ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 3 пешниҳод дорам:

№1: Кӣ назорат барад?

Ба воситаи ин палатаи касбии намояндагони халқ имрӯз дар ҷумҳурӣ қонуну кодексҳои зиёд амал менамоянд. Вале аз болои иҷрои онҳо кӣ назорат мебарад, маълум нест. Масалан, қонунҳои «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи нигаҳдории тандурустӣ»… ба ном вуҷуд дошта, аз болои иҷрои онҳо не Прокуратураи Генералӣ, не худи Маҷлиси намояндагон назорати шаффоф, қатъӣ, дуруст намебаранд. Бубинед, идораҳои барқ кае хоҳанд барқро хомӯш мекунанд, дар бозорҳо, мағозаҳо нархномаҳо вуҷуд надоранд, маҳсулоти сертификатдор, бесифат, қимат дар фурӯшанд. Махсус Тоҷикстандарт коре дар ин самт иҷро намекунад! 

Ба дилхоҳ деҳ, кӯча, бозор, маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо дароед пур аз ахлоту партов, хасрӯбаҳо, сагу чорво. Идораҳои назорати санитарию эпидемиологӣ, коммуналӣ, экологӣ умуман фаъолияти назаррас надоранд. Лиҳозо, таклиф дорам, ММ МО ҶТ 2-3 қонунро ҳар семоҳа ё 6-моҳа дар 5-6 шаҳру ноҳияҳо санҷида, баррасӣ ва ба Роҳбари давлат дархосту пешниҳод кунанд.

№2.Талоқ дар авҷу раисон бепарво

Ҷудошавии оилаҳо дар кишвар рӯ ба афзоиш! Танҳо дар 5 моҳи соли равон дар н.Муъминобод  қариб 30 оила аз ҳам пош хӯрданд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 3000 оила ҷудо шудаанд. Яъне занҳо бешавҳар монда, ба корҳои ғайриахлоқӣ даст мезананд, кӯдакону наврасони зиёд ятим шуда, ҳодисаҳои майдадуздӣ, ҷинояткорӣ меафзоянд. Дар 1 худи н.Муъминобод ҷавононеро медонам, ки синнаш ба 30 нарасида, аллакай 5-6 бор хонадор ва ҷудо шудаанд. Духтари бечораро хостгорӣ карда, тӯйю тамошо дода, бо хароҷоти зиёд оила барпо мекунанду 1-2 моҳ нагузашта талоқ медиҳанд. Думро хода карда ба муҳоҷират мераванд, боз ғуломвор заҳмат кашида, 4-5 ҳазор доллар меоранду зан мегиранд. Аз ин рӯ, хеле бамаврид мебуд, агар вакилон дар Кодекси оила тағйироту иловаҳое ворид мекарданд, ки ҳам шавҳар ва ҳам зан масъулияту ҷавобгарӣ дошта бошад. Яъне пеш аз ҷудошавӣ судҳо таҳқиқ кунанд, ки сабабгори ҷудошавӣ кист: зан ё шавҳар? Агар ин амал бо айби шавҳар бошад пас маҷбур карда шавад, ки ба буҷети давлат 100.000 сомонӣ супорад. Агар ҷудошавӣ бо гуноҳу ташаббуси зан бошад, 50.000 сомонӣ ҷарима пардозад. Барои он ҷаримаи занонро камтар гуфтем, ки бештари онҳо кор намекунанд. Ин ҳолатҳо шояд боиси поён рафтани фоизи пошхӯрии оилаҳо, бадбахтии кудакон, ҷинояткориҳо гардад.

№3. Андози миёншикан

Дар байни 15 ҷумҳурии собиқ СССР имрӯз аз ҳама андозҳои вазнин, миёншикан ва баланд дар Тоҷикистон аст. Бо ин роҳ кишвар обод намешавад, балки сафи муфлисшавии мардум, тоҷирону соҳибкорон, бекору дардмандон… меафзояд. Дар ҳоле, ки 1 млн. дар муҳоҷират, беш аз 1 млн. нафар қувваи кории дигар дар худи ҷумҳурӣ бекоранд. Хуб мешуд, вакилону намояндагони ҳарду палатаи парламент барои поён бурдани андозҳо талош намоянд. Соҳибкорони нав фаъолияткунанда ва боғпарваронро то 5 сол аз пардохти андозҳо озод кунанд.

Қабулу амалишавии пешниҳодҳо гуманизм, халқпарварӣ, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро оид ба волоияти қонунҳо дар арсаи ҷаҳонӣ боло хоҳад бурд.

Нурулло Ҳасанов,

рӯзноманигор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter