ХАБАРИ ДОҒ

Кӣ сабабгори ҳаёҳӯй ва ҷаҳиши нарх аст?

  • Чоршанбе, Май 29 2019

 

Гирди номи Фаррух Хушвахтов вақтҳои охир ҳарф зиёд аст. Эшон, ки масъули таъмини бозорҳои коммуналии пойтахт бо маҳсулоти тарутоза мебошад, чаро то ин дам лаб ба хомӯшӣ зада, барои нигоҳ доштани нарху роҳ надодан ба эътирози мардум дар рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон коре накард? Ҳол он, ки тибқи иттилои мо барои таъмини бозорҳо ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» аз ҷониби шаҳрдории пойтахт, хосса, раиси ш.Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, беш аз 30 млн. сомонӣ ҷудо гаштааст! Маблағи кам нест ва хеле аҷиб аст, ки он ба куҷо ва барои чӣ сарф гашта бошад?


Бо гузашти 2 ҳафтаи аввали моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум, хосса, гӯшт ва маҳсулоти гӯштиву ширию нонӣ иваз нашуда, баракс, рӯ ба қиматшавӣ дорад. Бо супориши редаксия мухбирони СССР рейдҳои хешро ин ҳафта дар калонтарин бозорҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанду Бохтар идома дода, нархҳои бозорҳои минтақаҳои кишварро бо бозорҳои пойтахт қиёс карданд.

Дӯконҳои бастаи «Сафариён»
18.05.2019. Соат ба вақти Душанбе 9:00 дақиқа. Бозори «Сафариён» ё ба қавле бозори «Автовокзал»-у «Аҷина-бозор» дар ин соат камодам аст. Ҷолибтарин чизе, ки дарҳол ба назар мерасад ин дӯконҳои бастаи гӯшт бо навиштаи «Ба иҷора дода мешавад!» аст. Ба ҳисоби мо ин субҳ 12 дӯкони гӯшт дар «Сафариён» баста буду дар 3-4 дӯкони кушода нархи 1 кг гӯшти гов 40 сомонӣ! Гӯшти хуб кам буд, ба ҷои гӯшт ҷигару шуш ва забони говро бо чарбу низ ба растаҳо гузоштаанд. Гӯште, ки 40 сомонӣ арзиш дошт, ба назар рангпаридаву серравған менамуд, шояд ин аст, ки мардум як-як ба дӯкон наздик шуда, ба сифати гӯшт назар мекарданду мерафтанд-гӯшти пастсифати «Сафариён» харидор надошт! Нархи маҳсулоти дигари кишоварзӣ дар ин бозор субҳи рӯзи шанбе чунин буд: 1 кг картошка-2,2-3,2 сомонӣ, сабзӣ-3 сомонӣ, пиёз аз 1,6 то 3,5 сомонӣ, 1 кг помидор-12 сомонӣ, 1 кг бодиринг-4-5 сомонӣ, 1 баста тухми мурғ, ки то ин дам 22-23 сомонӣ арзиш дошт, 27-30 сомонӣ...

«Ҳоҷӣ Шариф» низ қафо намонд!
18.05.2019. Соат ба вақти Бохтар 11:10 дақиқа. Нархи 1 кг гӯшти гов дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф» 42-43 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд-44 сомонӣ, гӯшти буз-44 сомонӣ, гӯшти мурғ-21-22 сомонӣ, 1 дона тухм 0,80-1 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ-13-15 сомонӣ, 1 халта орд-60-180 сомонӣ, сабзӣ-3-3,30 сомонӣ, пиёз-2,50-3 сомонӣ, картошка-2,50-3 сомонӣ, бодиринг-2,50 сомонӣ, помидор-7-15 сомонӣ, 1 кг қаламфури булғорӣ-7-15 сомонӣ, 1 кг биринҷ-8-18 сомонӣ, қанди сафед ва шакар-6,5-7 сомонӣ! Нархи 1 кг себ 5-14 сомонӣ, зардолу 3-4 сомонӣ, нок-3-15 сомонӣ, мандарин-8-10 сомонӣ, олуча-14 сомонӣ, шафтолу-15 сомонист. Нархҳои мазкур аз тарафи масъулини бозор барои ҳукумати шаҳр расман пешниҳод шудаанд, вале дар асл он нисбат ба арзиши расмӣ аз 5 то 10% баландтар аст. Аксарияти мардуми минтақаи ш.Бохтар дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз қассобон шиква карда, навиштанд, ки гарчанде арзиши 1 кг гӯшт дар бозорҳои шаҳр 42 сомонӣ бошад ҳам, ҳини баркашидан, ба он то 300 гр чарбу илова мекунанд. Дар ҳамин маврид Шерматов Маҳмадсабур, сокини ш.Бохтар ба мухбири СССР занг зада гуфт, ҳамин ҳоло аз бозори «Ҳоҷӣ Шариф» 2 кг гӯштро дар 90 сомонӣ харидааст…

«Панҷшанбе»-гӯшт 52 сомонӣ!!!
19.05.2019. Соат бо вақти Хуҷанд 10:30 дақиқа. Новобаста аз он, ки дар аксарияти растаҳои гӯштфурӯшии бозори «Панҷшанбе» нархи 1 кг гӯшти гов 40 сомонӣ навишта шудааст, бархе аз қассобон лаҳм гуфта, гӯшти гови босифати камустухонро 52 сомонӣ фурӯхта истодаанд! Бояд гуфт, дар бозорҳои ин вилоят қассобон гӯшти говро ба 2 навъ ҷудо ва савдо мекунанд-гӯшти устухондору равғандор ва лаҳми бе устухону равған. Мардум мегӯянд, сифати гӯшти гове, ки ҳамарӯза дар ярмаркаи шаҳрдории Хуҷанд, ки дар шафати Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ 40 сомонист, беҳбудӣ мехоҳад. Нархи маҳсулоти дигари кишварзӣ дар бозори «Панҷшанбе»-и ш.Хуҷанд дар ин соат чунин буд: 1 кг картошка 2,5-3,5 сомонӣ, пиёз-2,5-3 сомонӣ, сабзӣ-3 сомонӣ, 1 кг гелос-12-15 сомонӣ, зардолу 4-5 сомонӣ, қулфинай-8-10 сомонӣ, шафтолу-12-15 сомонӣ…

«Деҳқон»: гӯшт фаровону мева гарон!
19.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 18:30 дақиқа. Ба ин бозори калонтарини яклухтфурӯшии пойтахт махсус дар ин вақти шом омадем, зеро бозорҳо айни замон 2 вақти «час-пик» доранд: яке субҳи барвақт ва дигаре пеш аз намози шом. Ба растаи гӯштфурӯшӣ, ки дар даромадгоҳи асосии бозор ҷойгир аст, роҳ пеш гирифтем. Тамоми дӯконҳо кушодаву гӯшти гов фаровон! Шояд таъсири танқидҳои матбуот бошад, ё ҷилавгирии мақомоту раҳбарияти бозор, ки ҳамакнун бо нархи 40 сомонӣ метавон 1 кг гӯшти хуби гов харид. Мешудаст-ку! Чизи дигаре, ки дар ин бозор моро нигарон кард-ин нархи меваю сабзавот буд, ки нисбат ба 2 ҳафта пеш гаронтар ба назар мерасид. Нархи 1 кг гелос 15 сомонӣ, қулфинай-6-7 сомонӣ, зардолу-4-10 сомонӣ, шафтолу-12 сомонӣ, помидор 8-10 сомонӣ, бодиринг-2,5-4 сомонӣ, пиёз 2,5-3,5 сомонӣ ва қаламфури булғорӣ-12 сомонӣ буд. Картошкаи ҳосили навро дар бозори «Деҳқон» метавон бо 2-2,5 сомонӣ харид, вале нархи картошкаи ҳосили кӯҳна ба маротиб гарон буд: 3,5-4 сомонӣ барои 1 кг!

Кӣ сабабгори ҷаҳиши нарх дар бозор аст?
Тавре мушоҳидаҳои мухбирони СССР нишон медиҳад, нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия бо гузашти 2 ҳафтаи аввали моҳи шарифи Рамазон каме ба эътидол омадааст. Имрӯз дигар мардум барои харидани гӯшти гов даст ба ҳаёҳӯй намезананду нархи меваю сабзавот низ дар аксари ҳолатҳо қонеъкунанда аст.
Бошад, ки мақомоти бозорҳо ва КВД «Оид ба истеҳсол,  харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» нархро комилан ба танзим дароранд. Дар сурати акс, онҳо, барои дарси адаб ба дигарон, бояд куллан ба истеъфо раванд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

М.Аминзода,
Б.Абдуссалом
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter