ХАБАРИ ДОҒ

Шоми дӯстӣ бо ширкати Путин, Токаев, Мирзиёев

  • Шанбе, Июн 15 2019

 

Шоми 14.06.2019 дар бӯстонсарои беруназшаҳрӣ, дар н.Варзоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор кард. Сайругашти шомгоҳӣ аз пешкаш кардани дастархони тоҷикӣ дар мавзеи хушбоду ҳаво-муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори табиати кишвар, таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бойю қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни хӯрока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхез иборат буд.

Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен ва дигарон меҳмони ин шоми дӯстӣ буданд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter