ХАБАРИ ДОҒ

Мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо сарони МҲТБО

  • Шанбе, Июн 15 2019

 

Мулоқот бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин

15.06.2019 10:03, шаҳри Душанбе

15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду таъмиқи ҳамкорӣ бо Ветнам манфиатдор аст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи таҳкими робитаҳои сиёсӣ, таҳия ва татбиқи созишномаҳои ҳамкорӣ, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, табодули таҷриба дар масъалаҳои андозию гумрукӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар вохурӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

 

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен

15.06.2019 08:43, шаҳри Душанбе

15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сенро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Камбоҷа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолгардонии муносибатҳои судманд бо Шоҳигарии Камбоҷа манфиатдор мебошад.

Сарвазири Камбоҷа ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Камбоҷа густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсолу коркарди пӯсту пашм, бунёди корхонаҳои муштараки нассоҷиву дӯзандагӣ оид ба истеҳсоли либосу пойафзол дар Тоҷикистонро зарур шумурданд.

Пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъсис дода шавад.

Ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоти маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, фаъолгардонии мубодилаи молии байни ду кишвар тавассути баргузории бизнесфорумҳо ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар низ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо барои ҳар ду ҷониб судманд, баррасӣ гардид.

 

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов

15.06.2019 00:16, шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедовро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати ҳамкории байниҳукуматӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот муҳимтарин мавзуҳои марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

 

 

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

14.06.2019 23:32, шаҳри Душанбе

14 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷарёни мулоқот масоили муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар барои рушду пешрафти муносибатҳои байнидавлатӣ аҳамияти муҳим дорад. “Итминон дорам, ки вохӯрии навбатии мо низ ба ин раванд такони ҷиддие хоҳад бахшид”, изҳор дошт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошуда, ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар дар роҳи густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва тавофуқоти дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ ба дастомада, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

 

Истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

14.06.2019 19:15, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва  ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои кори Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки рӯзи 15 июн Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокирот анҷом медиҳанд.

 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

14.06.2019 18:47, шаҳри Душанбе

14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ маҷмуъи васеи муносиботи дӯстию бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ дар ҳошияи чорабинии сатҳи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда, меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардумони ду кишвар барои идомаи рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, инчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд, муҳокима гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҳалли мушкилоти сиёсии Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва дигар зуҳуроти хатарбор дар маркази таваҷҷуҳи сарони давлатҳо карор гирифт.

 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

14.06.2019 18:30, шаҳри Душанбе

14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрику таҳният гуфта, изҳори итминон карданд, ки бо талошҳои муштарак мо дар оянда низ рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегиро идома медиҳем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, обӣ-энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои барои кишварҳо судоварро муҳокима карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъи ҳамкории муштарак дар самти мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, СААД, САҲА, ИДМ, СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

14.06.2019 18:24, шаҳри Душанбе

14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси кишвари бародар ва ҳаммарз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо бар онем, ки таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавори Афғонистон, қабл аз ҳама, дар доираи манфиатҳои милливу давлатии он сурат гирад, - изҳор дошт Сарвари давлат.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушди бахши тиҷорат, сармоягузории мутақобила, истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Афғонистон, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, инфрасохтор, соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоотро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ метавонад барои расидан ба ҳадафҳои судманди ду кишвар нақши муҳим бозад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ дар бахши амният дар марзи давлатии ду кишвар, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамчун омили муҳими таъмини амну субот дар минтақа мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter