ХАБАРИ ДОҒ

Испания чист? Мезанеммм!!! Мо Метавонем!

  • Ҷумъа, Июл 12 2019

 

 Ин нидои нахустини Зайниддин Раҳимов-тренери мунтахаби U17 буд, ки хабарнигори СССР ба ӯ хабари ба кадом гурӯҳ афтодану бо киҳо во хӯрдани мунтахаби Тоҷикистонро дар Чемпионати Ҷаҳон расонид.

Чаро қуръапартоӣ бе сармурабии мо гузашт?

Хотиррас мешавем, ки қуръапартоии мунтахабҳои U17 дар Сюрихи Шветсария гузашт, ки дар он мураббиён ва намояндагони федератсияхои футболи 24 кишвари олам иштирок доштанд. Воқеан ҳам ҷои зикр аст, ки мураббии мунтахаби Тоҷикистон дар ин маросим ширкат надошт, ки ҷои ҳайрат ва таассуф аст… Шояд ба ин суол дар ФФТ посухе доранд, ки писанди федератсияҳои дигари олам гардаду минбаъд чиновникҳои худро ба «жеребёвка» фирситонанду мутахассисонро на???

Дар ин қуръапартоӣ ё худ жеребёвка Мунатахаби U17-и мо ба гурӯҳи «Е» афтида, бо наврасони Испания, Аргентина, Камерун сабқат хоҳад кард. Таври маълум, фаворити гурӯҳ мунтахаби Аргентина аст. Дастае, ки чанде қабл дар Ҷоми Гранаткини Санкт-Петербург дар финал бар дастаи Русия пирӯз шуд. Дар ин Ҷом мунтахаби мо низ таҳти сарварии З. Раҳимов мебозид, ки мутаассуф натавонист пирӯз шавад.

-Мо агар бар Қирғизистон ғолиб мешудем, ҳатман бо дастаи Аргентина во мехӯрдем-мегӯяд З. Раҳимов-бисёр кори олиҷаноб мешуд. Зеро мо бо фаворити гурӯҳи худ, ки ҳамзамон муддаии аслии Ҷоми Ҷаҳон-2019 низ ҳаст, сабқат кардаву онро меомӯхтем.

Омодагӣ ба Чемпионати Ҷаҳон-2019

Ба суоли СССР, ки дастаи мураббиён бозии кадом ҳарифро омӯхтааст, Зайниддин чунин посух дод:

-Албатта, Аргентинаро. Зеро дар 1 Ҷом бозӣ доштем. Испания низ барои мо «гурбаи сиёҳи хонаи торик» нест. Усули бозияш аврупоист. Бештар бар Испанияи бузургсолон такя мекунанд. Мо собиқаи бозӣ бо дастаҳои аврупоӣ дорем. Бо Юнон, Белорусия, русҳо бозӣ кардаем.

«Гурбаи сиёҳ» бо маънои мусбӣ ва маҷозияш барои мо-Камерун аст. Зеро мо ягон бор бо дастаҳои қораи Африқо бозӣ накардаем ва усули онҳоро намешиносем.

СССР: Пас чӣ бояд кард?

З.Р.:-Фикр мекунам, ҳатман то оғози Чемпионат мо бояд бо 1-2 дастаи африқоӣ бозӣ кунем. Зеро бо тактикаи онҳо ошно хоҳем гашт. Ният дорем, бо мунтахаби Сенегал ва Нигерия дидори дӯстона кунем. Бе ин намешавад. Зеро кӯр-қурона ба чемпионат рафтан мумкин нест.

СССР: Шунидан кай бувад монанди дидан гуфтаанд. Шумо дастаи Аргентинаро дар корзор надидаед ва умуман бо дастаҳои Амрикоӣ бозӣ накардаед. Фикр намекунед, ки бо дастаҳои ин қора низ бояд сабқат кард, қабл аз чемпионат?

З.Р.:-Хеле дуруст қайд кардед. Мо аллакай тасмим гирифтем, ки ҳадди ақалл бо Бразилия ва Чилӣ (U17) бозӣ кунем. Ин бозиҳои рафиқона дар куҷо баргузор мегарданд, фарқ надорад. Ё мо онҳоро даъват мекунем ва ё онҳо моро ва ё дар майдонҳои Аврупо мебозем…кори вақт ва шароит асту бас.

СССР: Зайниддин! Умуман дастаи мунтахаби мо дар кадом вазъ қарор доррад. Захмиҳо ҳастанд?

З.Р.:-Албатта ҳастанд. Футбол бе травма намешавад. Аз ҳама талафоти бузурги мо Эмомалӣ Аҳмадхон аст. №7 ва хубтарин бозигари мо, ки чанд моҳ шуд бозида наметавонад. Ислом, №10 ва капитанамон низ ҷароҳат дорад. Аммо бовар дорем, ки онҳо то Чемпионат ба по мешаванду шарафи футболи миллиро ҳифз мекунанд,  дар Бразилия.

СССР: Ба пиндори мо Тоҷикистон дар гурӯҳи «МАРГ» аст. Чунин намепиндоред?

З.Р.:-Оре, ин «гурӯҳи марг» аст, вале «марг» бар ҳарифон! Ман бовар дорам, ки шербачаҳои ман аз гурӯҳ ҳатман мебароянд. Камерунро мезанем, Испания? Кист Испания? Ҳатман мезанем ва мебароем. Мо Метавонем!

СССР: Мо низ бар шумо бовар дорем! Мо Метавонем!!!

 

Мундиал-2019: Қуръакашӣ…

Бар асоси қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуданд. Ба даври баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони зери 17-сола, ё худ плей-офф,  аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи беҳтарин, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм роҳхат мегиранд. 

Натоиҷи қуръакашии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон-2019 (U-17):

Гурӯҳи «А»: Бразилия, Канада, Зеландияи Нав, Ангола.

Гурӯҳи «В»: Нигерия, Маҷористон, Эквадор, Австралия.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Гаитӣ, Фаронса, Чилӣ.

Гурӯҳи «D»: ИМА, Сенегал, Ҷопон, Ҳолланд.

Гурӯҳи «Е»: Испания, Аргентина, Тоҷикистон, Камерун.

Гурӯҳи «F»: Ҷазираҳои Соломон, Италия, Парагвай, Мексика.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «Е»:

Даври 1-ум

28 октябр:

Тоҷикистон – Камерун

Испания – Аргентина

Даври 2-юм

31 октябр:

Испания – Тоҷикистон

Камерун – Аргентина

Даври 3-юм

3 ноябр:

Аргентина – Тоҷикистон

Камерун – Испания

 

Ҷоми Ҷаҳон-2007

Хотиррас мешавем, ки расо 12 сол пеш, мунтахаби 17-солаҳои мо ба финали Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфтаву бо пирӯзӣ бар Амрико ба плей-офф баромад ва танҳо дар зарбаҳои 11-метрали пеналтӣ аз Перу шикаст хӯрд. Он вақт, истораҳои ҷилодори имрӯзаи мо-Нуриддин Давронов, Фарҳод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷалилов ва ғ. дар он ҳайъат мебозиданд. Воқеан ҳам он шербачаҳо бо ситораи тобноктарини имрӯзаи олами футбол-Азари белгиявӣ дар 1 гурӯҳ сабқат карда буданд (ниг. ба акс). Тақдирро бинед, ки Азар акнун дар куҷосту бачаҳои мо куҷоянд… 

Селексияи бад, набуди агентҳои фурӯшандаи олирутба, ба он сабаб шуданд, ки футболистони Тоҷик ба бозори ҷаҳонӣ роҳ набаранд.

Акнун умед бар он дорем, ки дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 бачаҳои Зайниддин худро хуб намоиш додаву ба клубҳои маъруфи Аврупо ё Амрико мераванд ва дар оянда шарафи футболи Тоҷикро ҳифз мекунанд.

Мо Метавонем!

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter