ХАБАРИ ДОҒ

Ҷанг ва Сулҳи Тоҷикон (дар шарҳи аксҳо)

  • Чоршанбе, Июл 03 2019

 

 

 “Ман ба Шумо Сулҳ меорам!!!”

Ин нидои як ҷавони ҳамагӣ 40-сола, ки дар миёни садои тири тӯпу туфангу тонку БТР, навҳаи чанд миллион беваву ятиму ғарибу гурезаи Тоҷик, доду фиғони муллоҳои хунталабу ҷангиёни даст то бар оринҷ дар хун тар, ҳамон шабу рӯз моро такон дод. Ҷавоне, ки ба тозагӣ Раиси Шӯрои Олӣ таъинаш карда буданду аз номенклатураи коммунистӣ дур қарор дошт, пиру барноро ба андеша шинонид:

-Чаро ҷанг кунем? Чаро Сулҳ набандем???

Ин нахустин пайке буд аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович бар зидди ҷангҷӯёну ҷангсолорон. Ин нидо дар ҳоле садо дод, ки дигар ҳатто онҳое, ки барои барқарории Ҳукумати Конститутсионӣ бархеста буданд, усулан дар сар фикри Сулҳ надоштанд. Зеро автомат онҳоро ҳокими мутлақи вақт карда буд...

 

Қаҳрамонҳои ҷанг

Имрӯз шодихӯрдагони оппозитсияи исломӣ, ки то ҳанӯз дар сар андешаи ҷангхоҳӣ, ниқорталабӣ, хунхоҳӣ ва хиёнату иёнат доранд, каф бар лаб мегӯянд, ки 

-Он ҷанг қаҳрамон надошт!

Вале мо мегӯем, ки дошт! Қаҳрамони манфӣ ва мусбӣ. Ва варақгардонии саҳафоти зиндагонии он “қаҳрамонҳо” бар манфиати кор аст. 

 

Сангак Сафаров

-Ҳадаф аз ҷамъ шудани мо дар ин ҷо (майдони Озодӣ) ҷангу хунрезӣ ва ниқорталабӣ нест! Мақсади мову шумо тинҷии ҳамин давлату диёр аст!!!

Бо ҳамин сухан нафаре, ки 23 соли умри худро дар зиндон гузаронида буд, ба майдон омад ва ливои ҳаракати муқовиматро ба даст гирифт. Сангак марди ҷанг буд. “Беспредел”-ҳоро аз 2 ҷониб маҳв мекард ва барои бозгашти гурезаҳо замина гузошт...

 

Мирзо Ҷага

Ҷанг аз ин тракторист генерал тарошид. Харизма ва дилчаспии фардӣ дошт. Даъват ба Сулҳро пазируфт ва омада, симмати вазорати ҳолатҳои фавқулоддаро бар дӯш гирифт. Соҳиби пулу молу ҳол гардид ва ахиран шогирдони худаш дар симои Кӯри Малыш қатлаш карданд.

 

Хӯҷа Карим:

“Ман Хӯҷа Командир ҳастам, дар ин минтақаҳо ба тарафи ман ҳатто нигоҳ мекардагиро нобуд мекунам, зиёда аз 100 тан оппозитсияро худам шахсан парондаам!”. Духтури оддӣ ба қотилтарин қумандон табдил ёфт. Бо Почохони масхарабоз ва 2-3 лилипут-клоуни ӯ дар ТВТ қассобхона сохта, журналистонро азият медод, футболистонро мезад, депутату вазиронро гаравгон мегирифт, мекушт, мепарронд. Ахиран фирор кард ва дар ғарибиҳо ба сар мебараду дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад.

 

Файзалӣ Саидов

Аз бераҳмтарин қумандонҳои Фронти халқӣ буд ва ин сабаб дошт. Падари 1  посбони одии Тоҷиктекстилро муллоҳои оппозитсия зинда ба зинда пӯст канда, пеши фарзанд равон карданд. Ин фарзанд...Файзалӣ буд, ки бар қасди падар ҳазорон душманро кушт. Дар ин миён нафароне бегуноҳ низ қатл шуданд. Аммо ҷанг бераҳмӣ металабад...

 

Қорӣ Муҳаммадҷон

Геббелси Нурӣ буд! Дар ҳаммоми Туркманистон, ки имрӯз низ одамон аз он ҳазар доранд, бо дастони ифлоси хунини худ, ин “мулло” садҳо нафарро пуст канда, сар буррида, дар даҳонашон битум мерехт. Дар набардҳои нахустин захм бардошта, саг барин фавтид...

 

Қурбони Чол

Чанде пеш 1 афсари баландрутаби амният қисса кард, ки баробари тири нахуст андохтани оппозитсия ҷавоне дарамонро кӯфту гуфт, “ман Чолов Қурбоналӣ ном дорам. Маро ба хидмат гиред, чун прапоршики оддӣ омодаам, ба ҷанг равам”. Ба ӯ фаҳмонидем, ин ҷо кумитаи амният аст, аз кӯча одам намегирем. Ҳамагӣ 10-15 рӯз пас ӯ отряди худро ҷамъ оварда, ба ҷанг рафт ва яке аз қумандонҳои номдортарини Кӯлоб шуд. Дуруст аст, ки атрофиён, ба вежа бархе бародаронаш “подводиташ” карданд, вале дар ҷамъ Қурбони Чол Робин Гуди Тоҷик буд...

 

Султони Чол

Ӯ тоҷиктарин қумандон буд, ки дар с.1993 даҳҳо ҳазор зодагони Раштонзамину Дарвозу Помирро дар н.Панҷ аз коми марг раҳонид. Вале сахт маризи руҳӣ шуд ва бо ин иллат даст ба бетартибиҳо мезад. Дар айни ҷавонӣ фавтид...

 

Ёқуб Салимов

Аз маҳбубтарин фармондеҳои Фронти халқии водии Вахш буд. Дар поккории ин водӣ аз оппозитсияи исломӣ саҳми бориз дошт. Вале ба таъбире дар фанду фиреби хусурбурдааш-Аминҷон ғелид ва дигар бадар нарафт. Аз тамомии қумандонҳои номдор ягона танест, ки баъди 15 соли ҳукм ба озодӣ баромад ва имрӯз дар Душанбе ба сар мебарад. Чанде пеш соҳиби фарзанд шуд, ки муборакаш бод!

 

Суҳроб Қосим:

«Ман кадри СССР»-ам ва такрор ҳам мекунам «Ҳар нафаре СССР-ро дӯст намедорад, инсони комил нест!». Аз ҷангозмотарин ва интеллектарин қумандонҳои Фронти халқӣ буд, ки аҳолии Данғара ва Варзобро атрофаш муттаҳид кард. Дар пахши исёни Маҳмуду Ибоди регарӣ дасти тамом дошт.

 

Ғаффор Мирзоев

Ҷанг ӯро аз зиндону чамбари Камаз то мақоми генералӣ овард, вале адами дарки масъулият дубора ба зиндонаш кашид ва ин бор то ба абад… Аз қумандонҳои номдортарини Фронти халқии Кӯлоб буд. Тахаллусаш Седой. Ва гумон аст, ки дигар озодиро бубинад…

 

Мустафо Тағоев (Қӯрбошӣ)

“Хаттотиҳое, ки ман кардам, дар Маккатуллоҳ ҳаст. Ин касби падариамон аст. 2 китоби шеър дорам. Рисолаи докторӣ ҳимоят кардаам!” Ин иддаои Мустафо-бераҳмтарин қумандони саҳроии С.Қосимов баъди озодист. Шеърашро нахондаем, вале бераҳмияшро халқи дараи Варзоб асрҳо фаромӯш нахоҳад кард...

 

Сайидшо Шамолов

Қумандони номӣ, лидери зодагони Ховалинги Кӯлоб, аз маъруфтарин ва боақлтарин фармондеҳони вақт буд, ки усулан ба “беспредел” даст назад. Ин аст, ки ягон нафар то ҳанӯз аз ӯ наменолад. Ҳарчанд қумандони ҷангозмой ва ягона нафаре буд, ки ба кӯмаки Аҳмадшоҳи Масъуд шитофт ва дар торумори Толибону Гулбиддин Ҳикматёр ёрии бевосита расонид.

 

Исматча

Исматча аз номдортарин симои даврони ҷангист. Бар зидди 2 майдон хайма зад. Тарафдоронашро дар Шобикаи Восеъ силаҳшӯрони Талаб-кузнетс куштанд, аммо амр кард, ки тир назада, аз Кӯлоб бароед! Суханаш қурб ва амраш вазн дошт. Ва агар гӯем, ки аз ӯ ҳар 2 ҷониби даргир метарсид, хато намекунем. Дар пули наздики Путовский ноҷавонмардона кушта шуд…

 

Лангарӣ Лангариев

Нахустин шуда, макри муллоҳои ваҳҳобияро дарк кард ва силоҳ гирифт. Ҷангозмой буд. Ба касе ситам накардааст. Дар Норак, дар шабехуне кушта шуд. Бародаронаш Файзалӣ ва Бахтиёр баъди ӯ ба майдон баромаданд ва то лаҳзаи охирин барои барқарории ҳукумати конститутсионӣ ҷангиданд. Бародари хурдияш бо ҷурми шӯриши мусаллаҳона ҳукми абад гирифт.

 

Раҳмони Гитлер

Аз камхирадтарин ва қаттолтарин қумандонҳои оппозитсия буд, ки дар мактаб бо баҳои 2 мехонд ва лақаби Гитлерро аз ҳамин ҷо гирифт. Силоҳ ӯро “фигура” кард. Бо сулҳ наомехт ва ликвид шуд.

 

Ризвон Содиров

Аз бераҳмтарин қумандонҳои ҳизби наҳзат буд, ки ҳатто худи муллоҳоро мекушт. Барои ӯ хун рехтан муҳим буд, хуни кӣ фарқ надошт. Ахиран барои гаравгонгирӣ ва хунхорияш дар маркази пойтахт кушта шуд

 

Анҷоми Ҷанг

Метавон ин рӯйхатро то беинтиҳо давом дод. Вале ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ину дигару садҳову ҳазорон нафар қумандону қумандончаҳоро Ҳукумати марказӣ, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон инзивоъ намуд, то мову шумо-сокинони оддии ин кишвари кӯҳанбунёд нафаси осуда кашем. Бешак, Ӯ Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллии мо барои абадият аст. Ҳузураш муборакамон бод! 

Мо Метавонем!

 

Аксҳо аз архиви СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter