҳои раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо роҳбарияти н.Боткон ва тадбирандешии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу дигар сохторҳои марбута вазъият ба эътидол оварда шуда, роҳ дигарбора боз гардид.


 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter