ХАБАРИ ДОҒ

Дастаи Кенҷаев ғоратгар набуд

  • Чоршанбе, Июл 17 2019

 

Аз микрофон садои нафаре баланд баромад. Маълум шуд, ки ин кас Рустами Абдураҳим будааст. Ба фикрам, саҳван суханро ба Сафаралӣ Кенҷаев дода, ӯро Президент муаррифӣ намуд... 

Калашников дар назди микрофон

Дар газетаи мардумии СССР (13.06.2019) мақолаеро дар бораи Сафаралӣ Кенҷаев хонда, ба фикр фурӯ рафтам. Гӯё Кенҷаев бо 300 нафар ҷинояткор аз ноҳияҳои Турсунзодаю Шаҳринав ба ш.Душанбе ҳуҷум карда, сандуқҳои оҳанини бинои Шӯрои Олиро ғорат карда бошад. Муаллиф иддао кардааст, ки «ман онҳоро на «Фронти халқӣ», балки дастаи ҷиноӣ унвон мекунам». 

Ман ҳамчун 1 нафар шаҳрванди оддӣ-омӯзгор, бо ин назар розӣ шуда наметавонам. Дар қатори ба Душанбе воридшудагон ҷавонмардони н.Ҳисор низ буданд. Ба ин даста аз Ҳисор Абдуманнон Зокиров-чемпиони Осиёи Миёна (Маннон-полвон, гӯштингир) ва Ҳабибулло Насруллоев (фурӯшанда-коргари райпо ё селпо) роҳбар буданд. Онҳо на ғоратгару ғосиб, балки озодкунандаи пойтахт аз мухолифини хуношоманд. Зеро он шабу рӯз мухолифин ғайриқонунӣ ва бо роҳи табаддулот ҳокимияти Конститутсиониро соҳиб шуда буданд. Дастаи Кенҷаев дар асоси нақшаи тарҳрезикардаи Фронти Халқӣ амал карда, барои поккории Душанбе омада буд...

Рустами Абдураҳим дар «Прямой эфир»

Ман, ки он замон сарвари мактаб будам, ҳар рӯз соати 6:30 дақиқа ба кор, ба мактаб мерафтам. Рӯзи 24.10.1992 радиоузели мактабро ба кор даровардам. Радио кор мекард, аммо аз садои барандагон нишоне набуд. Пас аз чанд дақиқа овози тарақо туруқ баланд шуд. Аз микрофон садои нафаре баланд баромад. Маълум шуд, ки ин кас Рустами Абдураҳим будааст. Ба фикрам, саҳван суханро ба Сафаралӣ Кенҷаев дода, ӯро Президент муаррифӣ намуд. 

Пас Кенҷаев дар бораи ба Душанбе бо кадом мақсад ворид шуданашро тариқи радиои ҷумҳуриявӣ изҳор ва ҳама сокинони Тоҷикистонро ба оромӣ даъват кард. Тибқи нақшаи ФХ рӯзи 24 октябр аз тарафи ғарби Душанбе (Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор) бояд 1100 нафар, аз тарафи н.Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) 2000 нафар, аз ҷануби Тоҷикистон (ағбаи Фахробод) 500 нафар ба пойтахт ворид мешуданд. Аз вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) бошад 500 нафар барои ба шаҳр даромадан тайёрӣ медиданд.

Сари Р.Абдураҳимро буррида, чарх занонданд…

Нақшаи вуруди ФХ ба Душанбе чандин бор тағйир дода шуд. Дар охир тасдиқ гардид, ки субҳи 24 октябр ҳама дастаҳои ФХ ба Душанбе ворид мегарданд. Пас дастаҳои ФХ аз тарафи Ҳисор ба ш.Душанбе дохил гардида, бинои Хонаи радиои ҷумҳуриро аз мухолифин озод карданд. Дар бораи Р.Абдураҳим гуфтаниам, ки ӯ нагурехтааст. Ӯро шахсе бо роҳи фиреб аз бинои Шӯрои Олӣ ба куҷое бурда, пас сарашро аз тан ҷудо ва сари бетанро ба нӯги ходае баста, ба кӯчаҳои Душанбе давр мезанонданд. Ба пойтахт ворид нашудани дастаҳои Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов… ба фикри ман бо айби Ҷиёнхон Ризоев сурат гирифтааст. Ин айбро Бобои Сангак баъдтар фаҳмиду Ризоевро парронд.

Капитан Каттании мо

Мо сокинони Ҳисори Шодмон чӣ гуна шахс будани Сафаралӣ Кенҷаевро монанди 5 панҷа медонем. Мардуми Хатлонзамин ӯро «Капитан Каттани» (капитан Каттанӣ аз аз рӯи кинофилми италиявӣ)-и тоҷик мегуфтанд. 

Даҳҳо шиору плакатҳо оид ба Кенҷаев дар майдони Озодӣ ҳангоми гирдиҳамоӣ овезон ва дар дасти мардум буданд. Агар аъзои ФХ роҳи оҳанро аз Турсунзода, Шаҳринав, Чептура ва аз деҳаи Дурбати Ҳисор вайрон намекарданд, Сессияи Шӯрои Олиро дар ш.Хуҷанд Акбаршоҳ Искандаров даъват намекард. 

То рӯзи Иҷлосия мухолифин бо зиёда аз 400 нафар силоҳбадаст ба Ҳисор, ба дидбонгоҳи Шоҳамбарӣ ҳуҷум карданд. Мақсади мухолифин Ҳисорро зеру забар намуда, зидди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ш.Хуҷанд шӯридан буд. Роҳбари мухолифин дар Душанбе Мулло Абдуғаффор Худойдодов буд, лек онҳо талафоти ҷонӣ дода, ба самти деҳаи Чоряккорон ақиб нишастанд. 

Ба ин фикри Давлатхоҷа Назиров ман розиам, ки гуфтааст: «Инҳо бештар шабеҳи ҳайвон дар пӯсти одамӣ буданд». Ман гуфтаниам: Рустами Абдураҳим ва Сафаралӣ Кенҷаев дар озод кардани Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Хайрулло Олимов,

омӯзгори МТМУ №58, ш.Ҳисор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter