ХАБАРИ ДОҒ

Ҷамила Ҳусейнова-аз маркази матбуотии Кохи Наврӯз

Муҳаммади Мубориз-аз ситоди марказии СССР

 

Тайи чанд рӯзи ахир ҷамоаи Тоҷикистон маҳз сари ҳамин аббревиатура баҳсу мунозира дорад. Зимнан, хабарнигорони СССР тасмим гирифтанд, хонандаро бо ин созмони бонуфузи Осиё, ба таври мӯъҷаз ошно созанд. Мо Метавонем!

 

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

Анҷуманест, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкорӣ, ҳифзи суботу низом дар қораи Осиё мебошад. Онро метавон шевае аз Иттиҳоди Аврупо ва ё мини-СММ (мини ООН) дар ин қора номид. МҲТБО беш аз 4 млрд сокини ин қораро дар бар гирифта, яке аз пурнуфустарин анҷуманҳои олам маҳсуб меравад. Фарзи мисол, Иттиҳоди Аврупо бо ҳама бузургияш 510 млн аҳолӣ дорад. Яъне дар сурати ҳамкорӣ ва рушди тиҷорат МҲТБО яке аз бузургтарин Иттифоқ дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Идеяи бунёди ин созмон ба Нурсултан Абишевич Назарбоев-президенти собиқи Қазоқистон дахл дорад. Маҳз ӯ моҳи окятбри соли 1992 ғояи бунёди МҲТБО-ро пешбарӣ намуд. Он даврон аксарият бо шубҳа ба ин идея нигаристанд. Аммо дар маҳдудаи ҳамагӣ 27 сол ба ин созмон 21 давлат ворид шуда, 9 кишвари дигар ба ҳайси нозир фаолият дораду 4 созмони бонуфузи олам онро назорат мебаранд.

Ситоди МҲТБО дар Нурсултан (собиқ Остона) – пойтахти Қазоқистон ҷойгир буда, раҳбарияти Олияш САММИТ-и кишварҳои узв мебошад, ки дар 4 сол 1 бор ба ҳам омада, қарору қонуну дастур қабул мекунанд. Форум ё худ маҷлиси машваратии баъди САММИТ ин ҳамоиши Вазирони хориҷии аъзои МҲТБО аст, ки низ дар 4 сол 1 бор, вале 2 сол баъди дидори сарварони кишварҳои узви ин созмон ба вуқуъ мепайвандад. Ин форум суолу мушкилоти мавҷударо матраҳ ва ба САММИТ пешниҳод мекунад.

Раҳбарии МҲТБО ҳар 4 сол бар дӯши 1 давлати созмондиҳандаи МҲТБО вогузор мешавад. Ҳоло Тоҷикистон дар раъси ин созмон қарор дорад.

 

Аъзои МҲТБО

•  Озарбайҷон,

•  Афғонистон,

•  Баҳрайн,

•  Ветнам,

•  Миср.

•  Ҳинд,

•  Ироқ,

•  Ирон,

•  Изроил,

•  Қазоқистон,

•  Камбоҷа,

•  Хитой,

•  Қирғизистон,

•  Муғулистон,

•  Покистан,

•  Фаластин,

•  Русия,

•  Тоҷикистон,

•  Тайланд,

•  Туркия,

•  Узбекистон.

 

Давлатҳои нозир:

• Бангладеш;

• Белоруссия;

• Индонезия;

• Ливан;

• Малайзия;

• Иёлоти муттаҳидаи Амрико

• Украина;

• Филиппин;

• Япония.

• Ҳамкорони стротегӣ

• Созмони Милали Муттаҳид (СММ);

• Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА-ОБСЕ);

• Лигам давлатҳои араб (ЛДГ);

• Маҷмааи парлумонии давлатҳои туркзабон

 

Welcome to Tajikistan!!!

Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Душанбе, 15 июни соли 2019

15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи сарони давлатҳои иштироккунанда, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр насб гардидаанд.

Дар ҳошияи кори ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштироккунанда  ҷиҳати баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мулоқотҳо мекунанд. Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе шароити мусоидро барои баргузории вохӯриҳои дуҷонибаи сарони давлатҳои иштироккунанда фароҳам меорад.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония,ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик - Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш - Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

Барои нахустин бор, Эрдуғон-президенти маъруфу машҳури Туркия бо занаш ба Душанбе омаданд. Бонуи Эрдуғон аллакай изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон аз проектҳои хайрия ва ҳамкорӣ дар ин самт кор хоҳад гирифт.

Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос мекунанд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақоми олии қабули қарор нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як бор баргузор мегардад.

Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта буд.

Кохи Наврӯз  макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО буда, дар он маркази матбуотӣ ташкил шуда, марказ бо таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти  кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар Маркази матбуотӣ ҷиҳати дастрасии намояндагони ВАО-и дохилӣ  ва хориҷӣ  бо маводди ҳамоиш ду монитори калон барои пахши мустақими рафти чорабинӣ ва сабти ҷаласа бо формати HD насб шуда, инчунин дастгоҳҳои шунидани тарҷумаи ҳамзамон бо чанд забони хориҷӣ таъмин гардидааст.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter