ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти «ҷанговар»-и Шайх дар Рашт

  • Чоршанбе, Июл 03 2019

 

 

Ҳафтае пеш Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм), ки солҳои 1996-1997 узви гурӯҳи силоҳбадасти Иброҳимов Ёрибек, бо тахаллуси "Шайх” буд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи апрели соли 1998 бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдид аз хоҷагии деҳқонии "Шамар”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, 1 вагони дуҳуҷрагиро тасарруф намуд, ки айни замон вагонро бародараш ба манфиати хоҷагиаш истифода бурда истодааст. Зарари расонидашуда 5000 сомониро ташкил дода, далели шайъӣ гирифта шуд. Ҳоло нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шайхи мутаассиб ва Искандарови демократ

Маврид ба зикр аст, ки исми Ёрибек Иброҳимов бори нахуст моҳи сентябри соли 2004 расонаӣ шуд. Он замон хабаргузориҳо навиштанд, ки дар ҷараёни амалиёти вежаи мақомоти идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод, ки ба боздошти фармондеҳи собиқи мухолифин Ёрибек Иброҳимов ва чанд тан аз шарикони ӯ сабаб шуд, аз як пинҳонгоҳи мутааллиқ ба ин гурӯҳ силоҳу муҳимоти зиёд, аз ҷумла, 15.000 дона тиру мушаку хумпора, 1 мушакандози навъи "Град" ва 10 мушакандози навъи "Игла" кашф ва мусодира шуд. Ёрибек бо чанд ҳамроҳаш бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи мусаллаҳона болои идораи милиса ва додситонии н.Тоҷикобод дар шаби 27 ба 28 августи с.2004 боздошт гардид. Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кард. Иброҳимов бо амри ӯ сурат гирифтани ҳамла болои бинои милисаву додситониро иқрор намуд

Баъд аз 1 соли амалиёт (20.08.2005) Давлатхӯҷа Сақоваров-ронандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров (роҳбари собиқи «Тоҷиктрансгаз», ҳоло дар зиндон) гуфт, ӯ, дар соли 2004, пеш аз реҳлати Маҳмадрӯзӣ ба Маскав,  бо супориши Искандаров назди Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба «Шайх» ва Мирзохӯҷа Аҳмадов-сардори бахши ШКДи н.Рашт меравад ва аз номи Искандаров ба онҳо дастур медиҳад, ки амалиёти алайҳи давлатро дар Тоҷикобод шурӯъ намоянд. Баъдан Давлатхӯҷа Сақоваров баёноти қаблии худро инкор кард. Иброҳимов, ки дар ҳамлаҳои мусаллаҳона ба ШКД ва додситонии н.Тоҷикобод гумонбар дониста мешуд, зимни мурофиа гуфт, бо Искандаров ақидаҳои мухолифи ҳам доранд. Ёрибек инчунин гуфт, ҷонибдори ақидаҳои исломист, вале Искандаров аз ҷомеаи демократӣ пуштибонӣ намуда, ҳамеша ӯро барои созиш бо ҳукумат даъват мекард…

Ҳизби дурӯғин

Ҳамзамон 1 нафар муаллиф дар сомонаи интернетии н.Тоҷикобод (http://tojikobod.tj/) дар матлабе таҳти унвони «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон- ҳизби дурӯғин» (08.09.2018) гуфтааст, ки «Собиқ ҲНИТ дар н.Тоҷикобод барои беҳбудии халқ ва пешрафти ноҳия ҳеҷ коре анҷом надодааст. Баръакс, шахсони бе маълумотро ба сафи худ ҷалб мекарданд. Дар ин давра аз ҳисоби собиқ ҲНИТ дар деҳаи Зафарободи ҷамоати ба номи Мунаввар Шогадоеви н.Тоҷикобод Мадрасаи ғайрирасмӣ ташкил карда шуд. Дар ин Мадраса муллоҳои сатҳи донишашон на онқадар баландро ҷалб намуда, ба толибилмони хурдсоли аз мактабҳои миёнаи умумӣ дурмонда дарс медоданд. Сарварии ин мадрасаро Иброҳимов Ёрибек собиқ қумондони гуруҳҳои мухолифин бо лақаби «Шайх» ба зимаи худ гирифта буд. Баъди ташкили мадраса зиёда аз 10 нафар ноболиғро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон барои таҳсили динӣ фиристоданд. Баъди чанд сол маълум гашт, ки ноболиғони фиристодашуда на барои таҳсил, балки барои тайёрӣ ва гузаронидани амалҳои террористӣ фиристода шудаанд…».

Шаҳрзоди Амин,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter