ХАБАРИ ДОҒ

Супермаркетҳои пойтахт ГУЗАРОНДАНД!

  • Чоршанбе, Май 29 2019

 

Аз ҷониби шаҳрдории Душанбе тавсия шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи 1 кг гӯшти гов дар бозор ва марказҳои савдои пойтахт набояд аз 40 сомонӣ гаронтар фурӯхта шавад. Вале тавре дидем, масъулони марказҳои савдои «Ёвар»-у «Пайкар» ва «АШАН» аз дастури Рустами Эмомалӣ сарфи назар карда, гӯштро 17-19 сомонӣ гаронтар аз нархи тавсиядодаи мири шаҳр мефурӯшанд! Магар ин нописандӣ нисбат ба қарори шаҳрдорӣ нест???

  
«Ёвар»: Гӯшти гов 57 сомонӣ!
17.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 17:З0 дақиқа. Дар маркази савдои «Ёвар», аниқтараш дар маркази савдои гӯшти он («Мясной маркет») одам зиёд буд. Ба назар мерасид, мардум ҳарчӣ медиданд, ҳатман мехариданду ин ҳолат ҳам солҳои қаҳтиву гуруснагиро ба ёд меовард ва ҳам аз он дарак медод, ки гӯё пас аз моҳи шарифи Рамазон дигар рӯзгору зиндагӣ ба охир мерасад!
Дар «Ёвар» нархи 1 кг гӯшти гов-57 сомонӣ! Боз ҳам ин дар маркази калонтарини гӯштфурӯшии пойтахт! Гӯшти гӯсфанд бошад 46 сомонӣ. Чӣ тазоде-солҳои қаблӣ аз ҳама гаронтар дар бозор нархи гӯшти гӯсфанд буд, ҳам гарон ва ҳам камчин, ҳоло нархи гӯшти гов болотар шуд! Новобаста аз ин мардум кило-кило гӯшт мехариданду дили ман ба пули онҳо месӯхт. Чуноне ки сардабири СССР Сайёфи Мизроб дар яке аз матлабҳои худ навишта буд, мардум воқеан ҳам 7-8 килоӣ гӯшт мехарид-шояд ин одати нав байни пулдорони тоҷик шуда бошад? Вале мисли ман мардуми коргар, ки маоши миёнааш 850 сомонист, чӣ гуна метавонад аз гӯшти гарони «Ёвар» лоақал 2 кг бихараду 2 моҳ бихӯрад?! На танҳо нархи гӯшт, балки нархи паниру ҳасибу анвои дигари гӯштӣ дар Ёвар нисбат ба бозору марказҳои савдои «Садбарг» ба маротиб гарон буду, то 3-4 сомонӣ фарқ мекард. Чаро пишаки Ёварро касе пишт намегӯяду ҳама ба бозору савдогарони кӯчагӣ часпидаанд? Ин ҷо чӣ сиррест???

«Пайкар»: Гӯшти гов 59 сомонӣ!
18.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 17:30 дақиқа. Боз ҳам дар вақти «час-пик»-и харидорон ба маркази савдои «Пайкар»-супермаркети элитаи тоҷик медароям. Ин ҷо низ мардум хеле зиёд асту ба қавли бибиам ароба-ароба харид доранд. Ҳанӯз ба растаи гӯштфурӯшӣ нарасида, аз анбӯҳи одамон, ки барои хариди мағзу мавиз ва хушкмева дар навбат истодаанд, мегузарам. То иди шарифи Рамазон 2 ҳафта бештар вақт ҳаст, лек мардуми мо мисли он, ки гӯё ид фардо бошад, 1 килоӣ он сӯ истад, 3-4 килоӣ мавизу бодому пиставу хурмо мехариданд. Нархи 1 кг мавиз аз 134 сомонӣ ва бодом аз 99 сомонӣ кам набуд! Дар бораи қимати қанду қандалоту шириниҳои «Пайкар» чизе намегӯям, зеро дар ин бора алоҳида хоҳам гуфт.
Ба растаи гӯштфурӯшӣ мегузарам. Ин ҷо низ амсоли «Ёвар» нархҳо осмониву ҳангуфт. Нархи 1 кг гӯшти гови устухондору равғандор 49,90 сомонӣ, нархи 1 кг гӯшти гӯсфанд 46 сомонӣ, нархи 1 кг гӯшти лаҳм-59 сомонӣ! Ба ин нигоҳ накарда, мардум мехариданд ва боз ҳам на кам аз 3-4 килоӣ! Нархи равғани гову гӯсфанд ва устухони холӣ, ҷигару забони гов нисбатан арзон буд, аммо боз ҳам назар ба бозор гарон…

«АШАН»: Ҷои арзонӣ қиматфурӯшӣ!
19.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 17:30 дақиқа. Мисли «Ёвар»-у «Пайкар» дар «АШАН» низ ҷои поймонӣ нест-мардум ароба-ароба харид доранд. Бояд гуфт, ки шабакаи марказҳои савдои «АШАН», ки дар асл бренди фаронсавӣ буда, айни замон дар дунё 3083 гипермаркет доранд, барои мардуми даромадаш миёна ва ниёзманд бунёд ёфтааст. Дар тамоми ҷаҳон ба гипермаркетҳои «АШАН» ҳамчун ҷои хариди табақаҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ниёзманд менигаранд ва дар «АШАН»-ҳо маҳсулоти нисбатан арзон ва бо тахфиф фурӯхта мешавад. Лек, мутаассифона, «АШАН» ба Тоҷикистон омада, аз ин мақсади худ фаромӯш кардаву нархҳои «АШАН»-и тоҷик ҳоло аз супермаркетҳои «Ёвар»-у «Пайкар» ҳеҷ мондание надоранд! Нархи 1 кг гӯшти гов дар ин «гипермаркети арзон» 59 сомонист!!! Чӣ равғану устухондор ва чӣ гӯшти лаҳм 1 нарх дошт-59 сомонӣ! Яъне 19 сомонӣ гаронтар аз нархи пешниҳодкардаи Раиси ш.Душанбе! Ва на танҳо гӯшт, балки маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва нониву шириниҳо низ дар АШАН гаронтарин буд.
Дӯст ва ҳамкорам Шарифхони Тағоймурод чанд рӯз пеш пас аз арзу шикояти мардум аз вазъи нарху навои бозор, хосса, гӯшти гов, дар шабакаи фейсбукиаш навишт, ки агар аз нархи бозор менолед, пас «АШАН» раведу харид кунед. Вале ҳоло ман пас аз боздид мегӯям, ки на танҳо ба «АШАН», балки ба «Ёвар»-у «Пайкар» ҳам наравед, зеро зӯри киссаатон намерасад. Беҳтараш ба бозор равед, бозори оддии колхозӣ-коммуналии худамон!

Қарори Рустами Эмомалӣ ба «Ёвар»-у «Пайкар»-у «АШАН» дахл надорад?
Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе пешопеши фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо мақсади пурғановат кардани хони сокинони пойтахт бо маҳсулоти арзону босифат ва пешгирӣ намудани ҷаҳиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия бо 1 қарори вежа ба тамоми маъулони бозорҳои пойтахт, маъмурияти марказҳои савдо ва соҳибкорони алоҳида дастур дод, ки болоравии нархро пешгирӣ намуда, барои таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати арзон кӯшиш ба харҷ бидиҳанд. Аз ҷониби шаҳрдорӣ тавсия шуд, ки нархи 1 кг гӯшти гов дар бозор ва марказҳои савдо набояд аз 40 сомонӣ бештар фурӯхта шавад. Вале тавре мебинем, масъулони марказҳои савдои «Ёвар»-у «Пайкар» ва «АШАН» аз ин дастури Р.Эмомалӣ сарфи назар карда, гӯштро бо нархи гаронтарин дар кишвар мефурӯшанд, ки боиси таассуф аст. Шояд онҳо гӯянд, ки сектори хусусианду касе набояд ба онҳо кор дошта бошад? Хато мекунед! Дар пойтахт фаъолият дореду ҳамарӯза ҳазорҳо сомонӣ фоида меоред, пас шумо дар навбати аввал бояд дар паҳлӯи шаҳрдорӣ бошед! Агар наметавонед, пас ҷойро холӣ кунед! Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter