ХАБАРИ ДОҒ

Трусы, которые стали героями России!!!

  • Чоршанбе, Июл 17 2019

 

 

Аз СССР: Аз ин набарди хунин, ки шашяки ҷаҳонро такон дод, 26 сол (13.07.1993) сипарӣ мешавад. Тӯли ин солҳо танҳо газетаи мардумии СССР дар ин бора пайваста мегӯяд. Матбуот, ТВ, расонаҳои иттилоотӣ дар баробари пуровозатарин шабехун ба 1 заставаи марзбонии Русия, воқеъ дар мавзеи Дашти Ҷуми водии Кӯлоб, ки Борис Елтсинро маҷбур карда буд, ки сари мизи гуфтугӯҳо бишинад, хамӯшанд. Воқеиятро аз қалами Абдушафеъ Тоҷов-коршиноси ҳарбӣ мехонем…

«Проходной двор»-и Кремл

«До событый 13 мая застава жила непривычным распорядком: наряды не выходили на охрану границы, воины несли службу в опорном пункте» (Аз китоби «Пянджский рубеж». стр.252). 

Яъне худи онҳо иқрор мешаванд, ки аз ҳифзи сарҳад набаромада, ба худмуҳофизатӣ гузашта буданд. Худ ва «застава»-ро низ ҳифз карда наметавонистанд! Аз баъзе матолиби китобу маҷаллаҳои Россия инро пай мебарем, ки воқеан бо айби худи онҳо «застава» аз даст рафтааст: 

-«Кстати, его доверенное лицо, некто Х… незадолго до описываемых событий встречался на заставе с Майбородой, которому предложил договориться о совместной охране границы» («Пянджский рубеж», стр.253). 

Яъне Х-шахси боваринок ва қочоқчии афғоне, то сар задани ҳодиса бо Михаил Майборода дар «застава» вохӯрда, бо ӯ пешниҳод дар бораи ҳифзи якҷояи марзро карда будааст. Ҳол он ки сардори дидбонгоҳ (застава) ҳаргиз ҳаққи вохӯрӣ бо шахси бегона-хориҷиро надорад. Аз ҳама муҳим, ба застава овардани ӯ худ аллакай ҷиноят аст. Ба Майборода кӣ иҷозати ба застава овардани афғонро додааст? Барои ин кор дар ҳама «отряд»-ҳои марзӣ танҳо бахши «разведка» ҳақ дораду халос. Дар давоми хизмат муяссар гашт, аён кунам, ки дар ин застава на фақат бо Х, балки бо ҳама гуна ашхос (аз А то Я) вохӯрда, дилхоҳ амалро анҷом медоданд. Яъне ин застава нею «проходной двор» буд! 

 Дуюм ин, ки сардори застава ҳаққи «договориться» кардан бо афғонро дар бахши сарҳад ва ҳифзи он надорад!!! Ҳамла ба заставаро хориҷиён ташкил карда буданд, на мулло Абдураҳим. Худи русҳо низ иқроранд, ки «В операции приняли участие 14 групп общей численностью до 250 человек. Её непосредственным руководителем был лидер исламской партии Афганистана Кори Хамидулло. Общее руководство, осуществлял сам командир 55-й пехотной дивизии МО ИРА Кози Кабир». Яъне ин ҷо танҳо 1 гурӯҳи тоҷикони ба Афғонистон гузашта буданду дигарон низомиёни афғону араб…

Қатли 25 сарбоз аз хунукназарии русӣ

Дар ҳамла ҳатто арабҳо ҳузур доштанду сари чанд тан аз марзбонро ваҳшиёна аз тан ҷудо карданд. Русҳо аз тарс зуд фирор карданду ҷанги асосиро тоҷикон карданд, ки расонаҳои русӣ дар ин хусус бешарафона хомӯшӣ ихтиёр мекунанд. Дар набард бо ҳамлагарон танҳо Тоҷикон қаҳрамонӣ нишон дода, беш аз 10 танашон ҷони худро бохтанд. Иштирокчиёни ин ҷанги шадид ҳоло дар қайди ҳаётанд. Вале русҳо вақте барои поси хотир ҳар сол-13 июл, ба ин минтақа меоянд, танҳо нафарони худро, ки асосан «прапорщикҳо»-янд, ҳадафмандона даъват мекунанду халос! Ва онҳое, ки барои гузаронидани чорабинӣ сафарбар мешаванд, тоҷикони руспараст ва «пионерон»-и қочоқи наркотиканду афғонпараст, ки ҳоло ҳам ба ҳаёти осоиштаи мардум халал мерасонанд. 

Ба марз русҳоро роҳ набояд дод!!!

Русҳо то кунун иғво меангезанд, ки гӯё тоҷикон аз уҳдаи ҳифзи сарҳад баромада наметавонанд. Хулоса баровардан осон аст, ки дар марзи давлатии Тоҷикистон будани русҳо ба манфиат нест, зеро қариб 20 сол боз марзи давлати худро софдилона ва содиқона худамон ҳифз мекунем, садҳо бор монеъи гардиши наркотик ҳам шудаем. Пас чаро Качаева Елена, Федотов, Летов (муаллифони «Пянджский рубеж») дар боби тӯли қариб 20 сол дар марз будани Тоҷикон чизе намегӯянд? Ҳол он ки тоҷикон манфиатҳои онҳо ва дигаронро ҳифз кардан доранд. Мухтасар ва тахмин баҳо мегузорам: 

-Ҳама хароҷоти пулию молии мо тӯли ин қадар сол хароҷоти 1-солаи марзбонони Россияро ташкил намедиҳад. Сабаби хизмати софдилона ва содиқонаи тоҷиконро баҳри ҳифзи халқу Ватан дар он мебинам, ки онҳо давлати худро ҳифз мекарданд, на хориҷаро!!! Камбудӣ ва норасоӣ буд, ки сохторҳои қудратии кишвар пурра вуҷуд надоштанд. Акнун, ки давлат иқтидор дорад, аминам, Ҳукумати ҷумҳурӣ баъд аз пурра омӯхтани ин масъала ба хизмати тоҷикон баҳои сазовор медиҳад.

Бояд гуфт, маҳз бо айби отряди марзии н.Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) «застава»-и 12 пурра зада валангор шуда, амволаш ба яғмо рафта, 25 тан марзбон ваҳшиёна ба қатл расид. Дар ин отряд шумораи зиёди вертолётҳои ҷангӣ буданд. Аз ҳамин отряд то «застава»-и 12 ҳамагӣ 30-40 дақиқа барои парвоз кифоя буд. Агар соати 5:00 саҳар огоҳӣ ёфта бошанд, яъне то соати 5:30 ва 6:00 саҳар мебоист дар ҷои ҳодиса мешуданд, вале онҳо танҳо нисфирӯзӣ дар ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ки дар ин муддат самолёти мусофирбар аз ш.Москва парида омада, боз баргашта мерафт.

Мурдему раҳматнома нагирифтем!

Отряди марзии Россия чандон таваҷҷуҳ ба ҳифзи сарҳади давлати навбунёди соҳибистиқлолро надошт. Худи Федотов иқрор кардааст, ки дар отряд ба зӯр аз ҳисоби резерв 37 нафар ёфтанд. Яъне ин миқдор на барои ҷанг, балки барои гирифтани ҷасадҳои кушташудагон сафарбар шуда буданду халос… Тоҷикбадбинӣ нисбати тоҷикон ҳамарӯза меафзояд. Аз ин рӯ, русҳо дар бисёре аз мақолаву асарҳояшон вазъияти ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон бо хости худ шарҳ дода, нафрати худро нисбат ба тоҷикон озод изҳор медоранд. Ин буд, ки ҳодисаи таърихиеро, ки аслан дар он ширкат надоштанд, ба манфиати худ тоб доданд. Баракс, Тоҷикон қаҳрамонона ҷангида, на танҳо Ватани азизи худро аз душман, балки русҳо-марзбонони Россияро, ки аз ҳарос дар мавқеъҳои хизматии худ пинҳон буданд, ҳифз намуданд. 

 Русҳои тансончаку дурӯғгӯи заставаи 12 бошад, ки мо-Тоҷикон онҳоро наҷот додем, бо амри Б.Елсин-президенти вақти Русия унвони қаҳрамонро гирифтанд!!! Аламовараш ин аст, ки хизмати Тоҷиконро дар ҳифзи ҷони русҳо дар ягон поварақу сарчашмае ҳам ёд намекунанд! Чӣ ҷои гила аз Русия, ки дар Тоҷикистон, дар давоми 26 сол мо-ҷанговарони погранзаставаро ягон вақт қадр накардаанд ва ҳатто раҳматнома ҳам нагирифтаем! 

Замоне расида, ки намояндагони Россия бояд ба сохтакорӣ ва намоишкории бардурӯғ роҳ надиҳанд. Ҳар гоҳ, ки баҳри гузаронидани чорабинӣ ба «застава»-и 12 омодагӣ диданд, бояд пеш аз ҳама аз ҳисоби ҷанговарони тоҷик-иштирокчиёни бевоситаи ин набарди шадид, намоянда ҷӯянду ҳодисаро шарҳ диҳанд. Дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ низ сари ин масъала ҷиддӣ андешанд, зеро то ҳол онҳо низ ҳар чизе русҳо «диктоват» мекунанд, дар пайи иҷроишанд…

Ба қадри Шарафи ҷанговарони Тоҷики Сари Ғор бояд расид! Мо Метавонем!!!

Абдушафеъ Тоҷов,

майори дар нафақа, н.Ш.Шоҳин (Шӯрообод)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter