ХАБАРИ ДОҒ

Пештоз мегӯям, матлаб таҳлилӣ-профессионалӣ нест: Мақола халқӣ ва мардумист! Зеро мантиқи онро ман аз сӯҳбат бо худи мардум дарёфтаам. Хонед, хулоса кунед ва донед, мӯҳтарам бонкирҳои кишвар, парлумониҳо, иқтисоддонҳо ва Блоки Иқтисодии ҶТ, ки чаро пули нақд дар мо дефитсит шудан дорад. Мо Метавонем!

Алии Беҳудуд-дӯст ва муаллифи доимии газетаи мардумии СССР дар сӯҳбат бо ман гуфт: «Медонӣ Сайёф, чаро сомонӣ дар муомилот кам шудааст?». Ва чун посухи радд шунид (ман ба ҳар суоле, ки медиҳанд, ҳатман «намедонам!» мегӯям, зеро посухро донам ҳам, медонам, ки ҳамин ҳоло 1 чизи наве ҳатман мешнавам!!!), афзуд:

-1 мисол меорам, то вазъиятро фаҳмӣ: Бародари ман ҳафтаи гузашта аз Русия 10.000 рубли русӣ равон кард. Ману завҷааш Бонк рафтем ва он ҷо гуфтанд, ки русӣ надорем-тоҷикӣ ҳаст. Гиред-мегиред, нагиред 4 тарафатон қибла. Мо гирифтем. Бо тоҷикӣ ва қурби ҳамонрӯза, ки 1430 сомониро ташкил дод…

-Баъд чӣ?-таҳрик медиҳам Беҳудудро ба ин ният, ки ӯ низ ҳоло перомуни қурби беруниву дарунӣ интиқод хоҳад карду инро ман бе ӯ ҳам медонам! Вале Алӣ дигар масъаларо бар ман равшан мекунад:

-Янгаи ман ҳамаи ин пулро бурда, ба таксарияш ниҳод, то 1 сол ба баъд шавҳараш омадаву харҷ кунад: Ӯ ҳар моҳ чунин мекунад.

-Брависсимо, Сайёф!!!-мегӯям бар худ. Зеро ман 1 паҳлӯи дигари аз муомилот баромадани сомониро кашф кардам! Дидӣ, хонандаи ман, ки посухи «намедонам!» чӣ паёмадҳо дар пас дорад? Зимнан аз ин усул ҳатман кор бигир! Мо Метавонем!!!

Яъне янгаи Алӣ ҳар моҳ ҳадди ақалл 1,5 ҳазор сомонии нақдро бурда, аз муомилот дур нигоҳ медорад. Ва агар бигирем, ки дар Русия беш аз 1,5 млн гастербайтер асту ба ҳисоби миёна 1 млн нафараш 10.000-рублӣ ба хона равон мекунаду горе-бонкирҳои мо ба хотири дарёфти 4 тангаи муфт ба пайвандони ишон 1430 сомонӣ медиҳанду онҳо ин пулро «захира» мекунанд, пас ҳар моҳ 1 млрду 430 млн. сомонӣ аз гардиш мемонад!!!

Арифметикаи оддист барои ҳар бонкир:

Х=1430х1000000

Х=1,430,000.000

Ба чашмонат бовар накардӣ, хонанда? Ман на танҳо ба чашмон, ки ба калкулятор бовар накарда, 4 маротиба ин рақамро зарб задам ва ҳуш аз сарам парид! Ана барои чӣ мо зуд-зуд сомонии нав чоп мекунем. Зеро купюраҳои қаблиро янгаҳои Алӣ ва Валӣ дар таксарӣ захира мекунанд!!!

Шояд нафаре гӯяд, ки «На, онро харҷ ҳам мекунанд». Оре, мекунанд, аммо на ҳамаашро. Дилхоҳ гастербайтер медонад, ки бонкири шахсӣ, яъне зану модараш, аз пули фиристонидаи ӯ барои рӯзгӯзаронӣ ҳадди ақалл 10 ва ниҳоӣ 20% «расход» мекунад. Дигараш захира шуда, худи соҳибро мунтазир мехобанд. Дар таксарӣ, сандуқ, такхонаҳо…, вале зинҳор на дар бонкҳо, ки эътимоди мардум ба онҳо рӯз то рӯз коҳиш меёбад. 

Хуб, биёед ин 10%-ро ба муомилот мебарорем:

Х=1,430,000.000:10%

Х=143,000.000

Яъне 143 млн, хайр агар 20% ҳам вардорем, 286 млн сомонӣ, ки мо ба дасти янгаҳои алиҳову валиҳо медиҳем, дар гардиш мечарханд. Вале чанд пули дигар дар «мини-бонк»-ҳои хонаводагӣ, яъне таксариву сандуқҳо мемонад?

Х=1,430,000.000-246.000.000

Х=1,184,000.000

Яъне 1 млрду 184 млн сомонии мо ба буҷҷаи хонаводагӣ, бонкҳои сиёҳи таксаригиву такхонагӣ мерезанд ва аз гардиш ме-ба-ро-янд! Ва ин ҳама танҳо дар қиёс бо пули русӣ, ки аз Русия мешорад. Ҳоло перомуни доллару евро, ки низ ба Тоҷикистон меоянду аммо бо дасти кажи бонкирҳо ба ҷайбу корти мизоҷи маҳаллӣ чун сомонӣ мерезанд, ман чизе намегӯям. Ҳарчанд бояд гуфту навишт!

Хулосаи профессураи Блоки иқтисодӣ ба ман маълум аст, ки барои ҳифзи манофеи худ ва ҳамтоҳои хеш, ҳатман бо сафсаттае домони ману моро пур хоҳанд кард. Вале хулосаи Алии Беҳудуд, дар гузаштаи начандони дури шӯравӣ маъруфтар бар Алии Беспредел барои ман мутмаинкунандатар буд, ки мегуфт:

-Ба фикри ман, ба мардум бояд рубли русӣ дод! Бигзор онҳоро рубл захира кардаву асъори Русияро аз гардиш бароварда, дар таксариҳо пинҳон созанд. Дар ин маврид СОМОНӢ бештар дар гардиш мондаву қурбаш мехезад!

А, мӯҳтарам, Бонкиру профессору академикҳо ба ин далели халқӣ, ки аз забони 1 «академик» он-Алӣ Беспредел садо дод, чӣ посух доред? То-та! 

Мо Метавонем!

PS: Вақте матлаб омода мешуд, хабар расид, ки Қурби Рубл дар бонкҳо то 150 сомонӣ (1000 Р.) боло рафтаву дар кӯчаҳо то 160-165 харидорӣ мешавад. Яъне янгаҳои Аливу Валиҳо минбаъд 1,5 млрд сомониро ба таксарӣ зада, мунтазири шавҳарон мешинанд ва ба муфлисшавии умқтари асъори миллӣ мусоидат мекунанд. Сабаби ин таваррум кист? Шумо аллакай медонед…

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter