ХАБАРИ ДОҒ

Икром Субҳонзода: Ширкатҳои ҳавопаймоии ватании мо аз рӯи имконият, шароит ва иқтидор парвоз менамоянд!

  • Ҷумъа, Июн 07 2019

Моҳи июни соли ҷорӣ ба таъсис ва фаъолияти яке аз сохторҳои нави калидии кишвар-Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,6 сол пур мешавад. Мо тасмим гирифтем бо Субҳонзода Икром Субҳон, сардори Агентии мазкур вохӯрда, дар бораи фаъолияти сохтор тӯли ин муддат, корҳои нахустини Агентӣ дар робита ба фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди авиатсияи тоҷик, бурду бохт, муваффақият ва проблемаҳои соҳа сӯҳбат намоем. Ин мусоҳиба-эксклюзив барои Газетаи мардумии СССР ва нахустин сӯҳбати Субҳонзода Икром барои рӯзномаҳои даврист.

    - Мӯҳтарам Субҳонзода Икром , лутфан мегуфтед, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ пас аз таъсис ёфтанаш нахуст корро аз чӣ оғоз намуд?

   -Бояд бигӯям, ки дар давраи фаъолияти агентӣ дар соли 2018, ҷиҳати таъмини бехатарии парвозҳою бехатарии авиатсионӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ, аз тарафи агентӣ 44 маротиба комиссия таъсис дода шуда, дар асоси хулосаҳои комиссияҳои мазкур 162 адад шаҳодатномаҳои мутобиқатии хадамотҳои дахлдори корхонаҳои авиатсионӣ дода шуд. Инчунин, дар соли 2018 аз тарафи Комиссияи олии тахассусии агентӣ ба 450 мутахассиси соҳа шаҳодатномаҳои тахассусӣ бо 301 замимаҳои он дода шуда, дараҷаи тахассусии 29 нафар мутахассисони соҳа баланд бардошта шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати мутобиқат намудани фаъолияти корхонаҳои авиатсионӣ ба талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), инчунин ҷиҳати таъмини бехатарии авиатсионию бехатарии парвозҳо дар соли 2018 аз ҷониби кормандони агентӣ ба зиёда аз 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйирот ворид карда шуда, барои баррасии минбаъда ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда шуданд, ки дар навбатти худ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ бо қарорҳои дахлдор санадҳои пешниҳодшуда тасдиқ гардиданд. Ҳамзамон, ба зиёда аз 24 қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар тағйирот ворид карда шуда, ба талаботҳою замимаҳои навқабулшудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) мутобиқ гардонида шуданд. Мо саъй кардем дар оғози фаъолият бештар рӯи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва касбияти кормандони соҳаи авиатсияи кишвар кор кунем, то ин ки авиатсияи тоҷик ба талаботҳои авиатсияи байналмилалӣ мутобиқ шавад.

   - Фаъолияти фурудгоҳҳои кишвар, алалхусус мизони интиқоли мусофирон шуморо ҳамчун сардори Агентӣ қонеъ менамояд?

   - Қайд кардан ба маврид аст, ба мусофироне, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва баръакс сафар мекунанд, 4 фурудгоҳи байналмилалии кишвар-ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” хизмат мерасонанд.

   Дар соли 2018 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба 2 млн. 5,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидаанд, ки аз ин нишондиҳанда ба “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 1348,6 ҳазор нафар мусофир “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 544,4 ҳазор мусофир “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 108,1 ҳазор нафар мусофир ва “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” 4,1 ҳазор нафар мусофир рост меомад.

    Дар соли 2018 аз/ба фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба/аз 22 шаҳрҳои давлатҳои ИДМ ва ба/аз 8 шаҳрҳои давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҳисоби миёна зиёда аз 150 парвоз дар 1 ҳафта амалан иҷро карда мешуд. Ҳамзамон, дар соли 2018 аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-ҶСК “Тоҷик Эйр”ва ҶДММ “Сомон Эйр” ҳамагӣ 815,2 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст, ки аз ин миқдор ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 325,5 ҳазор мусофир ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 489,7 ҳазор мусофир рост меояд. 

Дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар дар умум ба 556,4 ҳазор нафар мусофир хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2018 67,9 ҳазор нафар мусофир ё 14,1% зиёд аст. Ҳамчунин, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ 241 ҳолати батаъхирмонии парвозҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 198 ҳолат ё ин, ки 12% кам мебошад. 

Бояд гуфт, ки корхонаҳои авиатсионии кишвар дар ворид намудани асъори хориҷӣ ба кишвар саҳмгузор буда, ба ин васила барои устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ саҳми худро мегузоранд. Аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ва КВД “Тоҷикаэронавигатсия” нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 26% зиёд аст, ки ин аз фаъолият ва менеҷменти дурусти роҳбарияти ин корхонаҳо шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон, дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ватанӣ-ҶДММ “Сомон Эйр” 229,4 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 7,6 ҳазор нафар мусофир ё ин, ки 34% зиёд мебошад. Агар гӯем, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунандаанд, хато намекунем.

   Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо корхонаҳои авиатсионии кишвар, дар семоҳаи аввали соли 2019 тамоми нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳаи авиатсияи гражданӣ-хизматрасонӣ ба мусофирон, интиқоли мусофирон, гирифтани даромад, пардохтҳо ба буҷет, таъмин намудан бо ҷои корӣ доимӣ афзуда, таъхирмонии парвозҳо коҳиш ёфт. Ин албатта натиҷаи хуб!

   - Имрӯз коршиносон хеле зиёд дар бораи ҳуқуқи баробари анҷоми парвозҳо, яъне риояи паритет байни ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ зиёд мегӯянд. Назари шумо дар ин маврид чист?

   - Вобаста ба иҷроиши парвозҳо ва таъинотҳо дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ метавонам ин нуктаро зикр намоям, ки то 31 декабри соли 2018 ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ барои иҷрои парвозҳои байналмиллалӣ дар 103 хатсайр таъиноти иҷозати парвозҳо дода шудааст, ки аз онҳо 54 таъинот барои иҷроиши парвозҳо ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ва 49 таъинот барои иҷроиши парвозҳо ба ҶДММ «Сомон Эйр» рост меомад. Новобаста аз он, ки дар семоҳаи аввали соли 2019 парвозҳои ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр” амалӣ карда нашуд, дар натиҷаи таҷдиди назар намудани сиёсати тарифии чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 таносуби интиқоли мусофирон байни 1 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 10 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ 42 ба 58%-ро ташкил дод. Ширкатҳои ҳавопаймоии ватании мо аз рӯи имконият, шароит ва иқтидор парвозҳоро иҷро менамоянд. 

   - Мехостем дар бораи рафти корҳои сохтмонӣ дар Манораи муназзамии аэронавигатсионӣ ва долонҳои нави транзитии ҳавоӣ тариқи фазои кишвар маълумоти комил медодед.

   - Дар соли 2018 ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи грантӣ, ки дар асоси Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса амалӣ шуда истодааст, моҳи марти соли 2018 сохтмони Манораи муназзимӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” оғоз гардида, дар нақша аст, моҳҳои июн-июли соли 2019 ба истифода супорида шавад. Инчунин, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2018 ҷиҳати амалишавии парвозҳои ҳавопаймоҳо тавассути фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 долонҳои ҳавоии нави транзитиро ташкил ва ба истифода дода, чуноне дар Маҷмӯи иттилоотии аэронавигатсионӣ (AIP) низ омадааст, ин амал ба маротиб парвозҳоро зиёд намуд. Аз шумораи умумии хизматрасонӣ 4686 парвоз транзитӣ буда, нисбат ба соли 2017 47,5% зиёд аст. Ин нишондиҳанда возеҳ баён менамояд, ки шароити мусоиди лозима барои афзоиши парвозҳои транзитӣ муҳайё карда шуда истодааст. Ҳамзамон, дар соли 2018 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» модернизатсияи низоми радиостансияҳои оварандаи навъи АРМ-150 МА, насб ва ба истифода супоридани радиоминои масофасанҷи ДМЕ/ДМЕ-таҷҳизоти аэронавигатсионии муосирро дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб, шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Данғара пурра ба анҷом расонид. Дар соли 2018 аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба 51574 адад ҳавопаймо хизмат расонида шудаст, ки нисбат ба соли 2017 4,6% ё 2278 адад зиёд мебошад. 

   - Хуб, нақшаҳо барои нимсолаи 2-юми соли 2019 чӣ гунаанд? Агентӣ акнун бештар дар кадом самт кор хоҳад кард?

  - Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷиҳати боз ҳам фаъолияти самараноки соҳа дар оянда, дар пеши худ ва корхонаҳои авиатсионӣ вазифаҳои зеринро гузоштааст: таъмини мунтазамии парвозҳо ва иҷроиши ҳамаи парвозҳои иҷозатдошта, инчунин, афзоиши нишондиҳандаҳои интиқоли мусофирону бору бағоҷ, бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаҳои ширкатҳои авиатсионии бонуфузи хориҷӣ ба роҳ мондани низоми дурусти менеҷменти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва банақшагирии иҷроиши парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самтҳои таъинотӣ, мӯътадил гардонидани таносуби фоизи парвозҳои иҷрошуда нисбат ба парвозҳои иҷозатдошта, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар хатсайрҳои транзитӣ тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО). 

   Ҳамчунин, ният дорем вобаста ба азнавсозии парки ҳавопаймоҳо ва низому таҷҳизоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи талаботҳои байналмилалии муосир, сохтмони толорҳои транзитӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таҷдид ва аз нав барқарор намудани фурудгоҳҳои маҳаллӣ ва ба истифода гирифтани ҳавопаймоҳои муосири хурдҳаҷм барои амалӣ намудани парвозҳо дар ин самт, давра ба давра кам кардани қарзҳои кредиторию дебиторӣ ва ба ин васила таъмин намудани муътадилии таносуби қарзҳои дебиторӣ нисбат ба қарзҳои кредиторӣ, баландбардории сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар, афзоиш додани хизматрасонии фурудгоҳӣ, рӯизаминӣ ва аэронавигатсионӣ ба парвозҳои мунтазам, чартерӣ ва транзитӣ ва бо мақсади кушодани долону хатсайрҳои нави ҳавоии транзитӣ ба роҳ мондани гуфтушунид бо мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои ҳамсарҳад ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии исломии Покистон ва Ҷумҳурии мардумии Хитойро ба роҳ монем. 

   - Сипос барои сӯҳбати пурмуҳтаво!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

   PS: Вазифаҳои асосии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ин  пешбурди сиёсати авиатсионии кишвар бо назардошти имкониятҳои иқтисодӣ ва манфиатҳои мусофирон, фароҳам овардани шароити мусоид барои бехатарии парвозҳо, тарҳрезии нақшаву чорабиниҳо барои рушди авиатсияи тоҷик дар асоси барномаҳои давлативу миллӣ ва байнидавлативу соҳавӣ, ҳамкорӣ дар рушди авиатсияи дохиливу байналмилалӣ, дар асоси қарордодҳои байналмилаливу байнидавлатӣ фароҳам сохтани фазои кишвар барои таъсиси долонҳои нави транзитӣ, рушди инфрасохтори фурудгоҳҳои хурду калон ва авиатсия хурд, коркарди санадҳои ягонаи меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба ҳамкориҳои авиатсионӣ ва интиқоли мусофирон, стандартҳои короии ҳавопаймоҳо, системаҳо ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, тарҳрезии стандартҳои короӣ ва истифодаи техникии ҳавопаймоҳо ва омодасозии кадрҳои болаёқат дар соҳаи авиатсияи тоҷик мебошад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter