ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Кӣ 14 нафар маҳбусро кушт?

Истеъмоли нон-хлеби заҳролуд боиси марги 14 нафар маҳбусе гардид, ки аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва Ёвон оварда мешуданд. Тавре дар изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, ки субҳи 8.07.2019 паҳн гашт, омадааст, шоми рӯзи 7.07.2019 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати мазкур 128 нафар маҳкумшуда-120 нафар мард ва 8 зан аз МИ3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вил.Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда интиқол дода шуданд. Қатораи автомашинаҳои мазкур бо роҳбаладии дастаи посбонон соати 12:45-дақиқа аз ш.Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20-дақиқа ба ш.Душанбе расиданд. Тибқи меъёрҳои муқарраргардида, дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд. 

«Хлеб»-и заҳролуд?

Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон-хлеб, ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, ба 16 маҳбус тақсим мекунад. Баъди хӯрдани он тақрибан бо гузашти ним соат аз 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти №024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуҷуд меояд. Дар соати 18:20 дақиқа вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, вазъи онҳо бад шуда, соати 18:25 дақиқа, бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кӯмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ мегарданд. 

Наҷоти 2 нафару марги 14 тан

Дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли имконот, ба табибон муяссар шуд, ки 2 нафарро наҷот диҳанд. Мутаассифона, 14 нафар аз маҳбусон фавтиданд. Боқимонда 115 нафар маҳбус бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳии марбута ҷобаҷо шуданд. Оид ба ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд. Экспертизаи тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишот оид ба парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Прокурори Генералии ҶТ қарор дода шудааст.

Мавзуъро пайгир мемонем. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

Рӯйхати заҳролудшудагон:

1. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини н.Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.

2. Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т. 13.12.1976, сокини ш.Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.

3. Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи н.Варзоб.

4. Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи н.Ёвон.

5. Буриев Далерҷон Бозорович, с.т. 16.09.1998, зодаи ш.Истаравшан.

6. Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи ш.Ваҳдат.

7. Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи ш.Душанбе.

8. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи н.Варзоб.

9. Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи н.А. Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.

10. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи н.Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.

11. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи н.Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён.

12. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т. 10.02.1997, зодаи н.Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.

13.Ҳайдаров Некрӯз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи н.Данғара, деҳаи Корез.

Дар бораи маҳбусон ба ҷуз ин рӯйхат дигар иттилое нест. Аз ин миён метавон ба номи Меҳроб Юсупови 27-сола таваҷҷӯҳ кард, ки соли 2016 бо гумони талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ боздошт шуда буд. Меҳроб рӯзи 7.07 таваллуд шуда, дар рӯзи таваллудаш фавтид…Номи Раҷабмурод Маннонов бошад дар рӯйхати аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати ислом зикр шудааст.

Ошӯбҳои пайдарпай чӣ омил доранд?

20 рӯз қабл аз ин ҳодиса, яъне дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 1 ошӯб дар маҳбаси №1-и пойтахт пешгирӣ карда шуда. Нисбати ошӯбчиён парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Вале бо гузашти 20 рӯз касе аз масъулин дар ин бора намехоҳад сӯҳбат кунад. 1 моҳ қабл аз ин бошад шаби 19 ба 20.05.2019 дар зиндони «Кирпичка»-и ш.Ваҳдат ошӯб ба амал омада, боиси кушта шудани 29 нафар маҳбус ва 3 зиндонбон гашт. Бино ба изҳороти хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ВА ҶТ дар ин ошӯб писар ва бародари полковник Гулмурод Ҳалимов-Беҳрӯзи Гулмурод ва Фахриддин Гулов, Шарипов Маҳмадулло, Ҳасанов Рӯҳулло ва дигар аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” кушта шуда, шахсиятҳои дигари шинохта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро бо мақсади тарсонидани маҳбусони дигар маҳз он ҷинояткорон бо корд ба қатл расонидаанд.

8.11.2018 ҳамчунин ошӯб дар зиндони №3/3-и ш.Хуҷанд сар зада, 22 кушта ба бор овард. Ошӯб дар зиндони ш.Хуҷанд, ки мақсадаш фирори 1 гурӯҳ маҳбусон буд, боиси аз вазифа сабукдӯш шудани Иззатулло Шарифзода, сардори қаблии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ВА ҶТ гашт. Пештар ҳам хабарҳо дар мавриди фирор аз ин маҳбас борҳо ба гӯш мерасид ва аксар вақт фирориён зимни боздошт несту нобуд мешуданд. Ба забони дигар, дар тӯли 8 моҳи ахир бо сабабҳои гуногун 65 нафар дар зиндонҳои кишвар ҳалок шудааст, ки боиси нигаронист…

Ислоҳоту ҳукми қатл лозим аст!

Ошӯбҳои пайдарпай, ки аксар вақт дастандаркоронаш маҳбусонеанд, ки бо ҷурми узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба маҳбас кашида шудаанд, аз он дарак медиҳанд, ки ин системаи кишвар ниёз ба ислоҳоти куллӣ дошта, маҳбусон ва маҳбасҳо аз рӯи категорияҳои ҷазо бояд ҳарчӣ зудтар аз ҳам ҷудо карда шаванд. Инчунин, коршиносон бар онанд, ки ҳукми қатл дар кишвар бояд дубора роҳандозӣ шуда, дар бархе аз мавридҳо (фарзи мисол, қатли велосипедронҳо ва ё каллабурии Шайх Темуру Эшони Қиёмиддин)…аз он бояд ҳатман истифода бурд.

Мо пайгири ин мавзуъ мемонем. Мо Метавонем!!!

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter