ХАБАРИ ДОҒ

Вақте одамро сар мебурранду дар Фейс ба ҷаллодон тасаллият мекунанд

  • Чоршанбе, Май 29 2019


Тибқи иттилои манобеи хабарӣ, дар ҷараёни амалиёти саркӯби ошӯб (бунт)-и шаби 19.05.2019 дар зиндони №3/2-и ш.Ваҳдат нафароне, ки саркардагони ин ошӯб номбар мешуданд, аз ҷумла, Беҳрӯзи Гулмурод ва Фахриддин Гулов - писар ва ҷияни полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, кушта шудаанд. Ошӯбгарон афсари зиндонбонро кушта, 5 маҳбус, аз ҷумла, Шайх Темур (бо ҷурми тасаввуфия), Махсуми Саттор (барои ором кардани вазъ) ва Эшони Қиёмиддин (барои шиа шудан)-ро ваҳшиёна сар бурридаанд. Гуфта мешавад, Зайд Саидов-миллионери зиндонии дигар, бо амри тасодуф, аз дасти он ҷаллодон фирор кардаву ҷон ба саломат бурдааст, ҳарчанд сахт захмӣ ҳам гардидааст. Воқеан ҳам шодихӯрдагони ДИИШ аҳли тасаввуф ва шиаро бераҳмона қатл мекунанд... ва амалашон дар зиндон собит сохт, ки онҳоро ягон маҳбасу дору расан ислоҳ намекунад. Ин мессенҷере буд ба онҳое, ки фикр доранд, зиндон роҳи халосӣ аз варта аст... Ғаробати кор дар он аст, ки ба ном “оппозитсионерҳои интеллигенти мо” аз Аврупову Русия дар марги ин ҷаллодони ДИИШ мотам гирифтаву ба пайвандон ва ҳатто (нахандед!) Миллати Тоҷик тасаллият мекунанд, на бар афсароне, ки амнияти хешони ҳамин сакалтуҳоро ҳифз кардаанд...

Ошӯб дар маҳбаси Ваҳдат
Дар пайи муноқиша ва ё «бетартибӣ»-е, ки дар маҳбаси ба ном «Кирпичний»-и ш.Ваҳдат ба вуқӯъ пайваст, 29 нафар кушта шуд. Тавре дар изҳороти Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СИҶҶ) Вазорати адлияи ҶТ, ки субҳи 20.05.2019 паҳн шуд, омадааст, соати 21:30 дақиқаи шоми 19.05.2019, дар муассисаи ислоҳии 3/2 воқеъ дар ш.Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401¹ Кодекси ҷиноятии ҶТ маҳкум шудаанд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.

Роҳбари «бунт»-писари Гулмурод Ҳалимов!
Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву экстремистии манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод-писари собиқ полковники фирорӣ-Гулмурод Ҳалимов, Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло будаанд. Инчунин, мақомот аз безараргардонӣ ва фавти Асоев Абдуқодир Маҳманазарович, Ахмедов Эраҷ Ҷабборович ва Боев Ҷонмаҳмад Ятимович низ хабар медиҳанд. Ин гурӯҳ аввал 3 корманди муассисаи ислоҳӣ-майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмудро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавӣ 8 тан маҳбуси дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод кардаанд. Сипас, 5 нафар маҳбус, аз ҷумла, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидаҳмад (Шайх Темур)-ро бароварда, дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарс додани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, даҳҳо нафар маҳбусони дигарро лату кӯб ва захмӣ карданд.

32 нафар кушта, 35 тан боздошт шуд
Баъди ин амали ваҳшиёна аъзои гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифта, бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 узви гурӯҳи мазкур «безарар», 35 тан дастгир шуд. Ашхоси ба гаравгон гирифташуда озод гардиданд. Дар ин миён, гуфта мешавад, худи ошӯбгарон 5 касро сар буридаву 3 афсари дигарро куштаанд. Яъне дар ҷамъ, ин ҳодиса ҳадди ақалл 32 кушта бар ҷой гузошт. Оид ба ин ошӯб аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дошта, низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он 1500 маҳбус адои ҷазо мекунанд, барқарор шуда, вазъият зери назорат қарор дорад. Гуфта мешавад, аз ҷониби раҳбарияти СИҶҶ ВА ҶТ ба наздикону пайвандони кушташудагон хабар дода шудааст, ки пас аз зӯҳри 20.05.2019 ҷасадҳои ақрабои худро барои гӯронидан бубаранд. Маҳбаси мазкур барои он нафароне, тибқи реҷа, ки ба дидорбинии хешу табори худ омадаанд, баста асту аз тарафи масъулон эълон шудааст, ки то 1 мӯҳлати муайян ба дидорбинӣ наоянд. Зангҳои пайдарпайи мухбирони СССР ба Сарраёсат натиҷа надод. Масъулин гуфтанд, раҳбарият дар маҳбаси ш.Ваҳдат ҳастанду вобаста ба қазия изҳороти расмӣ паҳн шудааст.

2 ошӯби хунин дар тӯли 7 моҳ
Дар муддати 7 моҳи охир ин бори дуввум аст, ки дар зиндонҳои кишвар ошӯб-«бунт»-бетартибӣ ба вуқӯъ пайваста, пайомадҳои нохуш ба бор меорад. Ноябри с.2018 дар зиндони №3-и ш.Хуҷанд ошӯб сар зада, он замон беш аз 20 нафар ҳам аз ҳисоби маҳбусон ва ҳам аз ҳисоби маъмурон кушта шуданд. Пас аз тафтишоти ошӯби зиндони Хуҷанд 30 тан дубора ба курсии айбдорӣ нишаста, 8 маъмури ин зиндон барои роҳ додан ба ошӯб маҳкум шуданд. Саркардагони ошӯби Хуҷанд низ маҳбусоне буданд, ки барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯъ, амсоли ДИИШ маҳкум шуда, қасди фирор аз зиндонро доштанд. Дар тӯли ҳамагӣ 210 рӯз дар 2 зиндон аз ҳисоби афсарону зиндониён 52 нафар кушта шуд.

Шайх Темур кӣ буд?
16.02.2015. Шайх Темур, Эмом Маҳдии сонӣ ё худ шаҳрванд Саидмаҳдихон Сатторов ба 16 соли низомаш сангин маҳкум шуд. Ӯ бо гуноҳи тамаъҷӯӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, таҳқири ҷасади фавтидагон, бисёрзанӣ ҳукм гирифт. Ин мошенники раҳматӣ ба ҳадде мардуми гӯлу гарангро фиреб медод, ки ҳисобаш гум. 1 навъи фиребаш ин буд, ки дар Ҷипи 2-чалака (бак) ба маъракае меомад, ки 1-и он холӣ буд. Ронанда ҳини рафтани Эмом Маҳдӣ мошинро гирён карда наметавонисту ба Шайх шиква мебурд, ки бензин адо. Шайх аз кӯлмаки наздиктарин 1 сатил об оварда, дуо хонда, ба чалаки холӣ мерехту ронанда баки 2-ро гардон месохт ва (о, чудо!) мошин ба кор медарояд! Э, дига бги дега! Мардуми аблаҳ бо нидои «Шайх обро ба бензин табдил дод» зери пойҳои мошенник мефитоданд… Худо раҳматаш кунад, ӯро барои тасаввуф ва…фолбиниву ҷодугарӣ куштаанд…

Қиёмиддини Ғозӣ кӣ буд?
Генерали мардумии майдони Шаҳидон, Ситсерони Тоҷик (ибораи Бозор Собир) аз таъсисдиҳандагони ҲНИ ва поягузорони майдони Озодиву Шаҳидон дар Тоҷикистон аст, ки бар ҷанги гражданӣ оварда, 200.000 куштаву 1 млн гуреза бар ҷой гузошт. Худаш боре дар сӯҳбат бо СССР гуфта буд, ки силоҳу муҳимоти ҷангиро маҳз ӯ аз охундҳои эронӣ ба «муҷоҳидони наҳзатӣ» ба Афғонистон меовард. Вале баъди имзои Протоколи Сулҳ ба шиа гаравид ва аз наҳзатиҳо канор рафт. Мегуфт, ин ҳизб дигар ҳизби исломӣ не, ки ҳизби 1 маҳалла шудаасту дар он ҷо танҳо маҳалгароён фаолият доранд. Чанд кӯлобие, ки дар ин ҳизб буд, ба иттилои ӯ, дар асл зодагони ҳамон 1 маҳалла будаанд. Ноябри с.2017 боздошт ва майи с.2018 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Сипас 17 соли ҳукмаш афв шуд. Шоҳидон мегӯянд, бобои Эшон бояд авохири ҳамин Рамазон куллан озод мешуд, зеро сахт мариз буд. Ӯро бо иттиҳоми шиа шудан, фанатикҳои ошӯбгар гардан бурриданд.

Махсуми Абдусаттор кӣ буд?
Саттор Каримов маъруф ба Махсуми Абдусаттор аз авторитетҳои криминали собиқ «бачаҳои Кӯлобӣ» дар даврони шӯравӣ буд, ки гапаш қадру манзалати бештар аз қонун дошт! Бо 1 даъвати ӯ то 10.000 кӯлобӣ ҷамъ мешуд ва аз пасаш ба дилхоҳ набард мерафт. Хеле марди варзида, каратэист ва бақувват буд, ҳарчанд ҷуссаи хурде дошт. Ҳамин далели маъруфияташ кофист, ки то шуруъи ҷанги гражданӣ, Сӯҳроб Қосимов шогирд ва дасти рости Махсум буд. Борҳо бо ҳидояти ӯ, ҷавонони Тоҷик бо русу қафқозиву коресҳои беспредели маҳаллӣ задухӯрд кардаанд. Минҷумла, ошӯби кӯлобиҳо бар асари куштори Иззат-1 авторитети Тоҷик аз сӯи русҳо дар кинотеатри Тоҷикистон (дар навбат ба филми «Танцор Диско»), дар декабри с.1994, ки баъдан ба ин ошӯб тамомии Тоҷикони дигар вилоятҳо қӯш шуданд, зери назари Махсуми Абдусаттор сурат гирифт.
Дар баҳманмоҳи с.1990 (февралские события) пешвои Тоҷикони шӯрида маҳз ӯву Ёқуб Салимро шумурда, ҳардуро ҳабс карданд. Обрӯву мартабааш то ҷое буд, ки вақте Сангак Сафаровро баъди майдони Озодӣ оппозитсия ҳабс кард, маҳз ӯ рафта, бо дастони худаш ӯро аз такхона-қассобхонаи исломистҳо бароварда, ба Кӯлоб гусел кард. Вале дар с.1992, ки Кӯлобиҳо майдони Озодиро баргузиданд, Махсуми Абдусаттор хатои калидӣ кардаву ҷонибдори Шаҳидон шуд. Ин аст, ки тарафдорони наздики ӯро ба мисли Қурбонназари «Андреевӣ», Рэмбои Муминободӣ, Рами Кӯлобӣ ва ғ. силоҳшӯрони Талаб-кузнец (Одинамад Раҷабов, Шоҳрух Олимов ва ғ.) дар деҳаи Шобикаи Восеъ куштанд ва обрӯяш дар Кӯлоб фурӯ рехт. Бо ин ҳама яке аз чеҳраҳои калидии наҳзатиҳо боқӣ монд, ҳарчанд худаш мегуфт, ҳеч гоҳ узви ин ҳизб набудааст. С.2015 дар пайи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Саттор 60 сол дошт! Ӯро низ фанатикҳои ДИИШ гардан буриданд. Чӣ ҷавонмарде қурбони ин таассубгароёни ноҷавонмард шуд… Мегӯянд, Махсум сахт мариз буд, вагарна ҳич касе наметавонист ӯро гардан занад. Худо раҳмату мағфираташ кунад. Омин!

СССР


Дар ҳамин маврид: Ҳукми қатл барқарор гардад!
Вақте матлаб омодаи чоп буд, 1 нафар занг задаву худро коршиноси масоили динӣ дар бахши омӯзиши экстремизм, таассубгароӣ ва терроризм муаррифӣ карда, афзуд:
-Инҳое, ки боздошт ва суд шудаанд, ҳич гоҳ ислоҳ намешаванд. Баракс, аксарияти ишон барои ташвиқу тарғиби ғояҳои экстремистӣ амдан худро зиндонӣ мекунанд, то дар маҳбасҳо суфуфи хешро зиёд кунанд. Ҷамъияти Тоҷикон ҳоло намедонад, ки дар зиндонҳо дигар «авторитету вор в закону браткаҳову полеженец»-ҳо обрӯву нуфуз надоранд. Зимоми турмаҳо дар дасти «ҳизбӣ»-ҳост, яъне фанатикҳои исломӣ. Онҳо дар зиндон, фарзи мисол, ҳамон обрӯеро доранд, ки Сангак Сафаров чун «Пахан Зоны» дар водии Кӯлоб дошт. Оқибати ин обрӯро медонед, ки чӣ шуд: вақте ҳукумат фалаҷ гардид, беш аз 1 млн. сокини вилояти собиқи Кӯлоб аз паси Сангак хеста, кишварро гирифт! «Ҳизбиҳо» ана ҳамингуна авторитет доранд. Зимнан, онҳоро зиндон ислоҳ намекунад. Роҳи раҳоӣ 1-тост:
-Дар пасманзари 2 ошӯби хунин ва қатли велосипедронҳои хориҷӣ мораторияи қатл бардошта шаваду барои 2-3 моҳ ин ҳукм дар Тоҷикистон ҷорӣ гардад. Мисолҳо низ ҳастанд. Чанд сол пеш, Покистон, баъди ҳамлаи фанатикҳо ба мактаби кӯдакона мораториеро бардошт ва ҳудуди 300 мутаассиби ислоҳнашавандаро қатл кард ва ҷомеа орому таскин ёфт…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter